Чизе барои ситоиш нест: Козак дар бораи вохӯрии навбатии "формати нормандӣ" - видео

42
(Таҷдидшуда 13:19 13.01.2021)
Дар Берлин вохӯрии навбатӣ дар доираи "формати нормандӣ" бо ширкати Русия баргузор шуд, ки дар он масъалаи Украина баррасӣ шуд

Русияро дар ин гуфтушунид ноиби раҳбари дастгоҳи президенти Русия Дмитрий Козак намояндагӣ кард.

Дар бораи хулосаи ин дидор Козак ба рӯзноманигорони радиои Sputnik нақл кард.

Муовини роҳбари дастгоҳи президенти Русия дар навор қайд кард, ки "сӯҳбат самимона сурат гирифт", ҷонибҳо оид ба ҳамаи масъалаҳои бунёдӣ, аз ҷумла амалисозии қисми сиёсии созишномаҳои Минск табодули афкор карданд.

"Мо роҳи ҳалли ниҳоиро пайдо накардем. Мо ба мувофиқа расидем, ки принсипҳо ва равишҳои нав дар тӯли ду ҳафта омода карда мешаванд", - нақл кард Козак.

Ҳамзамон, вай қайд кард, ки Русия то ҳол чунин эҳсосоте надорад, ки Киев нақшаҳои ҳалли низомии низоъро таҳия мекунад ва дар маҷмӯъ мусолиҳа риоя мешавад.

Нишасти "Формати Нормандӣ" боиси гарм шудани равобити Русия ва Украина шудааст

Дмитрий Козак таъкид кард, ки Олмон ва Фаронса бояд дар мавриди созандагии муколама бо Киев дар бораи ҳалли мусолиматомез дар Донбасс нигарониҳои ҷиддӣ дошта бошанд.

Маълум аст, ки ҷаласаи навбатӣ дар "формати нормандӣ" тавассути видеоконфронс баргузор мешавад.

42
Барчаспҳо:
Олмон, ҷамъбаст, хулосаҳо, формати нормандӣ

Танкчиёни рус орзуи Максими 12 - соларо амалӣ карданд - видео

62
(Таҷдидшуда 13:00 17.01.2021)
Кӯдак, ки дер боз орзу дошт, дохили танк дарояд, натанҳо ба ин орзуяш расид, балки аз Т-72Б3М тирпарронӣ намуд

Танкчиёни флоти Балтик орзуи Максими 12 - соларо, ки дар Маркази нигоҳубини кӯдакон - "Надежда" тарбият мегирад ва аз парастории волидонаш маҳрум аст, бароварда карданд. Ӯ бисёр мехост бидонад, ки танки ҷангӣ чӣ гуна аст.

Дар парки мошинҳои ҷангӣ меҳмонро фармондеҳи взводи танкӣ, лейтенант Максим Карталов пешвоз гирифта, дар бораи хусусиятҳои асосии танки Т-72B3M, қобилиятҳои ҷангӣ ва афзалиятҳои он нисбат ба чунин танкҳои ҷангии кишварҳои хориҷ сухан гуфт.

Баъд сайёҳат дар дохили танк идома ёфт. Аввалан, Максим дасти худро дар курсии ронанда озмуд. Бо назарияи идоракунии танк шинос шуда, ба хулоса омад, ки барои ин омодагии хуби ҷисмонӣ зарур аст.

Пасон, фармондеҳи взводи танк ҷойи худро ба Максим дод ва ба ҳама саволҳои ӯ посух гуфт.

Онҳо якҷоя бо командир орзуҳои деринаи Максимро амалӣ карданд - ба кор андохтани муҳаррики танк ва силоҳи асосии танки Т-72B3M тавассути дидгоҳи навшудаи Сосна-У.

Максим фаҳмид, ки лавозимоти ҷангӣ дар дохили танк дар куҷо ҷойгир аст, танкчиён бо чӣ мусаллаҳ шудаанд, силоҳҳои шахсии онҳо дар куҷо нигоҳ дошта мешаванд ва чӣ гуна онҳо бо якдигар робита доранд.

Дар охир Максим гуфт, ки мехоҳад ихтисоси ҳарбиро дар оянда аз худ кунад ва пас аз ин сайёҳат хоҳиши ӯ ба ин соҳа дучанд афзуд.

62
Барчаспҳо:
танкистҳо, танк, Русия

Русия аз шартномаи фазои кушод даст мекашад - видео

175
(Таҷдидшуда 12:32 17.01.2021)
Вазорати умури хориҷаи Русия изҳор дошт, ки пай дар пай аз шартномаи ҳавоӣ даст мекашад ва корро оғоз мекунад

Русия аз 15 январ баромадан аз созишномаи ҳавоиро оғоз кард.

Аз аввал 34 давлати ҷаҳон узви ин созишнома буданд. Вале соли 2020 Иёлоти Муттаҳида ҳам расман аз Паймони фазои кушод (DON) хориҷ шуд.

ИМА аз шартномаи фазои кушод даст кашид - навор

Ин созишнома соли 1992 бо мақсади таҳкими амният дар Урупо пас аз Ҷанги Сард ба имзо расидааст.

Созишнома соли 2002 эътибор пайдо кард ва барои таъмини амнияти кишварҳои иштирокчӣ таҳия шуда буд. Тибқи созишнома ҷонибҳо метавонистанд ошкоро дар бораи нерӯҳои мусаллаҳ ва фаъолияти якдигар маълумот ҷамъоварӣ кунанд.

Русия хоҳиши ИМА-ро дар бораи даст кашидан аз Шартномаи фазои кушода маҳкум мекунад

Аҳдномаи "Фазои кушод" соли 1992 имзо шуда, пас аз ҷанги сард ба яке аз чораҳои таҳкими эътимод дар Урупо табдил ёфтааст.

175
Барчаспҳо:
даст кашидан, Русия, шартнома, созишнома

Русия аз рӯи теъдоди муҳоҷирон дар рӯйхати пешсафҳо ҷой гирифт

0
(Таҷдидшуда 19:17 17.01.2021)
Бино ба гузориши Созмони Милали Муттаҳид, феълан дар Русия дувоздаҳ миллион муҳоҷир кору зиндагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Русия дар соли 2020 ба феҳристи топ 5 кишвар аз рӯи теъдоди муҳоҷирон ворид шуд.

Дар ин бора гузориши Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид нашр шудааст.

Омори муҳоҷират дар Тоҷикистон: чанд нафар омаду чӣ қадар кишварро тарк кард

Бино ба гузориши СММ, дар қаламрави Русия 12 миллион муҳоҷир аб сар мебарад. Аз рӯи ин нишондод Русия дар ҷаҳон дар ҷойи 4 - ум қарор дорад.

"ИМА макони асосии ҷолиб барои муҳоҷирон дар соли 2020 боқӣ мемонад. Дар ин кишвар 51 миллион муҳоҷир кору фаъолият мекунад. Ин миқдор 18 дарсади шумораи умумии муҳоҷирон дар ҷаҳонро ташкил медиҳад", - омадааст дар гузориш.

Дар баробари ИМА ва Русия ба панҷгонаи макони муҳоҷирпарвар - Олмон, Бритониё ва Арабистони Саудӣ ворид мешавад.

Тарҳи қонуни нав дар Русия: як гурӯҳи муҳоҷирон депорт нашаванд - кадом?

Манбаъ афзуда, ки аз се ду дарсади муҳоҷирон дар 20 кишвари дунё ба сар мебаранд.

0
Барчаспҳо:
ҷои аввал, Русия, муҳоҷират