Навори нодири паланги барфӣ дар Ӯзбекистон видео

220
(Таҷдидшуда 18:08 11.01.2021)
Палангҳои барфӣ - ҳайвонҳои зираканд: онҳо моҳирона аз чашми дурбинҳои аксбардору дастгоҳҳои наворбардор, ки дар мамнӯъгоҳо барои ба навор гирифтани онҳо гузошта мешаванд, канор мемонад

Ахиран навори нодир бо паланги барфӣ дар мамнӯъгоҳи давлатии Ҳисори Ӯзбекистон ба навор гирифта шудааст.

Ин ҳайвони нодир, ки дар Китоби сурх сабт ёфтааст, ахиран ба як дурбини пинҳонӣ ба навор афтодааст.

Паланги барфӣ, ки дар навор сабт шудааст, шеракона қадам мезанад.

Паланги нодири барфӣ 2 октябри соли 2020 ба навор гирифта шуд, аммо нозирони мамнӯъгоҳ ин сабтро танҳо ҳамин ҳафта нашр карданд.

Паланги барфӣ - дар ҷаҳон бисёр нодир аст ва ба ҳамин хотир ба Китоби Сурх сабт ёфтааст. Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ин палангҳо дар сатҳи давлатӣ ҳимоят мешаванд. Инчунин, ин кишварҳо  бо Русия барои тавсеаи муҳити зисти онҳо ҳамкорӣ мекунанд.

220
Барчаспҳо:
навор, Ӯзбекистон, паланг, паланги барфӣ

Навори зебоии шафақи қутбӣ аз Кайҳон

22
(Таҷдидшуда 19:46 16.01.2021)
Кайҳоннаварди рус Сергей Куд-Сверчков нишон дод, ки шафақи қутбӣ (Северное сияние) аз Кайҳон чӣ гуна аст

Кайҳоннавард ин падидаи табиии зеборо дар телефони ҳамроҳи худ аз истгоҳи кайҳонии байналмилалӣ дар режими таймлапс ба навор гирифта, дар саҳифаи Instagram-аш ба нашр расонидааст.

"Мо парвозро аз болои Уқёнуси Ором оғоз карда, аз болои шаҳрҳои Иёлоти Муттаҳида ва Канада парвоз мекунем ва сипас саҳаргоҳро болои Атлантика пешвоз мегирем", - навиштааст кайҳоннавард дар Instagram.

Беҳтарин аксҳо ва паёмҳо аз кайҳон дар моҳи май - гузориши аксӣ

Инчунин Куд-Сверчков гуфт, ки ба шарофати равшании нури Моҳ ҳатто шабона аз истгоҳ уқёнус, абрҳо ва шаҳрҳои шабона дидан имкон аст.

Кайҳоннавард фаҳмонд, ки ин падидаи зебо аз замин чандон намоён нест аз кайҳон шафақи қутбӣ бисёр зебо ба назар меёбад.

22
Барчаспҳо:
рус, кайҳоннавардӣ, кайҳон

Набарди дидании "Тоҷик": пирӯзии Муин Ғафуров бар Уолтери Коста-Рикӣ-видео

359
(Таҷдидшуда 12:27 16.01.2021)
Муин Ғафуров бо тахаллуси "Тоҷик" пас аз чанд муддати дур будан аз майдон бо бозгашташ намояндаи Коста-Рика, Уолтер Замораро мағлуб кард

Муҳорибаи ахири “Тоҷик” шоми гузашта соати 19:00 бо вақти Душанбе дар шаҳри Абу-Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷиу Ҷитсу арена доир гашт.

Варзишкори тоҷик дар ин муҳориба пешсаф буд ва аз худ маҳорати баланд нишон дод. Бо ҳамалоти пайдарпай ва шадид то охири бозӣ инони рақобатро дар даст дошт ва холҳои бештарро соҳиб шуд.

Дар охир бо қарори доварон Муин Ғафуров ғолиб дониста шуд.

Муин Ғафуров варзишгари ҷавон ва серҷоизатарин миёни варзишкорони кишвар дар ин намуди вазриш мебошад.

Ӯ ҳамагӣ 25 сол дорад, аммо дар ин синну сол ба чандин мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардида, рақобатҳои сатҳи ҷаҳониро ба нафъи худ анҷом додааст.

Муин қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбои ҳарбӣ (WCSF), қаҳрамон ҷаҳон оид ба  грепплинг (FILA), қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи MMA (WKA) мебошад.

Вай ҳамчунин барандаи унвони Устоди варзиши самбои ҳарбӣ низ ҳаст.

Ғафуров тайи солҳои ахир талош дорад, ки ба бузургтарин майдони рақобатҳои UFC шомил шавад, аммо то кунун бенатиҷа буданд.

359
Мороженое в вафельном стаканчике

Шиносоии камаш се навъ яхмоси олуда ба вируси корона дар Чин

0
(Таҷдидшуда 20:06 16.01.2021)
Хабаргузории Сен-Хуа аз шиносоии камаш се навъ яхмоси олуда ба вируси корона дар шаҳри Тиянзин дар шимоли Чин ва наздикии Пекин хабар дод

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Ахиран расонаи чинӣ гузориш дод, ки баррасиҳои муқаддамотии сироятӣ нишон медиҳад, ки яхмосҳои олуда дар як ширкати тавлиди маводи ғизоӣ дар Чин бо истифода аз маводи аввалияе монанди хокаи шир воридшуда аз Зеляндияи нав ва хокаи панири воридотӣ аз Украина тавлид шуда аст, иттилоъ додааст   радиои тоҷикии Садои Хуросон дар истинод ба хабаргузории Сен-Хуа.

Тибқи гузориши мақомоти тандурустии Чин ин ширкат таътил шуда аст.

Ба маҳзи мушаххас шудани олудагии яхмосҳо ба корона, тамоми 1662 корманди ширкат таҳти карантина қарор гирифта ва озмоиши корона додаанд.

Коршиносон мегӯянд вирус метавонад ба далели дараҷаи сард ва равғани яхмос то муддатҳо дар маҳсул зинда бимонад.

Мавҷи нави густариши вируси корона аз чанд рӯз пеш дар Чин оғоз шудааст, ки боиси карантина шудани вилояти Хубей дар шимоли ин кишвар шудааст.

Чин рӯзи шанбе 16 январ нахустин марги вобаста ба вируси коронаро дар ин кишвар дар ҳашти моҳи гузашта гузориш кард, ки дар вилояти Хубей ба қайд гирифта шудааст.

0
Барчаспҳо:
Пекин, яхмос, вируси корона, Чин