Эм шудӣ, арзон мехӯрӣ: хизматгузории нав дар тарабхонаҳои арабӣ - навор

79
(Таҷдидшуда 18:55 01.02.2021)
Дар тарабхонаҳои Аморати Муттаҳидаи Араб хизматгузории ҷадид ба муштариён пешниҳод мешавад. Нафароне, ки алайҳи маризии коронавирус эм гирифта бошанд, 30 дарсади хароҷоти ғизояшонро муассиса худ пардохт мекунад

Тарабхонаҳои АМА 30 дарсад аз ҳаҷми маблағи хизматрасониро барои муштариёни худ пардохт мекунанд. Аммо ин иқдоми пешгирифтаи онҳо на мансуби ҳамагон буда, танҳо ба нафароне дахл дорад, ки аз коронавирус эм гирифта бошанд.

Дар АМА ҳудуди 10 миллион аҳолӣ ба сар мебаранд, ки аз ин миён танҳо 2,3 миллион нафар алайҳи коронаиврус эм гирифтанд.

Набарди пизишкони тоҷик алайҳи коронавирус: навор аз минтақаи сурх - видео

Алъон дар ин кишвар се намуди ваксин сабти ном гардидааст, ки инҳо ваксинаи сохти Русия "Спутник V", Sinopharm - и ҷопонӣ ва Pfizer-BioNTech - и амрикоӣ мебошад.

Зимнан, ин амали пешниҳоднамудаи тарабхонаҳо ҳамчун як намуди тарғиб кардани ваксинаҳо мебошад, ки дар сурати эм гирифтан онҳо метавонанд ба маблағи камтар хӯрок истеъмол кунанд.

Ҳукумати АМА чӣ гуна  пешироҳи паҳншавии ин бемориро мегиранд, муфассалтар дар навор тамошо кунед.

79
Барчаспҳо:
муштарӣ, навор, тарабхонаи беҳтарин, АМА

Размикори тоҷик варзишгари ӯзбекро мисли кудак латукуб кард видео

1036
(Таҷдидшуда 19:49 02.03.2021)
Як иштибоҳ ва муҳориба барои варзишкори ӯзбек анҷом ёфт: размикори тоҷик Муҳибшо Гулобов ӯро ба накаут равон кард

Боз як муҳорибаи ҷолиб дар турнири "Колизей. Мусобиқиаи Чемпиоҳо" баргузор шуд.

Дар ин мусобиқи варзишкорон аз Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон ва Ӯзбекистон иштирок доштанд.

Барои муҳориба ба майдон размикори тоҷик Муҳибшо Гулобов ва варзишкори ӯзбек Нуриддин Ҳазратқулов баромаданд.

Рақобати ин ду варзишкор дар даври аввали мусобиқа анҷом ёфт. Баъд аз иштибоҳи размикори ӯзбек варзишкори тоҷик ӯро ба накаут равон карду сипас мисли кудак латукуб намуд. Ҳамин тавр Муҳибшо Гулобов бар рақиби худ пирӯз шуд. 

Ҳамон лаҳза ки Ҳазратқулов каме таваҷуҳашро гум кард, варзишкори тоҷик чанд зарбаҳои ҳадафнок зад. Варзишкори ӯзбек аз зарбаҳои сахти Муҳибшо ба замин уфтод ва сипас натавонист дубора боло шавад.

1036
Барчаспҳо:
пирӯз, ӯзбекон, размикор, тоҷик

Вулқон дар Индонезия бо таркиши қавӣ хокистарро то панҷ километр пароканда кард - навор

74
(Таҷдидшуда 15:10 02.03.2021)
Дар Интернет аввалин видеои хурӯҷи вулқони Индонезия пайдо шуд, ки муддати тӯлонӣ ҳеҷ гуна фаъолият нишон надод ва хатар эҷод накард

Дар Индонезия вулқони Синабунг абри хокистарро ба масофаҳои зиёди атрофи худ рехт. Кӯҳ сутуни чархзанандаи хокистаррангро ба осмон партофтааст.

Дар Интернет фавран наворҳо аз лаҳзаи хокпошии ин вулқон роҳ ёфт, ки касро ба ҳайрат мегузорад. Абри хокистаранг осмони минтақаҳои аҳолинишинро фаро гирифтааст. Тақрибан 6 киломметр дуртар аз вулқон 12 деҳаи аҳолинишин ҷой гирифтаанд.

Наздиктарин шаҳр ин Каро мебошад. Ҳарчанд хатари вулқон ба сокинони ин  шаҳр намерасад, вале мақомот аз мардум хоҳиш мекунанд, ки ба ҳар сурат эҳтиёткор бошанд.

Тибқи иттилои Маркази вулқоншиносии Индонезия, ин аввалин хурӯҷи бузург аз моҳи августи соли 2020 аст ва дар маҷмӯъ, вулқони Синабунг тақрибан 400 сол боз дар хоб аст.

Чанд ҳафта пеш, вулқоншиносон аллакай ба афзоиши фаъолияти онро пешгӯӣ карданд.

74
Барчаспҳо:
навор, Индонезия
Акция по выдаче питания лицам без определенного места жительства

Нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфт

0
(Таҷдидшуда 20:31 02.03.2021)
Коршиносони байналмилалӣ ахиран эълон доштанд, ки қиммати ҷаҳонии ғизо ба болотарин сатҳ дар 6 соли гузашта расидааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нархи ҷаҳонии ғизо таҳти таъсири афзоиши ҳазинаи маводи ғизоӣ ба болотарин сатҳ дар беш аз 6 соли гузашта расидааст, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей" дар истинод ба гузориши шабакаи хабарии "Bloomberg".

Ба гузориши "Bloomberg", ҳамзамон қиммати колоҳои аслӣ афзоиш ёфта ва қимати ҷаҳонии маводи ғизоиро ба болотарин сатҳ дар шаш соли гузашта дар январи 2021 расондааст.

Бо тавваҷуҳ ба таъсири ҳамагирии корона дар раванди рушди иқтисодӣ, нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфтааст.

“Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Соли вазнин хоҳад буд”: нигарониҳои Раҳмон аз соли 2021

Ин шабакаи хабарӣ бо ишора ба афзоиши 30 то 61 дарсадии қимати ғизо дар кишварҳои мухталиф навишт, ки бозорҳои навзуҳӯр, фишори ношӣ аз афзоиши баҳои маводи хомро эҳсос мекунанд, зеро афзоиши қимати колоҳое ҳамчун нафт, мис ва ғаллот болотар аз ҳадди интизор будааст.

0
Барчаспҳо:
боло, қиммат шудан, ғизо, байналмилалӣ, ҷаҳон