Парвоз бо таксӣ: рӯнамоии таксии парвозкунанда дар Маскав - навор

239
(Таҷдидшуда 11:17 30.01.2021)
Дар Маскав таксии парвозкунанда рӯнамоӣ шуд. Тавассути ин таксӣ натанҳо одамон балки ҳамлу нақли бор низ амҷом дода мешавад.

Муаррифии таксиҳои парвозкунанда рӯзи душанбе дар Лужникии Маскав баргузор шуд.

Эйр таксӣ ҳавопаймои бесарнишини мусофирбарест, ки метавонад ҳамзамон ду нафарро ба ҳаво бардорад (вазни умумӣ то 300 кило).

Мошин тавассути системаи рақамӣ идора карда мешавад, ки мусофирро аз назорат комилан хориҷ мекунад ва амнияти осмонро назорат мекунад. Ҳавопаймои бесарнишин қодир аст ба баландии тақрибан 150 метр баромада, дар як соат то 200 километрро тай кунад.

Пеш аз ҳама, созандагони ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия ба амнияти мусофирон таваҷҷӯҳ зоҳир карданд - дастгоҳ дорои капсулаи муҳофизатӣ, парашютҳои баллистикӣ, инчунин муҳаррикҳои пӯшидаи электрикӣ мебошад.

Таҳиягарон умедворанд, ки ихтирои онҳо нисбат ба таксиҳои оддии автомобилӣ хеле фоидаовар ва аз ҷиҳати экологӣ тоза хоҳад буд, зеро дрон ба бензин ниёз надорад, сафар бо ҳавопаймо дар фазо зудтар аст, аз ин рӯ, роҳкиро арзонтар хоҳад шуд.

Александр Атаманов, директори генералии ширкати таксиҳои бесарнишини "Ховер" гуфт, ки оғози фаъолияти аввалин такси парвоз дар Русия соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.

239
Барчаспҳо:
замонавӣ, нав, парвоз, таксӣ, Маскав

Бибии 77-сола дар TikTok миллион тамошобин ҷамъ овард

41
Екатерина Горбунова аз шаҳри Ейскаи Русия ситораи ҳақиқии Интернет шуд

Пирӣ ба бибии нафақахӯри  77-сола монеаи байни ҷавонон буданаш нашудааст. 

Нафақахӯр фаъолона видеоҳои ҳаҷвиро ба навор мегирад ва дар TikTok мегузорад.

Ситораи Tik Tok, зодаи Тоҷикистон Дина Саева табобат мегирад

Ба корбарон чунин амалҳои бибӣ писанд омадааст ва ӯро блогери комил гуфтан мумкин аст.

Бибӣ феълан дар саҳифааш дар Тикток  500 ҳазор аъзо дорад, аммо ӯ ин шумораро боз ҳам бештар карданист.

 

Наворҳояшро то миллион бор тамошо кардаанд.

"Tik Tok" аз раисҷумҳури Амрико ба додгоҳ шикоят мебарад

Тафсилоти ҷолибро аз навори мо тамошо кунед.

41

Нишасти изтирории чархболи низомии Русия дар Сурия - видео

131
(Таҷдидшуда 15:31 28.02.2021)
Чархболи нерӯҳои фазонавардии Русия, Ми-35 дар қаламрави Сурия бо сабабҳои техникӣ нишасти изтирорӣ анҷом дод

Нишасти изтиророӣ  ҳангоми посбонӣ дар қаламрави вилояти Ҳасеке рух додааст. Вазорати мудофиаи Русия қайд кард, ки ҳеҷ яке аз халабонҳо ҳангоми фуруди изтирорӣ осеб надидааст.

Ба иттилои Вазорати дифоъ, халабонҳо феълан дар фурудгоҳ ҳастанд.

"Рӯзи 28 феврали соли 2021, ҳангоми парвози нақшавӣ барои посбонӣ кардани қаламрави вилояти Хасеке дар ҷумҳурии Сурия, чархболи Ми-35 бо сабабҳои техникӣ ба таври изтирорӣ фуруд омад", - иттилоъ дод Вазорат. 

Манбаъ бо такя ба гузориши халабонҳо илова намуд, ки чархбол ҳадафи тирпаронӣ қарор нагирифтааст.

Мавридд ба зикр аст, ки чархболи нақлиётии Ми-8АМТШ ва чархболи ҷангии зарбазани Ми-35 дар Хасеке корвони мошинҳои мулкиро аз ҳаво посбонӣ мекунанд, ки дар шоҳроҳи стратегии M4 ҳаракат мекунанд.

Гурӯҳи низомиён дар чархболи Mi-8AMTSh дар масофаи 5-10 километр пеш аз корвони мошинҳо парвоз мекунанд, то минтақаро посбонӣ намоянду аз пайдоиши эҳтимолии ҷангҷӯён дар наздикии масир ҷилавгирӣ кунанд. Чархболи зарбазани Ми-35 корвонро аз қафо аз таъсири техникаи ҳарбии хориҷӣ муҳофизат мекунад.

131
Барчаспҳо:
чархбол, Сурия
Горы в  Таджикистане, архивное фото

Қарорҳои Ҳукумат барои тағйири номҳо: аз номи нави фурудгоҳи Хоруғ то қуллаи Боми Ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 22:03 28.02.2021)
Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули як қатор қарорҳо пешниҳоди вакилони маҳаллиро барои тағйири номи муассисаҳо ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ дар ВМКБ ҷонибдорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи номгузориҳои ҷадид зимни Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ қироат карда шуданд.

Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи собиқ сардори фурудгоҳи мазкур, корманди шоистаи авиатсия ва нақлиёти ҷумҳурӣ, Махсутшоев Дилдорбек гузошта шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон инчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошимро дар бораи тағйир додани номи қуллаи Комсомоли Украина ҷонибдорӣ намудааст. Номи нави ин қулла Боми Ҷаҳон мебошад.

Инчунин Ҳукумат қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз дар бораи номгузорӣ намудани мактаби №39-и деҳаи Пастироҳи ноҳияи Дарвоз ба номи Сафаров Сафар ва мактаби № 23 –и деҳаи Жаки ноҳияи Дарвоз ба номи Исломов Садриддинро тасдиқ кардааст.

Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дар бораи номгузориҳои ҷадид қарорҳои дахлдорро қабул намудааст.

0
Барчаспҳо:
Хоруғ, фурудгоҳ, Тоҷикистон