Сари як пиёла чой: низомиёни рус куҳансарбози 109-солаи тоҷикро хабар гирифтанд - навор

249
Низомиёни рус ба ноҳияи Ҳисор барои хабаргирии кӯҳансарбози 109-солаи тоҷик рафтанд ва сари як пиёла чой бо ӯ сӯҳбат оростанд

Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия Рашид Каримович 109-сола, иштирокдори Ҷанги бузурги Ватаниро бо солгарди пирӯзӣ дар муҳорибаи Ленинград шодбош гуфтанд.

Собиқадор полковник Сергей Горячев, фармондеҳи пойгоҳи 201-уми Русияро бо саломи гарму самимӣ ва ташаккур барои ташриф истиқбол кард.

Даргузашти Мирзо Бекматови 97-сола, ахирон куҳансарбоз аз Кӯлоб

Горячев дар навбати худ ба иштирокчии муҳорибаи Сталинград набардҳояш дар ҷанг изҳори сипос кард.

"Ман аз он фахр мекунам, ки дар паҳлӯи қаҳрамони он ҷанги хеле даҳшатнок ва хунин, ки дар он мардуми шӯравӣ ширкат варзиданд ва ғалабаи шоиста ба даст оварданд, ҳузур дорам", - гуфт вай.

Рашид Каримовмеҳмононро сари як пиёла чой шинонида, барояшон дастархон густурд ва дар бораи ҷанг нақлҳои аҷиб кард

Донишҷӯёни ансамбли "Славяне" -и Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон барои ӯ сурудҳои фронтӣ иҷро карданд.

 

249

Мӯъмин Шамсов паҳлавони қазоқро бо зарбаи барқвор ​​нокаут кард: видео

287
Дар мусобиқаи муҳорибаҳои омехта дар Қазоқистон размикори тоҷик мизбонро дар даври аввал шикаст дод

Дар мусобиқаи ҳунарҳои омехтаи OCTAGON 16 дар Алмаато миёни намояндаи Тоҷикистон Муъмин Шамсов ва варзишгари Қазоқистон Давлатбек Абдуқаҳоров муҳориба баргузор шуд.

Барои Мӯъмин Шамсов, ки 32-сола шуд, ин мубориза аввалин дар карераи касбии ӯ буд.

Давлатбек Абдуқаҳоров низ наметавонад бо таҷрибаи кофии варзишӣ фарқ кунад: вай барои мубориза бо тоҷик як ғалаба ва як мағлубият дошт.

Мубориза бо суръати тез оғоз ёфт: варзишгарон зуд ба табодули зарбаҳои сахт шурӯъ карданд.

Размикори қазоқ Шамсовро ба тури майдон ҷасф карда, ӯро маҷбур кард, ки мавқеи номусоидро ишғол кунад ва дар доираи васеъ хаста кунад.

Дар мобайни давр мубориза боздошта шуд: дидаю дониста ё на, қазоқистонӣ ба чашми Мумин зад. Пас аз каме таваққуф, рақибон набардро идома доданд.

Муштзани тоҷик Сангинов Лаваллеро шикаст дод - навори ҷолиби рақобат

Чунин ба назар мерасид, ки Абдуқаҳоров дар даври аввал пешсаф буд ва талоши бештар карда, кӯшиш кард, ки муборизаро ба замин барад. Аммо вақте ки размикори Қазоқистон танҳо як маротиба ҳимояаш кушода шуд, Мӯъмин Шамсов як зарбаи қавии ҳалкунанда зад.

Ҳаминтавр нахустин муборизаи касбии паҳлавони тоҷик бо нахустин пирӯзии боэътимоди ӯ тариқи нокаути техникӣ ба анҷом расид.

