Эмгузаронии низомиёни Русия дар Сурия ҷараён дорад - навор

64
(Таҷдидшуда 18:10 25.01.2021)
Низомиёни Русия, ки дар базаи Хмеймими Сурия мустақаранд, алайҳи маризии сироятии коронавирус эм гирифтанд

Дар базаи Хмеймими Сурия низомиёни русро аз коронавирус эм намуданд

"Ҳоло эмгузаронии тамоми ҳайати дар ин база мустақарбуда идома дорад. Воя ба теъдоди лозимӣ интиқол ёфт ва барои ҳамаи низомиён басанда аст", - изҳор дошт Владимир Ратченко раҳбари хадамоти санитарӣ - эпидемиологии ҳарбиёни Русия дар Сурия.

Ба таъкиди ӯ, ҳоло ҷараёни эмгузаронӣ ба таври ихтиёрӣ сурат гирифта истодааст. Ҳамзамон низомиёне, ки ҳоло дар Русия қарор доранд ва бояд ба Сурия интиқол ёбанд, дар худи қаламрави Русия аввал эм шуда, сипас ба дигар ҳарбиёни дар Сурия мустақар буда, мепайванданд.

Гуфта мешавад, пас аз 21 рӯзи гирифтани ваксинаи нахустин, воя дуюмро низ мегузаронанд ва баъдан маълумот дар бораи эм гирифтан алайҳи коронавирус ба низомиён супорида мешавад.

Ба Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирус расид: барои низомиёни Русия

Ёдовар мешавем, ки дар маъракаи эмгузаронӣ бар зидди коронавирус дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ сурат гирифт.

Нахустин маъракаи эмгузаронӣ аз пизишкони беморхонаи 451-уми ҳарбии Русия оғоз ёфт. Сипас эмгузаронӣ миёни ҳайати фармондеҳон, қувваҳои навбатдории пойгоҳ ва сарбозон, шурӯъ шуд.

Эмгузаронӣ бо воксинаи "Гам-КОВИД-ВАК" ("Спутник V"), ки рӯзи 19 январ тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст, гузаронида шуд.

Дар маҷмӯъ, ба ҷумҳурӣ 1100 воя воксина расонида шуд. Барои амн нигоҳ доштани воксинаҳо, онҳо дар сандуқҳои махсус интиқол ёфтанд.

64
Барчаспҳо:
навор, эмгузаронӣ, Русия, низомиён, Сурия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (968)

Мӯъмин Шамсов паҳлавони қазоқро бо зарбаи барқвор ​​нокаут кард: видео

274
Дар мусобиқаи муҳорибаҳои омехта дар Қазоқистон размикори тоҷик мизбонро дар даври аввал шикаст дод

Дар мусобиқаи ҳунарҳои омехтаи OCTAGON 16 дар Алмаато миёни намояндаи Тоҷикистон Муъмин Шамсов ва варзишгари Қазоқистон Давлатбек Абдуқаҳоров муҳориба баргузор шуд.

Барои Мӯъмин Шамсов, ки 32-сола шуд, ин мубориза аввалин дар карераи касбии ӯ буд.

Давлатбек Абдуқаҳоров низ наметавонад бо таҷрибаи кофии варзишӣ фарқ кунад: вай барои мубориза бо тоҷик як ғалаба ва як мағлубият дошт.

Мубориза бо суръати тез оғоз ёфт: варзишгарон зуд ба табодули зарбаҳои сахт шурӯъ карданд.

Размикори қазоқ Шамсовро ба тури майдон ҷасф карда, ӯро маҷбур кард, ки мавқеи номусоидро ишғол кунад ва дар доираи васеъ хаста кунад.

Дар мобайни давр мубориза боздошта шуд: дидаю дониста ё на, қазоқистонӣ ба чашми Мумин зад. Пас аз каме таваққуф, рақибон набардро идома доданд.

