Мураббии футболбозони тоҷик сирри пирӯзиро ошкор кард: навор

294
(Таҷдидшуда 18:25 04.02.2021)
Мураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев пас аз пирӯзӣ дар сабқати "Ҷоми рушд-2021" дар Минск аз тассуроташ гуфт

Сармураббии тими футболи навраси Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев гуфт, ки ду пирӯзии комил дар сабқати "Ҷоми рушд-2021" ба футболбозони тоҷик чӣ кумак кард.

"Ба бозӣ хело ҷиддӣ омодагӣ медидем. Бо назардошти имкониятҳои рақиб тамрин мекардем ва онро таҳлил менамудем", - таъкид кард мураббӣ.

Чӣ гуна Тоҷикистон Молдоваро голборон кард? видеои лаҳзаҳои беҳтарин

Турдиев афзуд, ки натиҷаҳои бозӣ дар "Ҷоми рушд - 2021" - ин натиҷаи меҳнатҳои футболбозон аст.

"Бачаҳо дар тамринҳо кӯшиш мекарданд, дар бозиҳои дӯстона ва байналмилалӣ, бо ҷидду ҷаҳд кор мекунанд", - гуфт устоди футболбозони тоҷик. 

Мураббии мунтахаби Молдова Валерий Андроник гуфт, ки тимаш кӯшиш мекард, аммо фарқи байни сатҳи ду даста хело хуб ҳис мешуд.

294
Барчаспҳо:
Сармураббӣ, пирӯзӣ, футбол

Қапид ва буғӣ кард: размикори тоҷик дар як дақиқа рақиби қирғизашро аз пой афтонд - видео

286
(Таҷдидшуда 19:29 03.03.2021)
Рақобат миёни размикори аз Тоҷикистон ва намояндаи Қирғизистон, бо як ҳайбат оғоз шуду зуд анҷом ёфт

Охири ҳафтаи гузашта дар Маскав мусобиқаи муҳорибаи омехта дар Колизей: Battle of Champions 19 баргузор шуд. Дар октагон варзишгарон аз Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба ҳам омаданд.

Қувваозмоии Мирзокарим Шарифзода аз Тоҷикистон ва Мирлан уулу Айдемир аз Қирғизистон назаррас буд.

Ҳарду варзишгар дар вазни 61 кило мубориза бурданд. Ҳарду барои варзиши касбӣ хеле ҷавонанд.

Шарифзода аз сонияҳои аввал ду зарба зад. Варзишгар аз Қирғизистон ба ҳамла шитофт, аммо ин иштибоҳи ӯ буд.

Ҷанговар аз Тоҷикистон душманро дастгир карда, муборизи қирғизро дастгир ва буғӣ кард.

Ҷанг дар камтар аз як дақиқа ба поён расид.

286
Барчаспҳо:
пирӯзӣ, зӯрозмоии размикорон, размикор, қирғиз, тоҷик

Зебоиҳои баҳори Тоҷикистон бо сурудҳои Далер Назар видео

114
(Таҷдидшуда 19:22 03.03.2021)
Дар шабакаи интернет наворе нашр шуд, ки дар он бо садо додани гитара ва хондани сурудҳои Далер Назар дар яке минтақаи зебоманзари Тоҷикистон зебоиҳои баҳорӣ ин минтақа нишон додашудааст

Бо фаро расидани баҳор, сокинони Тоҷикистон ба тамошои манзараҳои зебои кишвар шитоб мекунанд.

Сокинон бо рафиқони худ кушиш мекунанд берун аз деҳаву шаҳру ноҳияҳо браванд, то аз ҳавои кӯҳистону табиати зебо лаззат баранд.

Дар Интернет видеои зебои баҳорӣ нашр шудааст, ки дар он бозии волейбол дар берун, омода кардани оши палов барои варзишгарон ва албатта овозхонии маъруфтарин сурудҳои баҳорӣ дида мешавад.

Маълум аст, ки видео дар Нуробод, дар 135-километрии шарқи шаҳри Душанбе, ба навор гирифта шудааст.

Худи деҳаи кӯҳистонӣ дар навор бениҳоят зебову ҷолиб менамояд. Дар доманаи кӯҳҳо аллакай аввалин гулҳои баҳорӣ пайдо шуданд, ки онҳо дар пасманзари нишебиҳои барфпӯш фарқ мекунанд.

