Низомиёни амрикоӣ тарсиданд: навори парвози ҳайбатовари Су-24

548
(Таҷдидшуда 15:03 02.02.2021)
Дар интернет видеои парвоз кардани бомбандози Су-24-и Русия, ки дар наздикии як киштии ҳавопаймои амрикоӣ парвоз мекард, нашр шуд

Навори парвози шадиди Су-24-ро низомиёни амрикоӣ дар Твиттер нашр карданд. Пас аз чанд соат ин навор дар тамоми интернет паҳн шуд.

Ин ҳодиса дар Баҳри Сиёҳ рух додааст.

Дар видео дида мешавад, чӣ гуна бомбаандози Су-24-и Русия дар наздикии эсминеҷи амрикоӣ Доналд Кук парвоз мекунад.

Халабонон баъди вуруди ҳавопаймо ба Баҳри Сиёҳ чунин манёвр карданд. Баъдтар, дар он ҷо як киштии дигари ҷангии амрикоӣ - "Портер" намоён шуд. НАТО пайдоиши онҳоро ҳамчун посух ба "таҳкими низомии" Русия тавзеҳ дод.

Бомбандози Су-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро забт кард - видео

Баъдтар, фрегати Флоти Баҳри Сиёҳи Русия "Адмирал Макаров" дар пасманзари пайдо шудани ду эсминеҷи нерӯҳои баҳрии ИМА дар минтақа машқҳо гузаронд.

548
Барчаспҳо:
ҳавопаймо, навор, парвоз

Шаршараи Ниагара ях баст - навори ҷолиб

195
(Таҷдидшуда 15:48 27.02.2021)
Дар навор тамошо кунед, ки чигуна шаршара низ ях мебандад. Сайёҳон гуфтаанд, ин ҳодиса барояшон бисёр ҷолиб аст

Шаршараи Ниагара дар марзи ИМА ва Канада дар пайи ҳавои бисёр сард қисман ях баст.

Аммо сардиҳо сайёҳонро аз роҳашон ба тамошои ин шаршараи зебо бознаистондаанд. Шуморо тамошобинони Ниагар баръакс бештар шудааст.

Дар навор тамошо кунед, ки чигуна шаршара низ ях мебандад.

Шаршараи Ниагара - маҷмааи шаршараҳо дар дарёи Ниагара аст, ки иёлати Ню-Йорки Амрикоро аз вилояти Онтариои Канада ҷудо мекунад.  Гарчанде ки фарқи баландӣ чандон калон набошад ҳам, шаршараҳо хеле васеъанд ва аз ҷиҳати ҳаҷми обе, ки аз он мегузарад, шаршараи Ниагара пуриқтидортарин дар Амрикои Шимолӣ аст.

Баландии шаршараҳо 53 метрро ташкил медиҳад. Пойи шаршараҳои Амрикоро тӯдаи сангҳо пинҳон мекунанд, ки барои ҳамин баландии он ҳамагӣ 21 метрро ташкил медиҳад. Паҳноии шаршараҳои Амрико 323 метрро ташкил медиҳад.

195

Норозигии мухлисон баъди эълони шикасти Ғаффоров ва ваъдаи президенти "Ахмат" - видео

750
(Таҷдидшуда 15:19 27.02.2021)
Дар зӯрозмоии Absolute Championship Akhmat (ACA) 118 дар Маскав дар пайи сабқати Азам Ғаффоров, размикори тоҷик ва рақиби бразилиягияш Чарз Энрике моҷаро бархест

Доварони сабқат пирӯзиро ба размикори бразилиягӣ доданд, ки ин боиси норозигии мухлисони  Азам Ғаффоров шуд.

Нахуст низомиёни “Росгвардия” талош карданд, норозиёнро ором созанд ва сипас ба назди онҳо Абузайд Висмурадов, президенти бошгоҳи “Ахмат” омад. Ӯ ваъда дод, ки қазияро ҳал мекунанд.

Худи Азам Ғаффоров дар пайи сабқат дар суҳбат бо хабарнигорон аз тасмими доварон изҳори норозигӣ кард. Ӯ бо ишора ба рақибаш, ки ба зӯр аз майдон берун омада ҳаракат мекард, изҳор дошт, ки ин ҷо маълум буд, кӣ пирӯз гардид.

Ғаффоров таъкид кард, ки худро пирӯзи ин сабқат медонаду омода буд даври дигар ҳам зӯрозмоӣ кунад.

Феълан Ғаффорови 27-сола 11 пирӯзӣ ва ду бохт дорад.  Ҳар ду шикаст ҳам бо қарори доварон дода шудааст.

750
Барчаспҳо:
сабқат, мухлисон, Тоҷикистон
Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов, архивное фото

Ашқободҷон ё Пойтахтҷон: Бердимуҳаммадов ба навзодҳо ном мегузорад

173
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисҷумҳури Туркманистон феҳристе аз номҳои духтар ва писарро барои навзодҳо пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба навзодҳо ном мегузорад.

Тавре "Парс тудей" менависад, раисиҷумҳури Туркманистон барои навзодоне, ки қарор аст 25 майи соли 2021 ва дар 140-умин соли таъсиси Ашқобод мутаваллид шаванд, феҳристе аз номҳоеро пешниҳод кардааст.

 Туркманистон рӯзи шанбе Комиссиюни вижаи давлатиро барои созмондиҳии ин маросим эҷод кард ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури ин кишвар низ феҳристе аз номҳои духтар ва писарро барои хонаводаҳое, ки фарзандонашон 25 май ва ҳамзамон бо солгарди таъсиси Ашқобод (Aşgabat) мутаваллид мешаванд, пешниҳод кардааст.

"Раисиҷумҳури Туркманистон гуфта, ки ин иқдоми намодин аст, ки исми писари нахусти хонаводаро, ки 25 майи соли 2021 мутаваллид мешавад "Пойтахт" ё "Ашқобод" ва исми духтари нахустро ҳам " Марҷон" ё "Мая" бигузоранд", - менависад манбаъ.

Раисиҷумҳури Туркманистон ҳамчунин дастур додааст то ҳадяҳое барои ин навзодон, ки дар 25 моҳи май мутаваллид мешаванд, таҳия шавад.

Петар хабар дода шуд, ки раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов писарашро ба симмати муовини сарвазир таъйин кард.

Сардор Бердимуҳаммадов ба вазифаи муовини сарвазир ва раиси Палатаи олии назорат таъйин гардид. Гузашта аз ин, узви Шӯрои амнияти миллӣ низ интихоб шуд.

"Дунёи маънавии туркманҳо": нашри китоби дигари Бердимуҳаммадов, раҳбари Туркманистон

Кишвардори Туркманистон гуфтаст, ки тасмим гирифт, ба кабинаи вазирон боз як вазифаи муовини раисро ворид кунад. Ба гуфтаи ӯ, муовини нави раиси ҳукумат, Палатаи олии назоратро низ сарварӣ карда, узви Шӯрои амният хоҳад буд.

Вазифаҳои муовини сарвазир, рақамисозӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар системаи ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, тандурустӣ, маориф, молия ва иқтисодро дарбар мегиранд.

Ҳамзамон, Сардор Бердимуҳаммадов аз вазифаи вазири саноат ва истеҳсолоти сохтмон озод карда шуд.

173
Барчаспҳо:
номгузорӣ, навзод, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, Туркманистон