Соли “эътироз”: кишварҳои хориҷи наздик соли 2020-ро чӣ гуна сипарӣ карданд - видео

44
(Таҷдидшуда 13:54 11.01.2021)
Соли гузашта на танҳо бо паҳншавии пандемияи COVID-19, балки бо чандин таконҳои ҷиддии сиёсӣ низ дар хотир хоҳад монд

Барои мисол, интихоботи президентӣ ва парлумонӣ дар баъзе давлатҳои кишварҳои ИДМ бо  эътирозҳои густарда анҷом ёфт.

Дар моҳи октябр Қирғизистонро силсилатазоҳурот фаро гирифт. Тазоҳуроти сартосарӣ дар ин кишвар санаи 5 октябр, баъд аз эълони натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ сурат гирифт.

Моҳи август нафароне, ки бо натиҷаҳои интихоботи президентӣ дар Беларус розӣ набуданд, даст ба тазоҳурот заданд.

Мардуми Абхазистон, Арманистон ва Гурҷистон, ки кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ мебошанд, ҳамчунин аз ҳукуматҳои кунунӣ норозигӣ баён карданд.

Тавре вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров қаблан гуфта буд, баъзе аз ин тазоҳурот аз хориҷ гарм мешуданд, то дар наздикии марзҳои Русия нооромӣ эҷод намоянд.

Дар бораи соли сипаришуда дар навори мо тамошо кунед.

44
Барчаспҳо:
вируси корона, сиёсӣ, сол, эътироз

Таркиши вулқон дар Италия мардумро ба таҳлука андохтааст - видео

80
(Таҷдидшуда 19:17 20.01.2021)
Мардуми шаҳр хоб мекунанду, вулқони Этна бедор мешавад. Гарчанде сӯзиши вулқон дар навор ҳайбатовар намояд ҳам, коршиносон мегӯянд он ба мардум хатаре надорад

Шаби гузашта вулқони Этна воқеъ дар шарқи соҳили дарёи Ситсилия, аз хоб бедор шуд. 

Сӯзиши вулқон ва хокбод заминларзаеро ба вуҷуд овард. 

Сутуни азиме аз хокистар, ки баландии он чор километр аст, дар болои вулқон ба осмон бархост.

Мақомоти Италия бонги хатар заданд. Аммо, коршиносон, ҳатто бо вуҷуди видеоҳои даҳшатбор ва нооромии мардуми маҳаллӣ, мегӯянд, Этна ҳанӯз барои сокинони ҷазира хатаре надорад.

Этна баландтарин вулқони фаъол дар Урупо ба шумор меравад. Ба ҳисоби миёна, дар давоми се моҳ як маротиба вулқон ба таркиш медарояд. Тақрибан дар 150 сол як маротиба вулқон метавонад ягон деҳаеро хароб кунад.

80
Барчаспҳо:
қасди сӯзиш, Италия

Эҳтиром ба анъана: Путин се маротиба вориди шикофи ях шуд - навор

330
(Таҷдидшуда 17:44 20.01.2021)
Кишвардори Русия Владимир Путин солҳост, ки анъанаҳои мардумиро пос медорад ва имсол низ дар арафаи иди масеҳиён ғусли таъмид кард

Владимир Путин раисҷумҳури Русия имсол низ дар иди таъмид иштирок кард. Котиботи президенти Русия мегӯяд, Владимир Путин солҳост, ки ба анъанаҳои мардумӣ эҳтироми хос мегузорад ва дар ин иди барои масеҳиён муҳим иштирок мекунад.

"Владимир Путин субҳи имрӯз дар вилояти Маскав ғусли таъмид кард. Ин анъанаи мардумӣ яке аз идҳои асосии масеҳӣ - Таъмиди Худовандро қайд мекунад", - омадааст дар хабари котиботи раҳбари Русия. 

Инчунин аксҳои президент бо ҷомаи гӯсфандӣ ва мӯзаҳои намадин нишон дода шудаанд, ки ба шикофи ях ворид мешавад. меравад. Дар наворҳо омадааст, ки Владимир Путин се маротиба худро дар об ғута зада, сипас аз дохили он берун мешавад.

Крганов гуфт, ки оё мусалмонон метавонанд ғусли таъмид кунанд

Масеҳиёни православӣ дар саросари ҷаҳон 19 январ яке аз идҳои асосии масеҳӣ, Таъмиди Худовандро ҷашн мегиранд.

Одатан, шаби 19 январ оббозии эпифанӣ оғоз меёбад.

Дар Қазоқистон, бинобар пандемияи коронавирус, оббозӣ дар як қатор минтақаҳоро манъ намуданд.

330
Барчаспҳо:
ях, об, навор, Владимир Путин
Ёдгор Файзов, председатель ГБАО

Қонунро иҷро намекунанд: интиқоди Ёдгор Файзов аз бархе роҳбарону раисони ноҳияҳои ВМКБ

0
(Таҷдидшуда 17:11 21.01.2021)
Раиси ВМКБ аз шикояти зиёд шаҳрвандон дар бораи нақзи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва Дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандон аз ҷониби бархе роҳбарони идораву муассисаҳо ва раисони ноҳияҳои вилоят таъкид кард

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Ёдгор Файзов, раҳбари ВМКБ дар машварати ​васеи назди раиси вилоят  супориш дод, ки масъалаи мазкур​ таҳти назорати ҷиддӣ қарор​ гирифта, Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”-ро бо масъулияти баланд иҷро намоянд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ин ҷаласа Ёдгор Файзов бо изҳори нигаронӣ аз иштироки ғайрифаъоли​ табақаҳои гуногуни​ вилоят дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба хусус дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва​ “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” гуфт, ки​ дар баробари толибилмони муассисаҳои таълимӣ бояд​ донишҷӯёни донишгоҳ, коллеҷи тиббӣ ва аъзои бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ дар чунин озмунҳо иштирок намуда, маҳорати​ баланди донишандӯзӣ нишон диҳанд.​

​Гуфта шудааст, ки дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин масъалаи омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ​ дар ҳудуди ВМКБ​ зимни машварати васеъ​ мавриди таҳлил қарор дода шуда​, муовини комиссари ҳарбии вилоят Давлатбеки Абру​ дар ин бора маълумот пешниҳод намуд.

Қайд шудааст, ки давоми се соли охир​ даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар ҳудуди вилоят дар муддати 1 рӯз иҷро гардида, ҷавонписарони ватандӯсту худогоҳи кишвар барои хизмати Ватан - ​ ихтиёрона ба хизмат  сафарбар гардиданд.​

Раиси ВМКБ​ Ёдгор Файзов роҳбарони шаҳру​ ноҳия ва комиссарони ҳарбиро даъват кард, ки барои​ ​ ​бо сифати баланд иҷро намудани нақшаи даъвати​ баҳорӣ ба сафи Кувваҳои мусаллаҳи мамлакат аз имрӯз омодагӣ дида,​ анъанаи​ иҷрои нақшаи даъват дар рӯзи аввалро идома диҳанд.

0
Барчаспҳо:
шаҳрванд, ноҳия, раис, интиқод, ВМКБ, Тоҷикистон