114
Барчаспҳо:
зебо, Далер Назаров, суруд, баҳор, Тоҷикистон
Намояндагони ширкати “Тех строй”-и шаҳри Маскав дар Суғд

Корфармоёни Русия ба суроғи муҳоҷирони тоҷик омаданд акс

0
(Таҷдидшуда 10:46 04.03.2021)
Роҳбарони ширкати сохтмонии “Тех строй”-и шаҳри Маскав ба Тоҷикистон ба суроғи муҳоҷирони меҳнатӣ омадаанд. Онҳо нахуст дар Хуҷанд ва сипас ба шаҳри Душанбе сафар карда бо сокиноне, ки хоҳиши дар Русия кор карданро доранд, шартномаи меҳнатӣ ба имзо мерасонанд

ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Бо шунидани ташрифи корфармоёни Русия, ба Тоҷикистон даҳҳо нафар сокинон аз шаҳру навоҳии Суғд рӯзҳои 2 ва 3 март ба Хуҷанд омаданд.

Азизмат, сокинони ноҳияи Ашт буда, ҳамроҳ бо ду ҳамсолаш барои дарёфти кори хуб дар Русия ба Хуҷанд омад. Ӯ иброз намуд, ки дар гузашта дар як ширкати сохтмонии шаҳри Маскав кор мекард, вале бо сабаби хуруҷи пандемияи COVID-19 бо кори пештараи худ расида натавонист.

Ин сокини ноҳияи Ашт таъкид намуд, ки таҷрибаи кориаш дар сохтмонро роҳбарони ширкати Русия дар Хуҷанд дуруст дарк карданд ва онҳо барои ба имзо расонидани шартномаи ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.

“Ҳангоми суҳбат мо иброз намудем, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷумлаи андовагар, сенгчин, кошинкориро ба иҷро расонида метавонем. Роҳбарони “Тех строй” дар навбати худ иброз намуданд, ки чунин мутахассисонро сатҳи баланд ҳисоб мекунанд ва асосан ба чунин мутахассисон шартномаи ҳамкорӣ бастанианд”, -мегӯяд Азизмат.

Зариф Шодиев, як сокини 35 солаи ноҳияи Деваштич гуфт, даҳ сол ба ин тараф умдатан ҳисоби зиндагии хонаводашро аз ҳисоби кору заҳмати муҳоҷирати Русия таъмин мекунад. Ӯ гуфт, хуруҷи бемории ҳамагири каронавирус ба мисли ӯ, ба иқтисодиёти даҳҳо хонаводаи муҳоҷирон зарбаи ҷиддӣ расонд.

“Аввалҳо дар муҳоҷират боркашонӣ мекардам. Баъдан як муддат ронандаи таксӣ ҳам будам. Таҷрибаи панҷсолаи кор дар сохтмони иборатҳои баландро дорам. Мо дар Хуҷанд бо корфармоён суҳбат кардем дар баробари дигар шартҳо додани маош дар вақташро пешниҳод кардем”, гуфт Шодиев.

Намояндагони ширкати “Тех строй”-и шаҳри Маскав дар Суғд
© Sputnik (sputniktj_photo)
Намояндагони ширкати “Тех строй”-и шаҳри Маскав дар Суғд

Барои ҷалб намудани қувваи корӣ ташриф оварданд. Ҳамроҳ бо кормандони Хадамоти муҳоҷират Николай Папов, роҳбари ҶСК “Тех строй” шаҳри Маскав дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон қайд намуд, ки бахши аъзами коргарони ин ширкат аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ аст ва аз ҳамин лиҳоз ӯ бо гурӯҳи иборат аз 16 нафараи худ барои бастани шартномаҳо ба корҷӯён ба Тоҷикистон омаданд.

“Давоми ду рӯз бо бештар аз 500 нафар шартномаҳо ба имзо расонида шуд. Дар ин миён бештар аз 40 нафар ҳамчун мутахассиси баландсоҳа қабул гардиданд”, гуфт роҳбари “Тех строй” и Маскав.

 Бино ба гуфти Папов, баъд аз Хуҷанд сафари онҳо ба шаҳри Душанбе низ дар назар буда, то 6 уми март сокинонро барои ҳамкорӣ қабул мекунанд.

Ширкати “Тех строй” бастани 1000 шартнома бо ҳамкорони тоҷикро дар нақша дошта, масъалаи ташкили хатсайри чартерӣ, расамиётдарории ҳуҷҷатҳо аз қабили иҷозатномаи ҷойи кор, таъмин намудан бо хобгоҳ ва сари ҳар моҳ пардохт намудани маоши муҳоҷиронро ба уҳда гирифтааст.

0
Барчаспҳо:
шартнома, Русия, Хуҷанд, муҳоҷират, Маскав, ширкат, Тоҷикистон