Чӣ гуна Тоҷикистон Молдоваро голборон кард? видеои лаҳзаҳои беҳтарин

294
(Таҷдидшуда 18:28 03.02.2021)
Голҳоро Ҳукмиддин Шомуродов, Хусрав Тоиров, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Асадбек Ҷурабекзода ва Сунатулло Азизов ба ҳадаф расониданд

Тими ҷавонони Тоҷикистон дуввумин бозии худ дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2021" яккачини Молдоваро бо ҳисоби бузург шикаст дод.

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар даври дуюми Мусобиқаи байналмилалии футболи "Ҷоми Рушд-2021" дар Минск ҳамсолони худ аз дастаи Молдоваро бо ҳисоби 5:1 мағлуб намуданд.

Ин рақобат рӯзи чоршанбеи 3 феврал соати 14:00 ба вақти Душанбе баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии аввалини худ дар мусобиқаи "Ҷоми Рушд-2021" дар кишвари Белорус ҳамтоёни қазоқи худро бо ҳисоби 7:1 мағлуб карда буд.

Даври сеюми Мусобиқаи байналмилалии ҷавонон "Ҷоми Рушд-2021" дар Минск рӯзи 6 феврал баргузор мешавад. Дар ин рӯз тими Молдова (U-17) бо Қазоқистон (U-17) ва дастаи Белорус  (U-17) бо Тоҷикистон (U-17) ба майдон мебароянд.

Панҷ бар як: мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тими Молдоваро голборон кард

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар ин мусобиқот ширкат мекунад.

294
Барчаспҳо:
Минск, Молдова, Тоҷикистон, Футбол, бозӣ

Размикори тоҷик варзишгари ӯзбекро мисли кудак латукуб кард видео

1037
(Таҷдидшуда 19:49 02.03.2021)
Як иштибоҳ ва муҳориба барои варзишкори ӯзбек анҷом ёфт: размикори тоҷик Муҳибшо Гулобов ӯро ба накаут равон кард

Боз як муҳорибаи ҷолиб дар турнири "Колизей. Мусобиқиаи Чемпиоҳо" баргузор шуд.

Дар ин мусобиқи варзишкорон аз Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон ва Ӯзбекистон иштирок доштанд.

Барои муҳориба ба майдон размикори тоҷик Муҳибшо Гулобов ва варзишкори ӯзбек Нуриддин Ҳазратқулов баромаданд.

Рақобати ин ду варзишкор дар даври аввали мусобиқа анҷом ёфт. Баъд аз иштибоҳи размикори ӯзбек варзишкори тоҷик ӯро ба накаут равон карду сипас мисли кудак латукуб намуд. Ҳамин тавр Муҳибшо Гулобов бар рақиби худ пирӯз шуд. 

Ҳамон лаҳза ки Ҳазратқулов каме таваҷуҳашро гум кард, варзишкори тоҷик чанд зарбаҳои ҳадафнок зад. Варзишкори ӯзбек аз зарбаҳои сахти Муҳибшо ба замин уфтод ва сипас натавонист дубора боло шавад.

1037
Барчаспҳо:
пирӯз, ӯзбекон, размикор, тоҷик

Вулқон дар Индонезия бо таркиши қавӣ хокистарро то панҷ километр пароканда кард - навор

74
(Таҷдидшуда 15:10 02.03.2021)
Дар Интернет аввалин видеои хурӯҷи вулқони Индонезия пайдо шуд, ки муддати тӯлонӣ ҳеҷ гуна фаъолият нишон надод ва хатар эҷод накард

Дар Индонезия вулқони Синабунг абри хокистарро ба масофаҳои зиёди атрофи худ рехт. Кӯҳ сутуни чархзанандаи хокистаррангро ба осмон партофтааст.

Дар Интернет фавран наворҳо аз лаҳзаи хокпошии ин вулқон роҳ ёфт, ки касро ба ҳайрат мегузорад. Абри хокистаранг осмони минтақаҳои аҳолинишинро фаро гирифтааст. Тақрибан 6 киломметр дуртар аз вулқон 12 деҳаи аҳолинишин ҷой гирифтаанд.

Наздиктарин шаҳр ин Каро мебошад. Ҳарчанд хатари вулқон ба сокинони ин  шаҳр намерасад, вале мақомот аз мардум хоҳиш мекунанд, ки ба ҳар сурат эҳтиёткор бошанд.

Тибқи иттилои Маркази вулқоншиносии Индонезия, ин аввалин хурӯҷи бузург аз моҳи августи соли 2020 аст ва дар маҷмӯъ, вулқони Синабунг тақрибан 400 сол боз дар хоб аст.

Чанд ҳафта пеш, вулқоншиносон аллакай ба афзоиши фаъолияти онро пешгӯӣ карданд.

74
Барчаспҳо:
навор, Индонезия
Акция по выдаче питания лицам без определенного места жительства

Нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфт

0
(Таҷдидшуда 20:31 02.03.2021)
Коршиносони байналмилалӣ ахиран эълон доштанд, ки қиммати ҷаҳонии ғизо ба болотарин сатҳ дар 6 соли гузашта расидааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нархи ҷаҳонии ғизо таҳти таъсири афзоиши ҳазинаи маводи ғизоӣ ба болотарин сатҳ дар беш аз 6 соли гузашта расидааст, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей" дар истинод ба гузориши шабакаи хабарии "Bloomberg".

Ба гузориши "Bloomberg", ҳамзамон қиммати колоҳои аслӣ афзоиш ёфта ва қимати ҷаҳонии маводи ғизоиро ба болотарин сатҳ дар шаш соли гузашта дар январи 2021 расондааст.

Бо тавваҷуҳ ба таъсири ҳамагирии корона дар раванди рушди иқтисодӣ, нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфтааст.

“Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Соли вазнин хоҳад буд”: нигарониҳои Раҳмон аз соли 2021

Ин шабакаи хабарӣ бо ишора ба афзоиши 30 то 61 дарсадии қимати ғизо дар кишварҳои мухталиф навишт, ки бозорҳои навзуҳӯр, фишори ношӣ аз афзоиши баҳои маводи хомро эҳсос мекунанд, зеро афзоиши қимати колоҳое ҳамчун нафт, мис ва ғаллот болотар аз ҳадди интизор будааст.

0
Барчаспҳо:
боло, қиммат шудан, ғизо, байналмилалӣ, ҷаҳон