287
Барчаспҳо:
нокаут, пирӯзӣ, зӯрозмоии размикорон

Занозанӣ дар Ереван: ҷонибдорону мухолифони Пашинян вориди муноқиша шуданд - навор

114
(Таҷдидшуда 16:04 25.02.2021)
Дар интернет навори занозании ҷонибдорон ва мухолифони сарвазир Пашинян роҳ ёфт

Дар Ереван ҳамзамон ду митинг баргузор мешавад. Ҷонибдорони сарвазир Никол Пашинян ва мухолифоне, ки истеъфои ҳукуматро талаб мекарданд, ба кӯчаҳои шаҳр баромаданд.

Эътирозҳо пас аз он сар шуд, ки муовини сардори ситоди кулл Тиран Хачатрян аз мақом барканор гардид.

Дар навор маълум аст, ки мухолифон ба сӯи ҷонибдорони Пашинян нафрату лаънатхонӣ мекуннад.

Ёдовар мешавем, ки Ситоди генералии Арманистон истеъфои сарвазир Никол Пашинянро талаб кард. Ғайр аз он, Ситоди Генералӣ инчунин талаб кардааст, ки ҳукумати Арманистон низ бояд истеъфо диҳад.

Мақоми марказии маъмурияти ҳарбӣ истеъфои Пашинянро пас аз барканории муовини аввали сардори ситоди кулл Тиран Хачатурян талаб кард.

Он бо қарори президент Армен Саркисян пас аз гуфторҳо ба унвонии сарвазири Арманистон сабукдӯш шуд.

114
Барчаспҳо:
навор, Никол Пашинян, мухолифин, муноқиша, Ереван

Ҳамлаи ҳавоии ИМА ба Сурия бо фармони Байден: талафот ҳаст

0
(Таҷдидшуда 12:00 26.02.2021)
Президенти ИМА Ҷо Байден дар посух ба се ҳамлаи ҷангиён ба иншооти истифодашавандаи ИМА амр дод ба ҳадафҳои гурӯҳҳои тарафдори Эрон дар Сурия зарбаи мушакӣ занад

ДУШАНБЕ, 26 феврал - Sputnik. Амрико ба Сурия ҳамлаи ҳавоӣ ба як бинои марбут ба низомиёни тарафдори эрониро, ки аз Димишқ пуштибонӣ мекунад, оғоз кард, навиштааст Politico бо такя ба сухангӯи вазорати дифоъи ин кишвар.

Маълум шудааст, ки фармони партоби мушакро худи президент Ҷозеф Байден додааст.

Рӯзномаи Washington Post бо такя ба як манбааш дар маъмурияти Амрико хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ чанд нафар кушта шуданд.

Вазири мудофиаи ИМА Ллойд Остин гуфт, ки низомиёни ИМА ба маълумоти иктишофии ҷониби Ироқ такя мекунанд ва ба дурустии зарба эътимод доранд.

Манбаъ қайд кард, ки ин зарба характери мудофиаӣ дошт ва посух ба се ҳамла ба артиши ИМА аз ҷониби ҷангиён дар моҳи феврали соли 2021 буд.

Гуфта мешавад, амалиёти низомӣ ба пешгирии ҳамлаҳои оянда ба пойгоҳи ИМА равона шуда, он бидуни ширкати шарикони Вашингтон дар эътилофи низомӣ гузашт.

 

"Мо онҳоро нодида гирифтем": Ғарб комёбии низомии Русияро дар Сурия эътироф кард

Дар навбати худ, сухангӯи Пентагон Ҷон Кирби гуфт, ки ҳадафи ҳамлаи амрикоиҳо объектҳои гузаргоҳи марзӣ дар шарқи Сурия буд, ки онро гурӯҳҳои мусаллаҳ истифода кардаанд.

"Ҳамла паёми возеҳе медиҳад, ки президент Байден барои ҳимояи контингенти амрикоӣ ва шарикони эътилофи мо амал хоҳад кард",-гуфт Кирби.

Дар ҷараёни амалиёт ҷангҷӯёни амрикоӣ ба ҳафт ҳадаф ҳафт бомбаи дақиқи 500-фунтӣ партофтаанд.

0
Барчаспҳо:
фармон, Ҷо Байден, ҳамла, ИМА, Сурия