( / / )

Шодбошӣ аз кайҳон ба муносибати соли 2021-навор

198
Кайҳоннавардони Роскосмос, аъзои экспедитсия дар Пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ – “МКС-64” бошандагони Заминро бо соли нави 2021 шодбош гуфтанд

Паёми солинавӣ ба муносибати соли 2021-ро сардори экспедитсия  Сергей Рижиков ва муҳандиси пойггоҳи кайҳонӣ Сергей Куд-Сверчков сабт кардаанд.

Дар паёмаш Куд-Сверчков қайд кард, ки соли сипаришудаи 2020 барои Пойгоҳи байналмилалии кайҳонӣ ҷашнӣ буд.

Сергей Рижиков зимни пешниҳоди табрикоташ ба сокинони Русия суботро таманно карда, афзуд, ки худу наздиконро эҳтиёт кунанд.

“Саломат бошед, ба ҳамдигар бодиққату муттаҳид бошед. Ин аз ҳама муҳим аст, зеро якҷоя мо тамоми мушкилотро пасисар хоҳем кард”, - таъкид намуд фармондеҳи пойгоҳи ҷаҳонии кайҳонӣ.

Ба экспедитсияи “МКС-64” дар баробари кайҳоннавардони Русия инчунин  ситоранавард - астронавти NASA, Кэтлин Рубенс шомил мебошад. Кори ҳайати МКС-64 ҳудуди 177 рӯз давом карда, дар назар аст, 9 апрели соли 2021 анҷом меёбад.

198
Барчаспҳо:
кайҳон, Русия

Эмгузаронии оммавӣ алайҳи COVID-19 дар Русия оғоз мешавад-навор

57
Дар Русия аз ҳафтаи оянда, эмгузаронии оммавӣ алайҳи коронависрус оғоз мешавад. Президенти Русия, Владимир Путин дар ин бора ҳукумати кишварашро муваззаф кардааст

Раисиҷумҳури Русия зимни дастури эмгузаронии оммавии аҳолӣ таъкид карда буд, ки ваксинаи русӣ алайҳи коронавирус шароити хоси интиқолро талаб намекунад ва зарур хонд, ки инфрасохтори зарурӣ ҳарчӣ зудтар фароҳам шавад.

Ваксинаи “Sputnik V” аллакай дар бисёр кишварҳои ҳамсоя истифода мешавад. Аз ҷумла дар як пойгоҳи низомии Русия дар Арманистон, ҳайати шахсӣ бо ин ваксина эмгузаронӣ шуданд.

Таъкид мешавад, ки дар ваксинагузаронӣ ҳама чиз ихтиёрӣ, бо розигии хаттии ҳайати низомӣ ва ҳам дигар гуруҳи шаҳрвандон сурат мегирад.

Дар Беларус "Sputnik V"-ро аввалин шуда, табибон гирифтанд.  Баъдтар, дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 5,5 миллион нафар эм карда мешаванд.

Дар Қазоқистон ваксинагузаронӣ ҳанӯз оғоз нашудааст, аммо дар Караганда истеҳсоли доруи Русия аллакай дар авҷ аст. 

Дар Украина низ ба "Sputnik V" таваҷҷуҳ доранд. Онҳо аллакай ба ҷамъоварии имзоҳо барои сабти ном ва истеҳсоли ваксинаи Русия шурӯъ кардаанд.

Bloomberg самаранокии ваксинаи русии "Спутник V" -ро тасдиқ кард

Барои онҳое, ки имкони эмгузаронӣ ҳанӯз ба даст наомадааст, хабари хуш низ ҳаст: Озмоишҳои иловагии пӯсти тӯс барои пешгирии коронавирус ба анҷом расиданд. Даво аз ҷониби олимони ёқутистонӣ сохта шудааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки он хавфи бемориҳоро кам мекунад ва инчунин раванди барқарорсозиро осон месозад.

57
Барчаспҳо:
вируси корона, беморӣ, навор, Русия, Русия

Нахустин дар соли 2021: машқи чархболҳои Русия дар куҳистони Тоҷикистон

88
(Таҷдидшуда 20:23 15.01.2021)
Халабонҳои чархболҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон нахустин бор дар соли равон парвозҳои тамриниро дар куҳҳо анҷом доданд

Дар размоишҳо чархболҳои ҷангии Ми-24 ва Ми-8-и пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон иштирок карданд.

Ҳайати халабонҳо ҳаракатҳои парвозҳои ҷуфтиро тамрин намудаанд.

Ин нахустин машқи халабонҳо дар соли нави 2021 мебошад. Зимни размоишҳо халабонҳо беш аз 10 вазифаи ҷангиро иҷро намуданд.

Яке аз вазифаҳо ошкор кардани ҳадафҳои пинҳонкардашуда дар шароити куҳистон буд.

Соли 2020 халабонҳои пойгоҳи низомии 201-ум мунтазам парвозҳои тамриниро анҷом медоданд.

Аз ҷумла соли гузашта низомиёни Русия дар беш аз 10 парвозҳои тактикӣ машқ карданд. Беш аз 30 машқи ҷанги ҳавоӣ гузаронда, ҳамлаи ҳавоии ҳарифи шартиро гардонданд. Панҷяки тамринҳо дар вақти шабона гузаронда мешуданд.

88
Барчаспҳо:
пойгоҳ, Русия, тамрин, чархбол, Тоҷикистон