Навори пирӯзии мутлақи Асрор Воҳидов: рақиби африқоияшро мағлуб кард - видео

168
(Таҷдидшуда 19:45 25.01.2021)
Асрор Воҳидов, муштзани шикастнадидаи тоҷик, дар мусобиқаи байналмиллалии "RCC Boxing Promotions" камарбанди WBO (Созмони ҷаҳонии бокс)-ро соҳиб гашт

Ин рақобати нуҳуми Воҳидов буд, ки бидуни шикаст поён ёфт. Мусобиқот шоми 23 январ дар шаҳри Екатеринбург баргузор гардида, Воҳид Асроров намояндаи Африқои Ҷанубӣ Тато Бонокоанеро шикаст дод.

Мавриди зикр аст, ки рақобат барои ҳарду варзишкор шадид оғоз шуд, аммо Воҳидов майдондориро аз даст намедод ва ин буд, ки пас аз зарбаҳои шадиди пайиҳам ҳарифашро дар даври 9-ум нокаут кард.

Видеои муштзании Воҳидови шикастнадида бо “Ракета”-и қазоқ: пирӯзӣ баъди нокдаун-навор

Гуфта мешавад, ин рақобат барои Воҳидов зарурӣ буд, зеро он барои камарбанди WBO Oriental баргузор шуда буд.

Ҳамакнун Воҳидови 26-сола дар 9 сабқати касбӣ 9 пирӯзӣ ба даст овард.

Ёдовар мешавем, Асроров ахири соли гузашта варзишкори украинӣ Данило Савченко ва қабл аз он Ержан Залилов, муштзани қазоқ, бо лақаби "Ракета"-ро шикаст дод.

Асрор Воҳидов 20 октябри соли 1995 дар Исфара таваллуд шудааст. Варзишгар дар вазнҳои то 52 кг ва то 56 кг баромад мекунад.

168
Барчаспҳо:
навор, варзишгари тоҷик, пирӯзӣ

Раҳмон дар бораи таҳдиди обшавии пиряхҳои Помир: навор

67
(Таҷдидшуда 20:01 04.03.2021)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсатмадорони ҷаҳон даъват кард, ки ба обшавии пиряхҳои кӯҳӣ таваҷҷӯҳ кунанд, ки ин метавонад барои инсоният оқибатҳои бебозгашт ба бор орад

Дар нахустин ҷаласаи Гурӯҳи сатҳи баланд оид ба об ва иқлим дар шакли видеоконфронси СММ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд масъалаи муҳимро ба миён гузошт.

Президент, аз ҷумла, аҳамияти таваҷҷӯҳи ҷиддиро ба захираҳои об қайд кард, ки имрӯз тағирёбии иқлим ба ҳаёти ҳаррӯза ислоҳот ворид карда истодааст ва аз ин рӯ ҷаҳон шоҳиди обшавии босуръати яхҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра мебошад.

"То охири аср, мо метавонем аз се ду ҳиссаи пиряхҳои Ҳимолойро аз даст диҳем. Чунин вазъият дар пиряхҳои Помир низ ба вуқӯъ мепайвандад. Намунаи равшани он обшавии пиряхҳои континенталии ҷаҳон дар Тоҷикистон аст",-  гуфт Президент. 

Сарвари давлат мушаххас кард, ки вай пиряхи Федченкоро дар назар дорад, ки дарозии он беш аз 75 километр аст.

Вай гуфт, ки тибқи маълумоти олимон, пиряхи Федченко дар тӯли 70-80 соли охир беш аз як километр ақибнишинӣ кардааст ва дар масоҳат 44 километри мураббаъ коҳиш ёфтааст.

Ғайр аз он, он ҳаҷми худро беш аз 15 километри мукааб аз даст додааст; суръати миёнаи ақибнишинии забони пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.

Барои омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон беш аз 25 миллион сомонӣ ҷудо шуд

Дар ин робита, Президенти Тоҷикистон аз сиёсатмадорон даъват ба амал овард, ки таваҷҷӯҳи СММ-ро ба ин ҷалб кунанд, зеро ҳамаи ин ба оқибатҳои хеле манфӣ оварда мерасонад.

Масалан, об шудани пиряхҳо дар Арктика ва Антарктида боиси баланд шудани сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ мегардад ва ин дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва беҳбудии садҳо миллион сокини Замин таҳдид кунад.

67

Размикори тоҷик дар як дақиқа рақиби русашро мағлуб кард - видео

263
(Таҷдидшуда 19:09 04.03.2021)
Муқовимати Артем Кургулини рус ва размикори тоҷик Аҳмад Боқараев бо пирӯзии боэътимод ва зебо ба анҷом расид

Охири ҳафтаи гузашта мусобиқаи муҳорибаҳои омехта: "Колизей: Батли чемпионҳо 19" баргузор шуд.

Дар октагон паҳлавонон аз Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон ва Ӯзбекистон вохӯрданд.

Задухӯрд байни ҷанговари рус Артем Кургулин ва варзишгари Тоҷикистон Аҳмад Бойқараев шадид ҷараён гирифт.

Паҳлавонони ҷавон аз дақиқаҳои аввал кӯшиш накарданд, ки ба задухӯрдҳои бераҳмона дохил шаванд, балки дар дақиқаҳои баъдӣ "ҳамдигарро санҷиданд".

Пас аз зарбаҳои мутақобила, Кургулин қарор кард, ки тоҷикро санҷида, ба муборизаи наздик мегузарад.

Қапид ва буғӣ кард: размикори тоҷик дар як дақиқа рақиби қирғизашро аз пой афтонд - видео

Аммо паҳлавони Русия ноком шуд: Бойқараев гарданашро сахт гирифту, рақибро печутоб дод ва боздошт. Пас аз чанд сония варзишкори рус аз пой афтид.

Пас аз пирӯзӣ, мухлисони варзишкори тоҷик ба майдон баромаданд ва ғолибро табрик карданд.

263
Барчаспҳо:
мағлубият, пирӯзӣ, зӯрозмоии размикорон, Русия, Тоҷикистон
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров

Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меравад

360
Роҳбари Қирғизистон Содир Ҷаббаров бо сафари расмӣ ба Душанбе сафар карданист ва дар ояндаи наздик ӯ инчунин аз Ӯзбекистон, Чин ва Туркманистон дидан хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов қасд дорад ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад, гуфт вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Руслан Казакбоев дар як нишасти матбуотӣ.

Зимни суханронӣ дар брифинг роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи сафарҳои ояндаи байналмилалии сарвари давлат сухан гуфт.

"Президент ният дорад сафари навбатии худро ба Ӯзбекистон анҷом диҳад. Тахминан рӯзҳои 11-12 март", -  гуфт сарвари вазорати корҳои хориҷӣ.

Ба гуфтаи Казакбоев, Ҷабборов инчунин қасд дорад ба кишварҳои ҳамсоя - Чин, Тоҷикистон ва Туркманистон сафар кунад.

Ҷабборов ба кишвардори Русия тӯҳфаи ғайриоддӣ дод

Хотиррасон мекунем, ки қаблан Президент ба Русия ва Қазоқистон ташриф оварда буд.

Дар Маскав вай бо Владимиров Путин мулоқот кард. Ҷабборов ба ҳамтои руси худ тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро тақдим кард.

360
Барчаспҳо:
сафар, Тоҷикистон, раисҷумҳур, Қирғизистон