Эътирозҳо назди бинои ҳукумати Гурҷистон: мардум аз маҳдудиятҳо норизоянд -навор

62
(Таҷдидшуда 19:59 30.01.2021)
Рӯзи шанбе назди бинои ҳукумати Гурҷистон садҳо нафар даст ба эътироз шуданд. Мардум аз маҳдудиятҳои зидди коронавирус ибрози нигаронӣ мекунанд

Тақрибан 200 нафар пас аз зӯҳри рӯзи шанбе дар майдони Озодӣ ҷамъ омада, ба сӯи бинои идораи ҳукумат, ки дар наздикии он ҷойгир аст, раҳсипор шуданд.

Эътирозгарон дар даст шиорҳои "Тиҷорати мо мемирад", "Мо ба идомаи маҳдудиятҳо тоб намеорем", "Биёед кор кунем" дошта, аз ҳукуматдорон лағви маҳдудиятҳои ҷорибударо тақозо мекунанд.

Воқеият садди роҳи Гурҷистон ба Аврупо шуд

Аз 1 феврал дар Гурҷистон як қатор маҳдудиятҳои қаблан ҷоришуда, алахусус дар фаъолияти бозорҳо ва дӯконҳои либос бекор карда шуданд.

Муассисаҳои хӯрокворӣ дар Аҷаристон аз 1 феврал ба таври муқаррарӣ ба кор шурӯъ мекунанд. Нақлиёти ҷамъиятӣ дар аксар шаҳрҳо ва шаҳракҳои Гурҷистон дубора ба кор шурӯъ мекунад.

Аммо, дар се шаҳр - Тбилиси, Кутаиси ва Рустави маҳдудиятҳо дар кори нақлиёт то аввали моҳи март боқӣ хоҳанд монд.

Ҷараёни эътирозҳои шаҳрвандони Гурҷистонро аз навор тамошо кунед.

62
Барчаспҳо:
навор, эътироз, Гурҷистон

COVID - 19 ақибнишинӣ дорад: сироятёбӣ дар ИДМ рӯ ба коҳиш ниҳодааст - видео

21
Роспотребнадзор аз коҳиш ёфтани ҳолатҳои сироятшавии сокинони ИДМ ба маризии коронаиврус хабар медиҳад

Ҳолатҳои нави сироятшавии сокинони ИДМ ба маризии коронавирус рӯ ба коҳишшавӣ ниҳодааст, хабар медиҳад Роспотребнадзор.

"Далели коҳиш ёфтани сироятёбӣ ба риояи чораҳои пешгирикунанда, нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ ва ҳамзамон фаъол шудани маъракаи эмгузаронӣ рабт дорад", - таъкид мешавад дар хабари Роспотребнадзор.

Манбаъ меафзояд, бидуни эмгузаронӣ пирӯз шудан бар вирус ғайримаҳол аст, зеро дар ҷаҳон танҳо 10 дарсади аҳолӣ алайҳи ин вирус масуният доранду халос.

Дар ҳамин ҳол, шумораи ваксинҳо алайҳи коронаиврус низ дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст.

Танҳо дар Русия аллакай 3 навъи ваксин таҳия шудааст, ки инҳо "Спутник V", "ЭпиВакКорона", ва "КовиВак" мебошанд.

Дар Маскав озмоиши ваксинаи "Спутник Лайт" оғоз шуд

Илова бар ин, моҳи март боз як ваксини дигари Русия бо номи "Спутник Лайт" таҳия мешавад. Ҷанбаи фарқкунандаи ин ваксин аз дигар ваксинҳо дар он аст, ки бо он фақат як маротиба эм мекунанд. Ҳамзамон он барои одамони синну соли то 40 - сола пешбинӣ мешавад.

Ба тахмини мутахассисони Созмони ҷаҳонии беҳдошт, пандемия коронавирус танҳо авоили соли 2022 ба анҷом мерасад.

21
Барчаспҳо:
коҳиш, маризӣ, ИДМ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Воқеияти ҷадид: аз чӣ Качаряни зиндонӣ Пашинянро ҳушдор дода буд - видео

132
(Таҷдидшуда 18:21 01.03.2021)
Рӯзи аввали март - оғози муқовимати сарвазир Никол Пашинян ва президенти собиқ Роберт Кочарян мебошад, ки то ҳол чун парвандаи ба истилоҳ "1 март" идома дорад. Тафсилоти бештар - дар видеое, ки соли 2019 омода шудаст

Ҳанӯз дар соли 2019, Кочарян аз боздоштгоҳ ба идораи Sputnik як номаи хос фиристода буд. Дар мактуб, собиқ раисиҷумҳур вазъи онвақтаи дохилии сиёсиро шарҳ дода, инчунин сиёсати худи Пашинянро танқид кард.

Ҳоло суханони сарвазир Пашинян, ки дар мусоҳиба бо RT изҳор дошта буд, ба тарзи вижа садо медиҳанд: "Ман он гуна сарвазир нестам, ки ҳамеша аз гум кардани мақомам битарсам". 

"Раққоси бад": шубҳаи Пашинян аз эътимоднокии "Искандар"-и Русия

Маврид ба зикр аст, ки Кочарян дар номаи худ иттилоъ медиҳад, ки  сарвазир Пашинян аз пуштибонии ҳизби ифротии Сасна Срер бархӯрдор аст.

Аммо, вазъ аз соли 2019 то ба ҳол ба куллӣ тағир ёфт. Акнун гуруҳ аз пуштибонии сарвазир даст кашида, ҷонибдори шиори "На барои гузашта, на барои ҳозира, балки барои ояндаи миллӣ" мебошанд.

Гузашта аз ин, аъзои гурӯҳи ҳамном, ки дар асоси он ҳизб таъсис дода шуд, чанде пеш барои ҳамла ба полки пайроҳадорон дар Ереван ҳукмҳои тӯлонӣ гирифтанд.

132
Барчаспҳо:
сарвазир, президент, Арманистон
Машина полиции

Садамаи маргбор: ҳалокати пирамарди 76-сола зери чархи мошини Камолиддин

0
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи нақлиётӣ тайи рӯзи гузашта хабар медиҳад, ки бар асари он пирамарде ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 2 мар – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 28-уми феврал, тахминан соатҳои 22:20-дақиқа дар роҳи самти Шаҳритус ба самти ноҳияи Н.Хусрав дар ҳудуди дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Холматов сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашина, Нормуъминов Камолиддин Ураловичи 34-сола, сокини ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шаҳритус ба самти ноҳияи Н.Хусрав, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Холматов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хараробаро, ки дар болояш, Мадуллоев Аслами 76- сола, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи мазкур нишаста буд, пахш намудааст.

Дар натиҷа, Мадуллоев А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Садамаи маргбор дар роҳи "Душанбе-Кӯлоб" як куштаю се захмӣ бар ҷой гузошт

Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолати пахшсозии солхӯрдагон набуда, қаблан ВКД хабар дода буд, ки

Тоҳиров Исматулло Фатҳуллоевичи 61-сола, сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри Норак зери чархи 

“Лексус-450”-и Маҳмудзода Исфандиёр Сафаралии 38-сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳалок шуд.

0
Барчаспҳо:
мошин, ҳалокат, пирамард, садама, Тоҷикистон