Эҳсосоти Макгрегор, Поре ва занони онҳо дар сонияҳои аввали пас аз рақобат - видео

365
Шабакаи YouTube-канали UFC Russia навореро нашр кард, ки эҳсосоти размикорон Дастин Поре, Конор Макрегор ва ҳамсарони онҳоро дар сонияҳои аввали пас аз сабқати охир нишон дод

Мубориза миёни варзишкорони шинохта 24 январ дар доираи мусобиқаи UFC 257 баргузор шуд. Поре дар даври дуввум Макрегорро нокаут кард. Ин аввалин бохти нокаут дар карераи размикори ирландӣ буд.

Наворҳо нишон медиҳад, ки пас аз нокаут Макрегор танҳо ба худ меояд, Поре бошад дастҳояшро боло кардаву дар майдон давр мезанад.

Тими Макрегор ошуфта ва зани муборизи ирландӣ Ди Девлин рӯйҳояшро бо дастҳояш пӯшонида, ба он чӣ рӯй дода истодааст бовар намекунад.

Дар ҷониби дигари октагон, аъзои дастаи амрикоӣ ҷаҳида, ба дарун мешитобанд ва аз сабаби эҳсосоти зиёд суханҳои ғайриахлоқӣ мегӯянд.

Чунон зад, ки дар ҷои ҳодиса мурд: куштори марди 60-сола дар чойхонаи "Сомғор"

Зани ӯ Ҷоли Поре бо хурсандӣ фарёд мезанад: "Ман ба ту гуфтам!" Дар ҷавоб шавҳар ба ӯ муҳаббати худро мзҳор мекунад.

Баъдтар дар мусоҳиба дар назди камераҳо Ҷоли мегӯяд, ки ин бори охир буд, ки мардум ба шавҳари ӯ шубҳа карданд.

Раҳбари UFC Дана Уайт дар ин вақт аз оилаи Поре хоҳиш мекунад, ки барои таҷлили пирӯзӣ ба октагон биравад.

Дар як мусоҳиба Макрегор иқрор мекунад, ки рақибаш "як пояшро задааст" ва Пореро як муборизи аҷиб меномад.
Вай ваъда медиҳад, ки баъди барқарор шудан дубора бармегардад.

Конор нахуст пас аз октагон баромадан ба назди занаш меравад ва ӯро ба оғӯш мегирад.

"Баъзан мисли дарранда мешавам": Поре дар бораи набардаш бо Макгрегор

Инчунин замоне нишон дода мешавад, ки Ҷоли Поре ба утоқи Макрегор даромада, ба ӯ барои мубориза ва барои хайрияаш ба ташкилоти Поре ташаккур гуфт.

365
Барчаспҳо:
шикаст, пирӯзӣ, зӯрозмоии размикорон, қаҳрамони UFC

Занозанӣ дар Ереван: ҷонибдорону мухолифони Пашинян вориди муноқиша шуданд - навор

75
(Таҷдидшуда 16:04 25.02.2021)
Дар интернет навори занозании ҷонибдорон ва мухолифони сарвазир Пашинян роҳ ёфт

Дар Ереван ҳамзамон ду митинг баргузор мешавад. Ҷонибдорони сарвазир Никол Пашинян ва мухолифоне, ки истеъфои ҳукуматро талаб мекарданд, ба кӯчаҳои шаҳр баромаданд.

Эътирозҳо пас аз он сар шуд, ки муовини сардори ситоди кулл Тиран Хачатрян аз мақом барканор гардид.

Дар навор маълум аст, ки мухолифон ба сӯи ҷонибдорони Пашинян нафрату лаънатхонӣ мекуннад.

Ёдовар мешавем, ки Ситоди генералии Арманистон истеъфои сарвазир Никол Пашинянро талаб кард. Ғайр аз он, Ситоди Генералӣ инчунин талаб кардааст, ки ҳукумати Арманистон низ бояд истеъфо диҳад.

Мақоми марказии маъмурияти ҳарбӣ истеъфои Пашинянро пас аз барканории муовини аввали сардори ситоди кулл Тиран Хачатурян талаб кард.

Он бо қарори президент Армен Саркисян пас аз гуфторҳо ба унвонии сарвазири Арманистон сабукдӯш шуд.

75
Барчаспҳо:
навор, Никол Пашинян, мухолифин, муноқиша, Ереван

Лӯлиҳо хонаҳое доранд, ки мову Шумо надорем: баҳси лӯлиҳо дар нишаст

531
(Таҷдидшуда 13:54 25.02.2021)
Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ахиран таъкид доштааст, ки мақомот тасмим дорад лӯлиҳои минтақаро бо роҳи фароҳам овардани шароит аз талбандагӣ дар кӯчаҳо дур созанд

Убайдуллои Файзулло, ахиран зимни нишасти матбуотӣ қайд кардааст, ки дар ҳоли ҳозир дар ягон сохтори давлатии ноҳия лӯлиҳо сари вазифа нестанд.

“Лӯлиҳо дар вазифаҳои давлатӣ кор намекунанд. Аз ҷумла миёни онҳо низ раисони ҷамоат нестанд”, - гуфт раиси ноҳия.

Аммо ва афзуд, ки солҳои ахир ҷавонони лӯлӣ ба сафи артиши Тоҷикистон даъват шуданд. Ба гуфтаи вай соли гузашта аз минтақаи Ҷ. Балхӣ чаҳор ҷавони лулӣ ба сафи артиши миллӣ пайвастааст.

Ба гуфтаи мақомоти ноҳия дар 30 истиқлолият ба сафи артиш аз ин минтақа зиёда аз 30 ҷавони лӯлӣ  ба сафи артиш пайваста аст.

