Омодагӣ ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Ӯзбекистон-видео

172
(Таҷдидшуда 18:25 24.01.2021)
Сарфи назар аз пандемияи коронавирус ва дигар монеаҳо Ӯзбекистон омодагӣ ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаиро идома дода истодааст

Дар Ӯзбекистон, дар вилояти Ҷиззах, дар наздикии кӯли Тузкан ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ омодагӣ дида истодаанд.

Дар бораи сохтмони нерӯгоҳ Ҳукумати Ӯзбекистон бо Русия созиш карда буд.

Нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Ӯзбекистон нахустин дар Осиёи Миёна хоҳад буд ва бар асоси нақша метавонад соли 2028  мавриди истифода қарор дода шавад.

Дар бораи омодагиҳо ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ сардори Раёсати илму навовариҳои “Ӯзатом”, Шавкат Абдукомилов нақл кард.

Ба гуфтаи ӯ, кор дар ин лоиҳа сарфи назар аз пандемия идома дорад ва равобит бо ҷониби Русия дар бораи ин тарҳ тариқи онлайн сурат мегирад.

Феълан, мутахассисон таҳқиқоти муҳандисиро барои таҳияи лоиҳаи техникии нерӯгоҳи ҳастаӣ бурда истодаанд. Тамоми додаҳо ба Кумитаи давлатии амнияти саноатии Ӯзбекистон пешниҳод хоҳанд шуд ва он гоҳ ин ниҳод барои истифодаи ҳудуд иҷозат хоҳад дод.

172
Барчаспҳо:
ҳастаӣ, нерӯгоҳ, Ӯзбекистон

Бибии 77-сола дар TikTok миллион тамошобин ҷамъ овард

46
Екатерина Горбунова аз шаҳри Ейскаи Русия ситораи ҳақиқии Интернет шуд

Пирӣ ба бибии нафақахӯри  77-сола монеаи байни ҷавонон буданаш нашудааст. 

Нафақахӯр фаъолона видеоҳои ҳаҷвиро ба навор мегирад ва дар TikTok мегузорад.

Ситораи Tik Tok, зодаи Тоҷикистон Дина Саева табобат мегирад

Ба корбарон чунин амалҳои бибӣ писанд омадааст ва ӯро блогери комил гуфтан мумкин аст.

Бибӣ феълан дар саҳифааш дар Тикток  500 ҳазор аъзо дорад, аммо ӯ ин шумораро боз ҳам бештар карданист.

 

Наворҳояшро то миллион бор тамошо кардаанд.

"Tik Tok" аз раисҷумҳури Амрико ба додгоҳ шикоят мебарад

Тафсилоти ҷолибро аз навори мо тамошо кунед.

46

Нишасти изтирории чархболи низомии Русия дар Сурия - видео

135
(Таҷдидшуда 15:31 28.02.2021)
Чархболи нерӯҳои фазонавардии Русия, Ми-35 дар қаламрави Сурия бо сабабҳои техникӣ нишасти изтирорӣ анҷом дод

Нишасти изтиророӣ  ҳангоми посбонӣ дар қаламрави вилояти Ҳасеке рух додааст. Вазорати мудофиаи Русия қайд кард, ки ҳеҷ яке аз халабонҳо ҳангоми фуруди изтирорӣ осеб надидааст.

Ба иттилои Вазорати дифоъ, халабонҳо феълан дар фурудгоҳ ҳастанд.

"Рӯзи 28 феврали соли 2021, ҳангоми парвози нақшавӣ барои посбонӣ кардани қаламрави вилояти Хасеке дар ҷумҳурии Сурия, чархболи Ми-35 бо сабабҳои техникӣ ба таври изтирорӣ фуруд омад", - иттилоъ дод Вазорат. 

Манбаъ бо такя ба гузориши халабонҳо илова намуд, ки чархбол ҳадафи тирпаронӣ қарор нагирифтааст.

Мавридд ба зикр аст, ки чархболи нақлиётии Ми-8АМТШ ва чархболи ҷангии зарбазани Ми-35 дар Хасеке корвони мошинҳои мулкиро аз ҳаво посбонӣ мекунанд, ки дар шоҳроҳи стратегии M4 ҳаракат мекунанд.

Гурӯҳи низомиён дар чархболи Mi-8AMTSh дар масофаи 5-10 километр пеш аз корвони мошинҳо парвоз мекунанд, то минтақаро посбонӣ намоянду аз пайдоиши эҳтимолии ҷангҷӯён дар наздикии масир ҷилавгирӣ кунанд. Чархболи зарбазани Ми-35 корвонро аз қафо аз таъсири техникаи ҳарбии хориҷӣ муҳофизат мекунад.

135
Барчаспҳо:
чархбол, Сурия
Горы в  Таджикистане, архивное фото

Қарорҳои Ҳукумат барои тағйири номҳо: аз номи нави фурудгоҳи Хоруғ то қуллаи Боми Ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 22:03 28.02.2021)
Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як қатор қарорҳо пешниҳоди вакилони маҳаллиро барои тағйири номи муассисаҳо ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ дар ВМКБ ҷонибдорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи номгузориҳои ҷадид зимни Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ қироат карда шуданд.

Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи собиқ сардори фурудгоҳи мазкур, корманди шоистаи авиатсия ва нақлиёти ҷумҳурӣ, Махсутшоев Дилдорбек гузошта шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон инчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошимро дар бораи тағйир додани номи қуллаи Комсомоли Украина ҷонибдорӣ намудааст. Номи нави ин қулла Боми Ҷаҳон мебошад.

Инчунин Ҳукумат қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз дар бораи номгузорӣ намудани мактаби №39-и деҳаи Пастироҳи ноҳияи Дарвоз ба номи Сафаров Сафар ва мактаби № 23 –и деҳаи Жаки ноҳияи Дарвоз ба номи Исломов Садриддинро тасдиқ кардааст.

Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дар бораи номгузориҳои ҷадид қарорҳои дахлдорро қабул намудааст.

0
Барчаспҳо:
Хоруғ, фурудгоҳ, Тоҷикистон