"Спутник V" дар Африқо: чаро боварӣ ба ваксинаи сохти русӣ афзуд? - навор

160
(Таҷдидшуда 17:32 12.01.2021)
Ваксинаи сохти русии "Спутник V" то рафт маъруфияти бештареро касб намудааст. Дар Алжир ба таври фаврӣ ин ваксинаро сабти ном карданд

Интиқоли ваксинаи сохти русӣ ба манотиқи Африқоӣ низ шурӯъ шудааст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба маълумоти муовини вазири умури хориҷии Русия Михаил Богданов.

"Таҳвилҳо аллакай оғоз ёфтанд, ҳоло мисолҳои мушаххас мавҷуданд", - изҳор дошт Богданов, вале мушаххасан номи кишварҳоро номбар накард.

Ҳамчунин ӯ илова намуд, ки "таваҷҷӯҳ ба ваксинаи русӣ зиёд аст ва дархостҳои бисёреро дастрас мекунем". Вай гуфт Русия намехоҳад дар ин масъала касеро ранҷонад.

Богданов таъкид намудааст, ки ҷониби Русия саъй мекунад, то тамоми муроҷиатҳое, ки аз дӯстони африқоӣ мегиранд, онҳоро қонеъ кунанд.

Коршинос муносибати манфии Ғарб бар ваксина “Спутник V”-ро тавзеҳ дод

Ёдовар мешавем, ки Вазорати тандурустии Русия аввалин ваксинаро дар ҷаҳон барои пешгирӣ аз маризии коронавирус истеҳсол кард, ки таҳиягарони он Маркази илмии Гамалея мебошад. Номи онро "Спутник V" гузоштанд.

Гуфта мешавад, ваксинаи мазкур бехатару самаранок буда, то ду сол масуният аз ин вирусро кафолат медиҳад.

160
Барчаспҳо:
навор, Африқо, Русия

Русия масоили Қарабоғи Кӯҳиро бо Эрон ҳал мекунад - видео

30
(Таҷдидшуда 19:43 26.01.2021)
Вазирони хориҷаи Русия ва Эрон, Сергей Лавров ва Ҷавод Зариф дар масъъалаи Қарабоғи кӯҳӣ ба мувофиқа расиданд

Вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров бо ҳамтои эронии худ Муҳаммад Ҷавод Зариф дидору мулоқот кард.

Дар ниҳояти ин гуфтугӯ вазири ФР эълон дошт, ки Русия барои ҳалли мушкили Қарабоғи Кӯҳӣ бо Эрон манифатдор аст.

"Бо дарназардошти нақши кишварҳоямон дар минтақа, мо ба амиқтар кардани муколама оид ба масъалаҳое, ба монанди амният дар Халиҷи Форс, мушкилоти ҳалли Афғонистон манфиат ҳастем ва албатта, вазъе, ки дар атрофи Қарабоғи Кӯҳӣ ба вуҷуд омадааст, баррасӣ хоҳем кард", - изҳор дошт Лавров.

Раҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия афзуд, шакке нест, ки Эрон ба пайвастан ба ин лоиҳаҳо манфиатдор хоҳад буд.

"Дар ин бора аллакай нақшаҳои мушаххас мавҷуданд, механизми сеҷониба дар сатҳи муовинони сарвазир сохта шудааст, ки бояд нишасти аввалро дар ояндаи наздик баргузор кунад. Ғайр аз Русия, Эрон, Туркия, хоҳишмандони зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд ба барқарорсозии иқтисод ҳамроҳ шаванд", -  илова кард вазир.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамтои руси худро барои расидан ба сулҳ дар минтақа табрик гуфт.

"Ман фикр мекунам, имкон дорад, ки ин муноқишаро барои ҳамаамон ба як нуқтаи назари умумӣ табдил диҳем. Яке аз ҳадафҳои сафари минтақавии ман омӯхтани ин имкониятҳо мебошад", - гуфт Муҳаммад Ҷавод Зариф.

Лавров гуфт, Русия Қарабоғи Кӯҳиро ҳамроҳ мекунад ё не

Мулоқоти навбатии сарони вазоратҳои корҳои хориҷии Русия ва Эрон моҳи феврал дар назар аст.

30
Барчаспҳо:
гуфтушунид, Қарабоғи Кӯҳӣ, Афғонистон, Эрон, Русия

COVID, президентии Трамп ва Apple Watch: пешгӯиҳои "Симпсонҳо" - видео

87
Яке аз дарозтарин филмҳои тасвирӣ дар таърихи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико натанҳо бо саҳнаҳои ҳаҷвӣ, балкӣ бо пешгӯиҳои худ машҳур аст

Масалан Доналд Трампро ҳанӯз 10 сол пеш дар ин филм ба ҳайси президенти ИМА интихоб карда буданд.

Трампро аз филми "Дар хона танҳо" ҳам хориҷ карданд - навор

Дар ҳамон филм аввалин маротиба соатҳои Apple Watch, чанд чол пеш аз инқилоби "себӣ" пайдо шуда буданд.

Ҳаводорони филми тасвирии "Сипмсонҳо" боз чанд лаҳзаи дигари пешбинишударо дарёфт карданд:

  • ҷароҳати футболбози бразилиягӣ Неймар дар қаҳрамонии ҷаҳон;
  • пайдоиши шахсияти Грета Турберг;
  • вирусе, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Дар ин бора дар сериале, ки ҳанӯз соли 1993 наворбардорӣ шудааст, гуфта мешавад. Он замон ин маризӣ "осака -вирус" ном гирифта буд;
  • Камала Харрис дар маросими савгандёдкунии раҳбари нави "Қасри Сафед" - Ҷо Байден.

Дигар пешбиниҳои хонаводаи "Симпсонҳо" - ро дар навори боло тамошо кунед.

87
Барчаспҳо:
вируси корона, Доналд Трамп, ИМА

Интиқоди тунди Жириновский аз Туркия: наравед ба он ҷо

0
(Таҷдидшуда 20:07 26.01.2021)
Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия аз сафар ба "кишвари маккор" - Туркия, ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Раиси Ҳизби либерал-демократи Русия, Владимир Жириновский макони истироҳат - Туркияро кишвари "маккортарин" номид.

"Ба Туркия наравед, маккортарин кишвар аст", - изҳор дошт Жириновский.

Бо чунин суханон Жириновский ҳамлаи мусаллаҳона ба чор шаҳрванди Русияро шарҳ дод. Ин ҳамла дар кӯчаи Бешикташи шаҳри Истамбул ба вуқӯъ пайвастааст.

Як марди кӯчарӯб ба ду зан ва як марди русиягӣ ҳамла кардааст. Гуфта мешавад, ки ӯ аз ҷиҳати равонӣ бемор будааст.

Шаҳрвандони Русия ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Сокинони маҳаллӣ ба захмиён кумаки аввалия расонида ва баъдтар онҳо бистарӣ карда шуданд.

Яке аз замхиёнро ба зудӣ аз бемористон ҷавоб хоҳанд дод, чун вазъи саломатии ӯ хуб арзёбӣ мешавад.

Жириновский: Тоҷикистон ва Арманистон бояд ба ҳайати Русияи Бузург ҳамроҳ шаванд

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш нархномаи истироҳат барои шаҳрвандони Русия дар Туркия дар қиёс бо соли 2020, то 15 дарсад боло рафт.

Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки ин нархнома боз ҳам гаронтар хоҳад шуд. Ногуфта намонад, ки 90 дар сади истироҳаткунандагон Анталияро интихоб мекунанд.

0
Барчаспҳо:
Русия, Туркия, Владимир Жириновский