Поре - Макгрегор: нишасти хабарии пас аз рақобат - пахши мустақим анҷом ёфт

122
(Таҷдидшуда 13:54 24.01.2021)
Варзишкори ирландӣ Конор Макгрегор ва рақиби армикоияш Дастин Поре пас аз вохӯрӣ дар майдони ҳарб нишасти хабарӣ баргузор мекунанд

Мусобиқаи UFC 257 дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шуд. Муҳорибаи асосӣ вохӯрии Конор Магрегори ирландӣ ва Дастин Пореи амрикоӣ буд.

Дар даври аввал Поре Макгрегорро дар қафас ҷасф кард. Ҳарду ҷанговар дар ин мавқеъ чанд муддат истоданд ва пас ҷой иваз карданд - Конор Дастинро дар чунин вазъ нигоҳ дошт.

Мубориза дар ибтидо суст буд - Макгрегор ва Поре бо мушт дар рӯй ва тани ҳамидигар заданд, аммо тағйироте набуд.

Дигар аз ҷояш нахест: Поре ба таври муассир Макгрегорро нокаут кард - видео

Даври дуюм хеле ҷолибтар шуд. Макгрегор аллакай ба истифодаи пойҳо ва дастонаш шурӯъ кардааст. Поре ҳатто якчанд зарбаи дақиқи ирландиро аз даст дода, бо ҳамлаҳои номуваффақ посух дод.

Поре Макгрегорро нокаут кард: навори пурраи муҳориба

Бо вуҷуди ин, вақте даври дуюм қариб хотима меёфт, Поре ҳамлаҳои пай дар пай анҷом дод ва ба тааҷҷуби ҳама, Макгрегорро нокауд кард.

122
Барчаспҳо:
Макгрегор, АМА, шикаст, пирӯзӣ, рақобат
(39:22 / 472.37Mb / просмотров видео: 26)

Гуфтугӯи вазирони корҳои хориҷии Русия ва Афғонистон: анҷоми пахши мустақим

86
(Таҷдидшуда 16:29 26.02.2021)
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро бо иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар баррасӣ мекунад

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо ҳамтои афғони худ Муҳаммад Ҳаниф Атмар гуфтушунид мекунад.

Ин нахустин сафари иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Афғонистон ба Маскав аст.

Интизор меравад, ки дар музокирот Лавров ва Атмар ба рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба ва мушкилоти ҳалли мусолиматомез дар Афғонистон таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд.

Аз ҷумла, ҷонибҳо ба нақша гирифтаанд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаи энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ баррасӣ кунанд.

Нигарониҳои СААД аз ҳузури ҳазорон ҷангҷӯ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Гуфтушуниди намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ дар арафаи 100-солагии Шартномаи дӯстии Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Русия ва Афғонистон, ки 28 феврал таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад.

86

Инфиҷори сахт дар Нижний Новгород - навор

132
(Таҷдидшуда 12:49 26.02.2021)
Дар хонаи истиқоматие дар Нижний Новгород таркиши шадид сар зад: бино бар иттилои пешакӣ эҳтимол он дар қаҳвахонаи "Самурай" рух додааст

Таркиши гази маишӣ дар таҳхонаи бинои нуҳтабақаи шаҳр рух дод. Дар ин бора Раёсати минтақавии ВҲФ Русия хабар медиҳад.

Бино бар иттилои пешакӣ, таркиш дар қаҳвахонаи "Самурай"-и бинои нӯҳтабақаи кӯчаи Мешерскии ноҳияи Канавинск рух додааст.

Хабар дар бораи таркиш ба хадамоти оҷилӣ соати 9:13 бо вақти Маскав дастрас шуд. 

Гуфта мешавад, пас аз таркиш сӯхтор сар шуд ва сокинон оҷилан аз бино берун карда шуданд.

Феълан дар бораи талафоти ҷонӣ маълумоте нест, аммо бино бар наворҳои фаврӣ, бино пурра тахриб шудааст. 

Ба иттилои шоҳидон, садои таркиш мошинҳои таваққуфгоҳи назди биноро такон додааст.

Маълумоти бештар дақиқ карда мешавад, ба ҷои ҳодиса гурӯҳи фаврии ВҲФ равон шудаанд.

132
Барчаспҳо:
навор, Русия, инфиҷор
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон

Суҳбати вазир: аз гуфтушунид бо Маскав то нақшаи фиристодани муҳоҷирон ба дигар давлатҳо

226
(Таҷдидшуда 11:52 27.02.2021)
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, мегӯяд, 95 дарсади муҳоҷирони меҳнатии кишвар ба Русия рост меоянд. Ӯ аз нияти Ҳукумат барои диверсификатсияи муҳоҷират ва фиристодани корҷӯёни тоҷик ба Корея, Қатар ва Аморати Муттаҳидаи Араб гуфт

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ширин Амонзода мавзӯъҳои музокирот миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди муҳоҷирони меҳнатиро баён дошт.

Амонзода дар суҳбат бо “Ҷумҳурият” изҳор доштааст, ки вазорат дар асоси дархости корфармоёни Русия, ки ба қувваи корӣ ниёз доранд, барои гирифтани иҷозаи вуруд ба ин кишвар тавассути хатсайрҳои чартерӣ гуфтушунид дорад.

Содагардонии ба қайд гузоштан ва гирифтани патент барои кор, баррасии авфи навбатии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон, барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам байни ду давлат, дар бораи бо нафақа таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо патент ва дигар санадҳои зарурӣ дар Федератсияи Русия кор мекунанд, аз мавзӯъҳои дигари музокирот бо мақомоти рус мебошанд, хабар додааст Амонзода.

Вазири меҳнат ва муҳоҷират илова намудааст, ки солҳои охир бо мақсади диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ бо як қатор давлатҳои хориҷӣ созишномаҳои байниҳукуматӣ ба имзо расиданд.

Ӯ зикр намуд, ки аз ҷумла, соли 2018 бо Амороти Муттаҳидаи Араб ва соли 2019 бо Давлати Қатар Ёддошти тафоҳум оид ба танзими қувваи корӣ ба имзо расид.

“Айни замон бо мақсади татбиқи Ёддошти тафоҳум бо Давлати Қатар гурӯҳи кории ҷонибҳо таъсис ёфта, 2 декабри соли 2020 ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ (тавассути муоширати визуалӣ) доир шуд, ки дар он масъалаи сафарбар намудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Давлати Қатар баррасӣ гардид. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои амалисозии муқаррароти созишномаи мазкур нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ намоянд”, - изҳор доштаст вазир.

Амонзода таъкид кардааст, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и назди вазорат бо ширкати “Роял фелком секюрити”-и Амороти Муттаҳидаи Араб созишномаи ҳамкорӣ омода гардида, дар мувофиқаи тарафҳо қарор дорад. Бо Ҷумҳурии Корея низ корҳо дар ин самт ҷараён доранд, изҳор доштаст вазир.

Ин талошҳо дар ҳолеянд, ки феълан масири асосии муҳоҷират Русия боқӣ монда, марзбандиҳо боис гардидааст, ки бисёре аз корҷӯён натавонистаанд ба ин кишвар сафар намоянд.

226
Барчаспҳо:
Русия, муҳоҷират, Тоҷикистон