Ихтироъи роботе, ки 5 ҳазор намуди ғизо мепазаду коса мешӯяд - видео

176
(Таҷдидшуда 13:58 18.01.2021)
Дар намоишгоҳи CES 2021 ширкати Moley Robotics роботеро пешниҳод кард, ки қодир аст, хӯрокҳои мураккабро аз аввал мустақилона омода кунад

Вай ду даст дорад, ки ба гуфтаи эҷодкорон, ба ҳаракатҳои инсон дақиқ тақлид мекунанд.

Дастгоҳ қодир аст, ки маҳсулоти заруриро аз раф гирад, тайёр кунад, бирён кунад, ҷӯшонад ё пазад ва омехта кардану интихоби ҳарорати лозимиро дар ин миён фаромӯш намекунад.

Барои ҳаракат дар фазо системаи мураккаби камераҳо ва сенсорҳо истифода шудаанд.

Агар чизе рехта шавад, робот худаш тоза мекунад. Вай инчунин метавонад зарфҳоро бишӯяд.

Дар хотираи робот беш аз панҷ ҳазор дастури хӯрок мавҷуд аст - корбарон метавонанд мустақилона дастурҳои хӯрокҳои дӯстдоштаашонро илова кунанд.

Таҳиягарон ваъда медиҳанд, ки агар корбар ногаҳон аз ғизоҳои мавҷуда мавҷуда хаста шавад, китоби хӯрокҳоро ҳар моҳ навсозӣ мекунад.

Арзиши робот аз 30 то 55 ҳазор фунт стерлинг  (40,8 ҳазор - 74,8 ҳазор доллар) мебошад.

176
Барчаспҳо:
фурӯшу пухтани ғизо, хӯрок, Ҷаҳон, ҷаҳон, робот

Ин чӣ аҷиб аст: бонувон дар ҳаракатҳои аҷиби акробатикӣ нишон доданд видео

211
(Таҷдидшуда 17:22 08.03.2021)
Ду гимнастбоз аз Русия дар параплан ҳаракатҳои гимнастикиро нишон доданд. Дар баландӣ, духтарони бидуни бандҳои эҳтиётӣ ҳаракатҳои акробатикӣ нишон доданд

Ду духтари гимнастбоз аз шаҳри Бердски Русия дар параплан маҳорати худро нишон доданд.

Ҳамаи ҳаракатҳои акробатики дар баландии тақрибан 600 метр нишон дода шуд.

Фозилова нахустин тоҷикдухтарест, ки ба тими Гурҷистон пайваст

Дар ҷаҳон бори аввал аст, ки гимнастбозон дар баландии 600 метр бидуни бандҳои эҳтиётӣ барнома намоиш доданд. Обу ҳаво ва набудани бандҳои эҳтиётӣ ба намоиши ин барнома халал нарасонданд.

Чемпионати ҷаҳон-2022: санаи бозӣ байни мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон дақиқ шуд

Варзишгарон таъкид карданд, ки бори дигар барнолмаҳо баландтар аз 600 метр намоиш дода мешаванд.

211
Барчаспҳо:
варзиш, ҳаракат, барнома, Русия

Мардҳо ғамгину занҳо дар интизори гул Боку дар арафаи ҷашни 8 март

131
(Таҷдидшуда 10:04 08.03.2021)
Мардҳо дар Озарбойҷон ба занҳои худ дар ҷашни 8 март чӣ туҳфа мекунанд? Sputnik Озарбойҷон дақиқи кард, ки мардон ба занони худ чӣ гуна тӯҳфаҳо тақдим мекунанд. Муфассалтар дар навор тамошо кунед

Тиҷорати гул дар 8 март дар авҷ аст.

Дар ин рӯзҳо нархи гулҳо ба осмон мерасанд. Дар ин рӯз ҳар як мард мехоҳад гулдастаи беҳтаринро интихоб кунад. Ҳамин тавр, дар ин рӯзҳо арзиши як лола ба 5 (3 доллар) манат ва садбарг ба 6 (3,5 доллар)манат мерасад. Ҳамин тариқ, арзиши миёнаи як даста гули хоксорона тақрибан 25-30 манат (наздик ба 18 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди ин, нархномаҳо танҳо табъи мардонро хира мекунанд, дар ҳоле ки занон ба иди дӯстдоштаи худ омодагӣ мегиранд. Тавре ки маълум шуд, занон дар ин рӯз интизори тӯҳфаҳо ҳастанд. Онҳо интизори як даста гул ё атр мебошанд. Дар баробари ин, худи занҳо барои оила ва дӯстон тӯҳфаҳо омода мекунанд.

