Тарзи нави омода кардани хӯриши "Оливйе" - навор

149
(Таҷдидшуда 18:03 12.01.2021)
Як қаннодӣ аз Одесса гуфт, ки чӣ гуна хӯриши ба ҳама ошно "Оливйе"-ро метавон ба торт табдил дод ва меҳононро ба ҳайрат овард

Ҳар гоҳ, ки меҳмон даъват мекунед, албатта мехоҳед ӯро бо як хӯроки ғайриоддӣ ба шигифт биёред.

Маҳз ҳамин тавр бо хӯриши "Оливйе" метавон меҳмондорӣ кард, аамо хӯриши ширин.

Лилия Назарова, қаннод аз Одесса нишон дод, ки чӣ тавр хӯришро ба торти болаззат табдил додан мумкин аст.

Дар тӯли зиёда аз 20 сол, Лилия ба ҳайси муҳосиб кор мекард, аммо тақрибан 6 сол пеш касби ҳақиқии худро пайдо кард. Аз он вақт инҷониб, вай бо пирожниҳо ва кулчапазҳои ғайримуқаррарӣ ба ҷашнҳои зиёде шодӣ меорад.

"Аз ин касбам хело розиям, то ба ҳадде, ки ашк мерезам!" - мегӯяд ин зан.

Аз кулчаҳои "Роҳат" то лӯлакабоби тоҷикӣ: сирри лазизтарин хӯрокҳои Душанбе фош шуд

Тасаввур кунед, ки вақте меҳмонон косаи Оливйеро мебинанд ва мефаҳмад, ки он хӯриш несту торт аст, чи гуна ба ҳайрат меояд, мегӯяд вай.

149
Барчаспҳо:
Одесса, маҳсулоти ғизоӣ, ғизо

Ҳамсояҳо аз кӯдаки 9-сола ба пулис шикоят бурданд - навор

78
Кӯдак, ки мусиқинавоз будааст, ба гуфтаи шикоятбарандагон - ҳамсояҳо ба оромии онҳо доим халал мерасонидааст

 Дар шаҳри Челябински Русия ҳамсояҳо аз болои кӯдаки 9-сола шикоят бурдаанд. 

Тавре сокинони бинои серошёна қайд кардаанд, писарак шабона ғижжак менавохтааст ва ба оромии онҳо халал расонидаву онҳоро ба хоб рафтан намемондааст.

Ситораи мусиқии Русия ба ҷонибдории писараки мусиқинавоз бархостанд.

Гузориши пурраро аз навори мо тамошо кунед.

78

Конор Макгрегор ва Дастин Поре: ҷанги чашм ба чашм - видео

332
(Таҷдидшуда 16:47 23.01.2021)
Конор Макгрегор ва Дастин Поре тамошобинонро бо ҷанги чашм ба чашми пеш аз муҳорибаи қарибулвуқуъ дар UFC дар ҳаяҷон гузоштанд

Сабқати Коннор Макгрегор ва Дастин Поре шаби 23 ба 24 январ дар Амороти Муттаҳидаи Араб, баргузор хоҳад шуд.

Мухлисон муҳорибаи ин ду варзишкорро бесаброна интизоранд.

Тибқи баҳогузории букмекерон ғолиби эҳтимолии сабқат Макгрегор дониста мешавад. Эҳтимоли ғолибияти Пореро таҳлилгарон ҳудуди 33 дарсад арзёбӣ кардаанд. Эҳтимолияти мусовӣ муодили 2 дарсад мебошад.

Ин нахустин қувваозмоии Макгрегор ва Поре дар майдон нест. Сентябри соли 2014 Макгрегор дар даври аввал Пореро ба нокаут фиристод.

Як рӯз пеш аз муҳориба варзишкорон мухлисонро бо ҷанги чашм ба чашм мухлисонро ба ҳаяҷон оварданд. Пас аз ин ҷанг варзишкорон дасти ҳамдигарро фишурданд, ба ҳозирин барои дастгирӣ ташаккур гуфтанду аз муҳорибаи қарибулвуқуъ  чанд сухан гуфтанд.

Бояд гуфт, ки дар размҳои омехта Макгрегор 26 сабқат гузаронд, ки аз он 22 ададашро бурид. Дар чор қувваозмоӣ бохт.

Дар маҷмуъ Поре 32 сабқат гузарондааст, ки 26 ададашро бо пирӯзӣ ва 6 ададро бо шикаст анҷом додааст. Поре на танҳо дар қувваозмоиҳои UFC, балки WEC низ иштирок мекунад.

332
Барчаспҳо:
қаҳрамони UFC, чашм, ҷанг, тамошобинон, муҳориба, Макгрегор
Молоток судьи, архивное фото

Додгоҳ нафаре, ки ҳамсари бародарашро ғорат кард, ҷазо дод

0
Додгоҳи шаҳри Панҷакен ҳукми сокини маҳаллӣ С. М-ро содир кард, ки дар ҷинояти дуздӣ муттҳама мешавад

ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии додгоҳи шаҳри Панҷакент, шаҳрванд С.М. бо иттиҳоми ғорати хонаи бародараш муҷозот шуд.

Ба иттилои манбаъ, судшуда санаи 26 июни соли гузашта, оиди ҷои нигоҳдошти маблағҳои пулии ҳамсари бародараш, ки аслан дар суроғаи шаҳри Гулистон кӯчаи Ҷавонӣ ҳамчун иҷоранишин истиқомат карда, муваққатан  дар шаҳри қарор дошт, маълумот пайдо мекунад.

Ӯ худи ҳамон рӯз тахминан соати 14.00 дақиқа бо мақсади дуздии маблағҳои зикршуда, аз сумкаи дастии ҳамсари бародараш пинҳонӣ калиди дари даромади хонаи иҷоравиашро гирифта, пинҳонӣ ба шаҳри Гулистон омада,  аз фурсати муносиб, яъне набудани аъзои оила вориди хонаи мазкур гардидааст.

“Сипас зулфини қулфи  сандуқи дохили хонаро шикаста, аз дохили он бо тариқи  ниҳонӣ 5000 доллари ИМА, мутаносибан бо асъори миллӣ маблағи 51537 сомону 50 дирамро тасарруф намуда, ба ҷабрдида зарари калони моддӣ расонида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст”,- афзудааст, манбаъ..

Гуфта мешавад, ӯ худи ҳамон рўз ба ҷои истиқоматии доимиаш баргашта, дар оянда маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро давра ба давра барои манфиатҳои худ сарф кардааст.

Манбаъ мегӯяд, ҷазо ба муттаҳам бо дастрасии моддаи 244 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовор содир кард.

Ғорати ташкилоти бонкӣ дар Панҷакент: пул наёфт ноутбукҳоро рабуд

Мавриди зикр аст, ки моддаи 244 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуздӣ дар ҳаҷми калон буда, он маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол аз озодиро пешбинӣ мекунад.

0