Размикори тоҷик бар ҳарифи русиягии худ дарстболо шуд: дар як дақиқа ӯро буғӣ кард - навор

940
(Таҷдидшуда 18:58 28.01.2021)
Солеҳ Ҳасанов дар нахустин дақиқаҳои муҳориба ҳарифи худро аз Русия бо роҳи буғӣ кардан, шикаст дод

Дар Маскав бори нахуст мусобиқаи "Колизей. Набарди қаҳрамонҳо" баргузор гардид, ки дар он теъдоди зиёди размикорон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Муҳорибаи аз ҳама диданӣ набарди размикори тоҷик бо ҳарифи русиягии ӯ буд.

Размикори тоҷик дар 11 сония рақибаш аз Ӯзбекистонро “беҳуш” кард – видео

Солеҳ Ҳасанов дар ин мусобиқа бо Александр Баталов намояндаи Русия вориди майдон шуд ва дар зудтарин фурсат тавонист ӯро бо усули буғӣ кардан мағлуб созад.

Дар навор маълум аст, ки Ҳасанов ҳарифи худро нахуст ба замин сарозер карда, сипас бо дастони худ ӯро нафасгир кард.

Дар анҷоми навор, размикори тоҷик ба кулли ҳаводорони худ изҳори миннатдорӣ намуд.

940
Барчаспҳо:
навор, пирӯз, тоҷик, размикор
(39:22 / 472.37Mb / просмотров видео: 26)

Гуфтугӯи вазирони корҳои хориҷии Русия ва Афғонистон: анҷоми пахши мустақим

77
(Таҷдидшуда 16:29 26.02.2021)
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро бо иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар баррасӣ мекунад

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо ҳамтои афғони худ Муҳаммад Ҳаниф Атмар гуфтушунид мекунад.

Ин нахустин сафари иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Афғонистон ба Маскав аст.

Интизор меравад, ки дар музокирот Лавров ва Атмар ба рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба ва мушкилоти ҳалли мусолиматомез дар Афғонистон таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд.

Аз ҷумла, ҷонибҳо ба нақша гирифтаанд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаи энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ баррасӣ кунанд.

Нигарониҳои СААД аз ҳузури ҳазорон ҷангҷӯ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Гуфтушуниди намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ дар арафаи 100-солагии Шартномаи дӯстии Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Русия ва Афғонистон, ки 28 феврал таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад.

77

Инфиҷори сахт дар Нижний Новгород - навор

126
(Таҷдидшуда 12:49 26.02.2021)
Дар хонаи истиқоматие дар Нижний Новгород таркиши шадид сар зад: бино бар иттилои пешакӣ эҳтимол он дар қаҳвахонаи "Самурай" рух додааст

Таркиши гази маишӣ дар таҳхонаи бинои нуҳтабақаи шаҳр рух дод. Дар ин бора Раёсати минтақавии ВҲФ Русия хабар медиҳад.

Бино бар иттилои пешакӣ, таркиш дар қаҳвахонаи "Самурай"-и бинои нӯҳтабақаи кӯчаи Мешерскии ноҳияи Канавинск рух додааст.

Хабар дар бораи таркиш ба хадамоти оҷилӣ соати 9:13 бо вақти Маскав дастрас шуд. 

Гуфта мешавад, пас аз таркиш сӯхтор сар шуд ва сокинон оҷилан аз бино берун карда шуданд.

Феълан дар бораи талафоти ҷонӣ маълумоте нест, аммо бино бар наворҳои фаврӣ, бино пурра тахриб шудааст. 

Ба иттилои шоҳидон, садои таркиш мошинҳои таваққуфгоҳи назди биноро такон додааст.

Маълумоти бештар дақиқ карда мешавад, ба ҷои ҳодиса гурӯҳи фаврии ВҲФ равон шудаанд.

126
Барчаспҳо:
навор, Русия, инфиҷор
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото

Вазир дар бораи ифтитоҳи марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Наврӯз - мешавад ё не?

632
(Таҷдидшуда 21:01 26.02.2021)
Намояндагони мақомот тавзеҳ доданд, ки кай сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонанд бе мамоният марзи ду кишварро убур кунанд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Намояндагони вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гуфтушунид баргузор карданд, ки дар рафти он масоили ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шуд.

Дар расонаҳои маҳаллӣ пас аз ин мулоқот маълумот пайдо шуд, ки намояндаи вазорати корҳои хориҷии  Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва муовини аввали вазири умури хориҷии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев масоили ифтитоҳи марзро баррасӣ карданд.

Аз ҷумла хабар дода мешавад, ки сарҳадҳои байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон эҳтимол дорад дар Наврӯз ифтитоҳ шавад.

Хабарнигори  Sputnik Тоҷикистон барои равшанӣ андохтан ба ин масъала, ба вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим муроҷиат кард.

"Мо бо Ӯзбекистон муносибатҳои хубу наздик дорем. Дар соҳаи нақлиёт хело муносибати зич дорем ва феълан масоили мубрамро баррасӣ мекунем, аммо дар бораи ифтитоҳи гузаргоҳҳо гуфтушуниде анҷом надодаем", - изҳор дошт Азим Иброҳим.

Гузаргоҳи "Ҷартеппа" дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон барои донишҷӯён боз шуд

Вазири нақлиёти Тоҷикистон афзуд, ки марзи байни Тоҷикистон ҳамон вақт ифтитоҳ мешавад, ки "пандемия ба анҷом расад, яъне вазъи мусоиди эпидемиологӣ ба вуҷуд ояд".

632
Барчаспҳо:
марз, Ӯзбекистон, Тоҷикистон