Нэнси Ван Дер Стратен аз Туркия дар 74-солагӣ худро муборизи ҳақиқӣ нишон дод: вай бо бемории Паркинсон бо усули ғайристандартӣ мубориза мебарад.
Пиразан ба солхӯрдагии худ нигоҳ накарда, қарор дод, ки ба таври ҷиддӣ ба варзиш машғул шавад ва ба бахши муштзанӣ худро номнавис кардааст.
Гарчанде ин намуди варзиш қаблан ба ӯ маъқул набуд, ҳоло ӯ ягон машқро аз даст намедиҳад.
"Муштзанӣ аз он ҷиҳат муфид аст, ки набзи ман зиёд шуда, ҳамчунин бисёр арақ мекунам",- гуфт нафақахӯр.
Пиразан ҳатто ҳангоми карантин дастпӯшакҳояшро канор нагузошт. Вақте ки толорҳо баста шуданд, вай халтаҳои регдорро барои муштзанӣ истифода бурд.
Мураббӣ Нэнси гуфт, ки бисёриҳо аз даспарвари ӯ дар ҳайратанд ва пиразан муштзанҳои дигарро сахт ҳавасманд мекунад.
Дар доираи як амалиёти вижа дар вилояти Калуга, як гурӯҳ террористон боздошт шуданд. ФСБ-и Русия навори боздошти онҳоро нашр кард.
Кормандони ФСБ фаъолияти як гурӯҳи террористони байналмилалии "Ҳизб-ут-Таҳрир ал-Исломӣ" (дар Русия мамнӯъ)-ро қатъ карданд.
Хабар дода мешавад, ки ҳадафи террористон сарнагун кардани ҳукумат ва "ҳукмронии хилофати ҷаҳонӣ" будааст. То ҳол аъзоёни ин гурӯҳ террористӣ шумори пайравон худро тавассути паҳн кардани варақаҳо ва ақидаҳои террористӣ миёни мусулмонони маҳаллӣ зиёд мекарданд.
Ҳангоми кофтукоб кормандони ФСБ аз аъзоёни гурӯҳи террористӣ адабиёти манъшуда, флешкаҳо, дастгоҳҳои алоқа ва симкортҳои зиёде мусодира карданд.
ФСБ-и Русия шаҳрванди кадом кишвар будани боздоштшудаҳоро ифшо накардааст.
Қаблан террористони ин гурӯҳи мамнӯъро дар Қазон, вилояти Самара, Қрим ва дигар минтақаҳои Русия боздошт карда буданд.
Президенти Русия Владимир Путин суханронии худро дар форуми Давос оғоз кард.
Чорабинии имсола, ки онро Форуми умумиҷаҳонии Иқтисодӣ "Рӯзномаи Давос 2021" ташкил кардааст, ба мавзӯи "Бозсозии бузург" бахшида шудааст.
Қаблан котиби матбуотии сарвари давлат Дмитрий Песков хабар дода буд, ки суханронии президенти Русия дар форуми Давос хеле ҷолиб хоҳад буд.
Эзоҳ, "ҳафтаи Давос" аз 25 то 29 январ ба таври фосилавӣ баргузор мешавад. Дар муҳокима сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, сиёсатмадорон ва олимон, пешвоёни тиҷорати ҷаҳонӣ аз даҳҳо иёлот ширкат мекунанд.
Путин дар бункери махсус зиндагӣ мекунад? шарҳи Песков
Ҳамзамон, ёдовар мешавем, ки Форуми ҷаҳонии иқтисодии швейтсарӣ, ки одатан дар зимистон дар Давос баргузор мешуд, бо сабаби пандемияи коронавирус ба 18-21 май гузаронида шуд.
Путин бори охир ба ин форум соли 2011 омада буд ва соли 2009 дар ин чорабинӣ ба ҳайси роҳбари ҳукумати Русия ширкат варзид.
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Бар асоси гузориши ВУД, маъмурини Раёсати кофтукоби ҷиноӣ дар пайи як амалиёт Маъбурҷон Таҳоров, сокини кӯчаи Айнии шаҳри Турсунзодаро дастгир кардаанд.
Дар пайи кофтукоб дар боми хонаи падари дастгиршуда, дар деҳаи Шукурови шаҳри Турсунзода як автомати Калашников бо 29 дона тир ва норинҷак пайдо карда шуд. Таҳоров дар гузориш изҳор медорад, ки ин аслиҳаро солҳои 1997 ё 1998 ба ивази 300 доллар бо ҳадафи ҳимоя харид.
Ӯ тавзеҳ дод, ки ин силоҳро он замон барои ҳимояи худу фарзандонаш гирифта буд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид намуд, ки феълан алайҳи Таҳоров парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Ин ниҳод зикр намуд, афроде, ки ихтиёран ба мақомоти умури дохилӣ силоҳи оташфишон месупоранд аз ҷавобгарӣ озод мешаванд.