Киҳо дар давраи ҳамагирӣ тиҷоратро гарм карданд - видео

Обуна шудан
Ҳамагирии коронавирус ба иқтисод зарбаи сахт зад, вале баъзе тоҷирони моҳир тавонистанд, савдоро гарм кунанд

Соли 2020 аксари мардумро аз даромад маҳрум кард, вале барои бархе имконоти нав фароҳам овард. Масалан тоҷир аз Тоҷикистон дар давраи ҳамагирӣ тиҷорати худро бо фурӯши растаниҳои табобатӣ оғоз кард.

Промышленность Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Тавонмандии иқтисодии вилояти Хатлон дар як дақиқа - видео

Ҳазориспандро аз қадимулайём мардуми Осиёи Марказӣ чун даво истифода мекарданд. Ҳазориспандро дуд мекарданд ва бо дуди он манзилу биноҳоро безарар мегардониданд. Ин анъана то кунун дар Тоҷикистон боқӣ мондааст.

Хуршед Тураев ҳазориспандро ба банчаҳо ҷудо карда ва ба фурӯш баровард. Мизоҷон хеле зиёданд, ҳатто аз хориҷи кишвар низ фармоиш мешавад.

Дар Гурҷистон бошад варзишкори машҳур Лаша Лоинишивили бо мардум дар ҳавои тоза ба тамрини бадан машғул мешавад.

Дар Қирғизистон бошад, мардум аз хона набаромада тариқи онлайн дар залҳо машқ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0