Дар ин рӯзҳо мардон кушиш мекунанд занон, модарон ва хоҳарони худро бо як даста гул табрик намоянд. Мисли ҳамеша, мардон дар ин рӯз то лаҳзаи охир пушти хариди тӯҳфаҳо мераванд.

131
Барчаспҳо:
мард, тӯҳфа, занон, дақиқ, туҳфа, Озарбойҷон
Полицейские дежурят во время Марша свободы на одной из улиц Парижа

Шарики қотиле, ки муаллимро дар Фаронса кушт тоҷикистонӣ будааст

0
(Таҷдидшуда 12:38 09.03.2021)
Муфаттишони фаронсавӣ шахсияти як шарики тундгарои исломӣ дар Сурияро, ки чанде пеш дар наздикии Париж сари муаллими мактабро аз танаш ҷудо карда буд, муайян карданд

ДУШАНБЕ, 9 март - Sputnik. Кормандони амният шарики террористеро, ки дар Фаронса сари муаллими мактабро аз танаш ҷудо карда буд, муайян карданд. Шарики ӯ зодаи Тоҷикистон будааст, иттилоъ додааст ТАСС дар истинод ба рӯзномаи Le Parisien.

Шарики ӯ Фарук Шомӣ будааст, ки узви фаъоли гурӯҳи террористии "Ҳайат Таҳрир аш-Шом" (мамнӯъ дар Русия), ки дар қаламрави Сурия фаъолият мекунад, мебошад.

Маҳз бо ҳамин нафар Абдуллоҳ Анзорови 18-сола, қабл аз сари муаллимро буридан дар коммунаи Конфланс-Сен-Онорин дар моҳи октябри соли 2020 суҳбат мекардааст.

Пеш аз он, ки полис Анзоровро безарар гардонд, ӯ паёмҳои охиринашро дар Instagram ба корбари Dnevnik_71 навишт, ки зодаи Тоҷикистон Фарук Шомӣ будааст.

Дар сомоани худ ин мард худро ҳамчун як рӯзноманигори мустақил муаррифӣ мекунад. Ӯ фаъолияти гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар Сурияро таблиғ мекунад.

Аммо, тавре ки нашрияи фаронсавӣ қайд кардааст, дар асл ӯ узви фаъоли гурӯҳи террористии дар боло зикршуда мебошад.

Маълум шуд, ки номбурда бо Анзоров дар мавзӯи динӣ суҳбат мекардааст. Дар навбати худ ҷавон бо ӯ дар бораи хоҳиши ба Сурия рафтан ва баъдтар - дар Фаронса "ҷиҳод кардан"-ро машварат мекардааст.

"Агар тафтишот дар ин марҳила имкон надиҳад, ки ӯро кӣ назорат мекард, Аммо тамосҳои сершумори қотил бо тунгароёни исломӣ дар Сурия боиси  нигаронӣ шудааст. Ҳамзамон суоле матраҳ аст, ки чаро тунгароии ӯро пештар натавонистанд муайян кунанд",-  навиштааст рӯзномаи Le Парисиен.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои ФБР-и Амрико, ки аз муфаттишони фаронсавӣ дастрас карданд, Шомӣ суҳбатҳояшро  ҳангоми дар вилояти Идлиби Сурия қарор доштанаш, мекардааст.

Ёдрас мешавем, ки шоми 16 октябри соли 2020 дар коммунаи Конфланс-Сен-Ононари Фаронса, як нафар дар назди як мактаб ба муаллими таърих ва ҷуғрофия Самуэл Пати ҳамла кард.

Ҷинояткор ҳангоми ҳамла сари муаллимро аз танаш ҷудо кард ва сипас ба кормандони пулис, ки ба ҷои ҷиноят ҳозир шудаанд, таҳдид карданӣ шуд аммо онҳо ӯро парронданд.

Раисҷумҳури Фаронса Эммануил Макрон ин амалро ҳамлаи террористӣ хонд.

0
Барчаспҳо:
Фаронса, муфаттишон, Париж, муаллим, Сурия, тоҷикистонӣ, Тоҷикистон