 Ҳамчунин Убайдуллои Файзулло зикр кард, ки солҳои ахир барои он ки фарзандони лӯлиҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон ба талбандагӣ машғул нашаванд, барномаи махсус роҳандозӣ шудааст.

Вай гуфт, ҳоло дар минтақа 3 мактабе вуҷуд дорад, ки дар он фарзандони лӯлиҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Раиси ноҳия бо таъкид афзуд, ки ҳоло нисбат ба солҳои қаблӣ шумори лӯлиҳо дар кӯчаву хиёбонҳо ба маротиб коҳиш ёфтааст.

“Дар аксари кишварҳои ҷаҳон мардумоне ҳастанд, ки ба талбандагӣ машғуланд. Дар Тоҷикистон ҳамин гуна мардум ҳаст”, - зикр кард раиси ноҳия.

Убайдуллои Файзулло бо ҳасуд афзуд, ки лӯлиҳо дар минтақаи  Ҷ. Балхӣ хонаҳое доранд, ки мақомдорони Тоҷикистон надоранд. Онҳо савори мошинҳое ҳастанд, ки шаҳрванди одии Тоҷикистон надорад.

“Онҳо Хонаҳое месозанд, ки мумкин ману мани мову шумо ё инки бойю ба давлати мо чунин хонаҳоро дар шаби хобашон мебинанд. Аксари хонаҳои онҳои аз ду ошёна баланд аст. Ягонташ мошини “Опел”-ла қизиқи ҳай кардан надорад”, - гуфт мақомдори тоҷик.

Ёдрас мешавем, қаблан Убайдуллои Файзулло Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабар дода буд, ки як нафар аз лӯлиҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар сохтмони иншооти ҷашнӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон шудааст.

“Саҳме, ки лӯлиҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар корҳои ободонии деҳаи худ анҷом додаанд, дар баъзе деҳоти калоне, ки ҳама соҳиби мансабҳои баланданд, чунин корҳоро накардаанд”, - изҳор дошт раиси ноҳия, аммо шарҳ надод, кадом деҳоти калону мансабдоронро дар назар дорад.

Раиси ҷамоати Ҳалевард Файзиддин Кишваров дар робита гуфт: “Ин нафаре, ки раиси ноҳия зикр кард, сокини лӯлитабори деҳаи “Коммунист” Нуриддин Яронов мебошад. Ӯ дар Русия фаъолият мекунад. Дар аввали сол як пул ба маблағи 72 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ сохта, ба истифода дод. Ҳамчунин бо ҳамдеҳагонаш дарвозаи деҳаашонро ба маблағи 32 ҳазор сомонӣ сохтанд. Аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти семоҳа барои фаъолона иштирок карданаш дар сохтмони иншооти ҷашнӣ соҳиби мукофот ва ифтихорномаи раиси вилоят гардид. Ҳамзамон Лӯлии саховатманд тасмим дошт истгоҳи замонавӣ дар ҳудуди деҳаашон, ки наздики шоҳроҳ аст, бисозад”.

531
Барчаспҳо:
шароит, Ҷалолиддини Балхӣ, талбандагӣ, лӯлиҳо, Тоҷикистон
Премьер-министр Никол Пашинян проходит по улицам столицы (25 февраля 2021). Еревaн

Пашинян мегӯяд, ба ҳеҷ ваҷҳ тарки Арманистон намекунад

0
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян сару садоҳо дар мавриди берун рафтани ӯ аз қаламрави кишварро шарҳ дода, мегӯяд, нияти тарк кардани ватанро надорад

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян зимни эътироз бо ҷонибдорони худ дар маркази Ереван изҳор дошт, ки аз Арманистон берун намеравад.

Қаблан Telegram-канал, хабар дод, ки ҳавопаймои махсус аллакай омода аст ва дар сурати бад шудани вазъият Пашинян зуд ватанро тарк мекунад.

Ситоди генералии Арманистон истеъфои Пашинянро талаб кард

Аммо сарвазир ин гуна маълумоҳоро терроризми иттилоотӣ номида гуфт, "ҳар чӣ мардуми мо бо ингуна ахборот одат кардаанд".

"Ман нияти тарк карадни давлатро надорам ва ба ҳеҷ ваҷҳ аз Арманистон берун намеравам. Хонаводаи ман ҳам дар ҳамин ҷо аст. Шумо ҳоло худ шоҳид мешавад, зеро онҳо маҳз ба мо ҳамроҳ мешаванд", - афзуд Пашинян.

Аз наворҳо маълум аст, ки зимни эътирозҳо, Пашинянро писари ӯ Ашот ҳамроҳӣ мекунад.

Бӯҳрони сиёсӣ дар Арманистон пас аз он шиддат гирифт, ки Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳ рӯзи 25 феврал истеъфои сарвазирро талаб кард ва гуфт, ки роҳбарияти сиёсӣ давлатро ба дами хатар мерасонад. Ин пас аз он рух дод, ки сарвари ҳукумат муовини аввали сардор генерал-лейтенант Тиран Хачатрянро, ки қаблан изҳороти сарвазирро дар бораи Искандар танқид карда буд, аз вазифа сабукдӯш кард.

Занозанӣ дар Ереван: ҷонибдорону мухолифони Пашинян вориди муноқиша шуданд - навор

Дар посух, сарвазир дар бораи кӯшиши табаддулот эълон кард ва шаҳрвандонро даъват кард, ки дар майдони ҷумҳурӣ ба хотири "дифоъ аз инқилоб" ҷамъ оянд.

Вай инчунин гуфт, ки дар бораи аз вазифа сабукдӯш кардани Сардори Ситоди Генералии Арманистон Оник Гаспарян қарор имзо кардааст. Аммо, президент то ҳол зери ин санад имзо нагузоштааст.

0
Барчаспҳо:
тарк, Арманистон, Никол Пашинян