Эътироз ба хушунат табдил ёфт: норозигии кишоварзони Ҳинд аз ислоҳоти ҳукумат -видео

147
(Таҷдидшуда 15:39 27.01.2021)
Ислоҳот дар бахши кишоварзӣ дар Ҳинд кишоварзони ин кишварро ба хашм овард ва онҳо даст ба эътироз заданд, ки бо задухурд бо нерӯҳои амниятӣ анҷом ёфт

Нерӯҳои амниятии Ҳинд бо гази ашковар ва калтак  даҳҳо ҳазор нафар аз кишоварзони мӯътаризро дар пойтахт пароканда карданд.

Кишоварзони ҳиндӣ бо тракторҳои худ дар Деҳлӣ дар рӯзи ҷумҳурӣ тазоҳуроти мусолиматомез баргузор кунанд ва барои ин тазоҳурот муҷаввизи давлати Модиро низ дарёфт карда буданд, аммо бо ин ҳол ин тазоҳурот ба хушунат кашида шуд.

Расонаҳо аз ҷон бохтани як кишоварз бар асари чаппа шудани трактор хабар медиҳанд.

Кишоварзони ҳиндӣ аз ҳудуди думоҳи пеш дар эътироз ба ислоҳоти давлат дар ҳавзаи кишоварзӣ дар бархе аз шаҳрҳо монанди пойтахти ин кишвар эътисоб кардаанд.

Ба дунболи бурузи хушунатҳо, давлати Ҳинд  интернетро дар пойтахт қатъ кардааст.

147
Барчаспҳо:
ислоҳот, амният, эътироз, эътироз, Ҳинд, Деҳлӣ

Вулқон дар Индонезия бо таркиши қавӣ хокистарро то панҷ километр пароканда кард - навор

7
(Таҷдидшуда 15:10 02.03.2021)
Дар Интернет аввалин видеои хурӯҷи вулқони Индонезия пайдо шуд, ки муддати тӯлонӣ ҳеҷ гуна фаъолият нишон надод ва хатар эҷод накард

Дар Индонезия вулқони Синабунг абри хокистарро ба масофаҳои зиёди атрофи худ рехт. Кӯҳ сутуни чархзанандаи хокистаррангро ба осмон партофтааст.

Дар Интернет фавран наворҳо аз лаҳзаи хокпошии ин вулқон роҳ ёфт, ки касро ба ҳайрат мегузорад. Абри хокистаранг осмони минтақаҳои аҳолинишинро фаро гирифтааст. Тақрибан 6 киломметр дуртар аз вулқон 12 деҳаи аҳолинишин ҷой гирифтаанд.

Наздиктарин шаҳр ин Каро мебошад. Ҳарчанд хатари вулқон ба сокинони ин  шаҳр намерасад, вале мақомот аз мардум хоҳиш мекунанд, ки ба ҳар сурат эҳтиёткор бошанд.

Тибқи иттилои Маркази вулқоншиносии Индонезия, ин аввалин хурӯҷи бузург аз моҳи августи соли 2020 аст ва дар маҷмӯъ, вулқони Синабунг тақрибан 400 сол боз дар хоб аст.

Чанд ҳафта пеш, вулқоншиносон аллакай ба афзоиши фаъолияти онро пешгӯӣ карданд.

7
Барчаспҳо:
навор, Индонезия

COVID - 19 ақибнишинӣ дорад: сироятёбӣ дар ИДМ рӯ ба коҳиш ниҳодааст - видео

54
(Таҷдидшуда 12:54 02.03.2021)
Роспотребнадзор аз коҳиш ёфтани ҳолатҳои сироятшавии сокинони ИДМ ба маризии коронавирус хабар медиҳад

Ҳолатҳои нави сироятшавии сокинони ИДМ ба маризии коронавирус рӯ ба коҳиш ниҳодааст, хабар медиҳад Роспотребнадзор.

"Далели коҳиш ёфтани сироятёбӣ ба риояи чораҳои пешгирикунанда, нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ ва ҳамзамон фаъол шудани маъракаи эмгузаронӣ рабт дорад", - таъкид мешавад дар хабари Роспотребнадзор.

Манбаъ меафзояд, бидуни эмгузаронӣ пирӯз шудан бар вирус ғайримаҳол аст, зеро дар ҷаҳон танҳо 10 дарсади аҳолӣ алайҳи ин вирус масуният доранду халос.

Дар ҳамин ҳол, шумораи ваксинҳо алайҳи коронаиврус низ дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст.

Танҳо дар Русия аллакай 3 навъи ваксин таҳия шудааст, ки инҳо "Спутник V", "ЭпиВакКорона", ва "КовиВак" мебошанд.

Дар Маскав озмоиши ваксинаи "Спутник Лайт" оғоз шуд

Илова бар ин, моҳи март боз як ваксини дигари Русия бо номи "Спутник Лайт" таҳия мешавад. Ҷанбаи фарқкунандаи ин ваксин аз дигар ваксинҳо дар он аст, ки бо он фақат як маротиба эм мекунанд. Ҳамзамон он барои одамони синну соли то 40 - сола пешбинӣ мешавад.

Ба тахмини мутахассисони Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҳамагирии коронавирус танҳо авоили соли 2022 ба анҷом мерасад.

54
Барчаспҳо:
коҳиш, маризӣ, ИДМ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон