Аввалин майдони яхмолакбозии кушод дар пойтахти Узбекистон рӯзи 7 январ ба фаъолият даромад. Арсаи ях дар назди Театри давлатии академии калони ба номи Алишер Навоӣ ҷойгир шуд.
Майдони яхини васеъ бо рустаи сунъӣ метавонад ҳатто дар ҳарорати ҳавои 15 дараҷа гармӣ меҳмононро қабул кунад. Ҳама метавонанд на танҳо ба яхмолакбозӣ машғул шаванд, балки аз манзараҳои зебои Тошканд баҳра баранд.
Қаҳрамони Олимпиадаи соли 2002 оид ба рақс дар рӯйи ях Алексей Ягудин ба хотири ифтитоҳи майдон аз Русия омад.
Вай барномаи машҳури худ "Зимистон" -ро ба мухлисони Тошканд нишон дод. Вай ҳамроҳ бо шогирдони ҷавони мактаби яхмолакбозии Ӯзбекистон рӯи ях баромад. Майдони нави яхмолакбозӣ чӣ гуна аст ва сокинони Тошканд дар бораи он чӣ назар доранд - дар гузориши Sputnik Ӯзбекистон нигаред.
Дар доираи як амалиёти вижа дар вилояти Калуга, як гурӯҳ террористон боздошт шуданд. ФСБ-и Русия навори боздошти онҳоро нашр кард.
Кормандони ФСБ фаъолияти як гурӯҳи террористони байналмилалии "Ҳизб-ут-Таҳрир ал-Исломӣ" (дар Русия мамнӯъ)-ро қатъ карданд.
Хабар дода мешавад, ки ҳадафи террористон сарнагун кардани ҳукумат ва "ҳукмронии хилофати ҷаҳонӣ" будааст. То ҳол аъзоёни ин гурӯҳ террористӣ шумори пайравон худро тавассути паҳн кардани варақаҳо ва ақидаҳои террористӣ миёни мусулмонони маҳаллӣ зиёд мекарданд.
Ҳангоми кофтукоб кормандони ФСБ аз аъзоёни гурӯҳи террористӣ адабиёти манъшуда, флешкаҳо, дастгоҳҳои алоқа ва симкортҳои зиёде мусодира карданд.
ФСБ-и Русия шаҳрванди кадом кишвар будани боздоштшудаҳоро ифшо накардааст.
Қаблан террористони ин гурӯҳи мамнӯъро дар Қазон, вилояти Самара, Қрим ва дигар минтақаҳои Русия боздошт карда буданд.
Президенти Русия Владимир Путин суханронии худро дар форуми Давос оғоз кард.
Чорабинии имсола, ки онро Форуми умумиҷаҳонии Иқтисодӣ "Рӯзномаи Давос 2021" ташкил кардааст, ба мавзӯи "Бозсозии бузург" бахшида шудааст.
Қаблан котиби матбуотии сарвари давлат Дмитрий Песков хабар дода буд, ки суханронии президенти Русия дар форуми Давос хеле ҷолиб хоҳад буд.
Эзоҳ, "ҳафтаи Давос" аз 25 то 29 январ ба таври фосилавӣ баргузор мешавад. Дар муҳокима сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, сиёсатмадорон ва олимон, пешвоёни тиҷорати ҷаҳонӣ аз даҳҳо иёлот ширкат мекунанд.
Путин дар бункери махсус зиндагӣ мекунад? шарҳи Песков
Ҳамзамон, ёдовар мешавем, ки Форуми ҷаҳонии иқтисодии швейтсарӣ, ки одатан дар зимистон дар Давос баргузор мешуд, бо сабаби пандемияи коронавирус ба 18-21 май гузаронида шуд.
Путин бори охир ба ин форум соли 2011 омада буд ва соли 2009 дар ин чорабинӣ ба ҳайси роҳбари ҳукумати Русия ширкат варзид.
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Авазхон Кабиров муассиси бозори "Султони Кабир" ба вазири корҳои дохилӣ, генерал - полковники милиса Раҳимзода Рамазон Ҳармо изҳори сипосу миннатдорӣ намудааст, хабар медиҳад нашрияи СССР.
Манбаъ аз қавли Кабиров менависад, ки баробари аланга гирифтани оташ, раёсати ВКД ва ҳатто худи вазир ба макони ҳодиса ташриф оварда, кори оташнишононро назорат ва сафарбар мекард.
Муассиси бозори мазкур саҳми оташнишонону кормандони раёсати ВУД - ро махсусан қайд карда, изҳор доштааст, ки "агар ҷонфидоии кормандон, ба вежа раҳбарияти ВУД намебуд, хатари пурра ба коми сӯхтор фурӯ рафтани бахши аъзами бозори "Султони Кабир" вуҷуд дошт".
Ёдовар мешавем, рӯзи 25 январ дар бозори "Султони Кабир" сӯхтор сар зад. Омили асосии сӯхтор ба расиши кӯтоҳи ноқилҳо рабт дода шуд.
Боздошти як гурӯҳ дуздони кисабур дар бозори “Султони Кабир”
Зарари расонидашуда аз сӯхтор тахминан 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бори дувум аст, ки давоми се соли ахир дар бозори "Султони Кабир" оташсӯзӣ сар мезанад. Дар оташсӯзии моҳи июни соли 2018 бистуяк мағозаву дӯкони ин бозор ба коми оташ рафта буд.
"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ мебошад, ки соли 2000 бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор фаъолият мекунанд мекунанд.