Муштзани тоҷик Сангинов Лаваллеро шикаст дод - навори ҷолиби рақобат

Чунин ба назар мерасид, ки Абдуқаҳоров дар даври аввал пешсаф буд ва талоши бештар карда, кӯшиш кард, ки муборизаро ба замин барад. Аммо вақте ки размикори Қазоқистон танҳо як маротиба ҳимояаш кушода шуд, Мӯъмин Шамсов як зарбаи қавии ҳалкунанда зад.

Ҳаминтавр нахустин муборизаи касбии паҳлавони тоҷик бо нахустин пирӯзии боэътимоди ӯ тариқи нокаути техникӣ ба анҷом расид.

274
Барчаспҳо:
нокаут, пирӯзӣ, зӯрозмоии размикорон

Занозанӣ дар Ереван: ҷонибдорону мухолифони Пашинян вориди муноқиша шуданд - навор

114
(Таҷдидшуда 16:04 25.02.2021)
Дар интернет навори занозании ҷонибдорон ва мухолифони сарвазир Пашинян роҳ ёфт

Дар Ереван ҳамзамон ду митинг баргузор мешавад. Ҷонибдорони сарвазир Никол Пашинян ва мухолифоне, ки истеъфои ҳукуматро талаб мекарданд, ба кӯчаҳои шаҳр баромаданд.

Эътирозҳо пас аз он сар шуд, ки муовини сардори ситоди кулл Тиран Хачатрян аз мақом барканор гардид.

Дар навор маълум аст, ки мухолифон ба сӯи ҷонибдорони Пашинян нафрату лаънатхонӣ мекуннад.

Ёдовар мешавем, ки Ситоди генералии Арманистон истеъфои сарвазир Никол Пашинянро талаб кард. Ғайр аз он, Ситоди Генералӣ инчунин талаб кардааст, ки ҳукумати Арманистон низ бояд истеъфо диҳад.

Мақоми марказии маъмурияти ҳарбӣ истеъфои Пашинянро пас аз барканории муовини аввали сардори ситоди кулл Тиран Хачатурян талаб кард.

Он бо қарори президент Армен Саркисян пас аз гуфторҳо ба унвонии сарвазири Арманистон сабукдӯш шуд.

114
Барчаспҳо:
навор, Никол Пашинян, мухолифин, муноқиша, Ереван
Пассажир в защитной маске в международном аэропорту

Иттиҳоди Аврупо шиносномаи COVID ҷорӣ мекунад

0
Ин шаҳодатномаҳои минбаъд ҳамчун замина барои сафар кардан ба Иттиҳоди Аврупо хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Сарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар бораи зарурати ҷорӣ кардани шаҳодатномаҳои электронии эмгузаронӣ ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар ин бора садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар пайи як нишаст дар бораи коронавирус изҳор дошт.

"Барои коркарди масъалаҳои техникӣ ба Комиссияи Аврупо тақрибан се моҳ лозим аст", - илова кард вай.

Ба гуфтаи Меркел, чунин шаҳодатномаҳо заминаи сафар дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо ва инчунин вуруд ба қаламрави он аз кишварҳои сеюм хоҳанд шуд.

Инчунин, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Аврупо қайд карданд, ки онҳо ба мувофиқа расиданд, то тасдиқ ва истеҳсоли ваксинаҳоро тезонанд.

"Спутник V" метавонад кӯмак кунад: Аврупо ба норасоии шадиди ваксин рӯбарӯ шуд - навор

Ёдовар мешавем, ки моҳи феврал Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба кишварҳо тавсия надод, ки "шиносномаҳои ковид" -ро, ки барои сафарҳои байналмилалӣ истифода мешаванд, пешниҳод кунанд.

Гап дар сари он аст, ки маъракаҳои эмгузаронӣ ҳанӯз характери оммавӣ нагирифтаанд ва маълум нест, ки ваксинаҳо ба паҳншавии COVID-19 чӣ гуна таъсир мерасонанд.

0
Барчаспҳо:
шиноснома, Иттиҳоди Аврупо
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (968)