Эрон ба “Спутник V” бовар кард: Нахустин маҳмула аз ваксинаҳо ба Теҳрон расиданд - видео

108
(Таҷдидшуда 17:35 05.02.2021)
Нахустин маҳмула аз ваксинаҳои корона, ки истеҳсоли Русия мебошад, аз фурудгоҳи Маскав имрӯз 5 феврал ба Эрон расид

Нахустин маҳмула аз ваксинаҳои корона аз фурудгоҳи Маскав дар Русия бо парвози ҳавопаймои Моҳон соати 15:50 дақиқаи дирӯз дар фурӯдгоҳи Имом Хумайнӣ ба замин нишаст.

Бо ҳамоҳангии вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ, ситоди миллии муқобила бо корона ва вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон нахустин марҳала аз воридоти ваксинаи русии корона аз Маскав дар Русия дақоиқи пеш вориди кишвари Эрон шуд. Қарор аст ваксинаҳои корона бо се парвоз вориди Эрон шаванд.

"Спутник V" дар беш аз 16 кишвар аз ҷумла Эрон сабт шудааст. Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии исломии Эрон шонздаҳумин кишваре буд, ки ин ваксинаро ҳафтаи гузашта ба сабт расонд.

Дар Олмон мегӯянд, ваксинаи "Спутник V" дар воқеъ Ғарбро дар ҳайрат гузошт

Натиҷаҳои марҳалаи охири озмоиши инсонии ваксинаи Русия нишон медиҳад, ки ин ваксина дар қиёс бо намунаҳои амрикоӣ ва ғарбӣ бехатар ва асарбахшии он 91.6 дарсад аст.

Ин мутолиа ки дар нашрияи LANCET мунташир шуда, рӯй беш аз 20 ҳазор нафар анҷом шуда аст. Ҳамчунин, 75 дарсади афроди ширкаткунанда дар ин мутолиа эмгузаронии "Спутник V" дарёфт кардаанд.

108
Барчаспҳо:
фурудгоҳ, Теҳрон, Спутник, Русия, Эрон
(39:22 / 472.37Mb / просмотров видео: 26)

Гуфтугӯи вазирони корҳои хориҷии Русия ва Афғонистон: анҷоми пахши мустақим

86
(Таҷдидшуда 16:29 26.02.2021)
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро бо иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар баррасӣ мекунад

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо ҳамтои афғони худ Муҳаммад Ҳаниф Атмар гуфтушунид мекунад.

Ин нахустин сафари иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Афғонистон ба Маскав аст.

Интизор меравад, ки дар музокирот Лавров ва Атмар ба рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба ва мушкилоти ҳалли мусолиматомез дар Афғонистон таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд.

Аз ҷумла, ҷонибҳо ба нақша гирифтаанд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаи энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ баррасӣ кунанд.

Нигарониҳои СААД аз ҳузури ҳазорон ҷангҷӯ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Гуфтушуниди намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ дар арафаи 100-солагии Шартномаи дӯстии Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Русия ва Афғонистон, ки 28 феврал таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад.

86

Инфиҷори сахт дар Нижний Новгород - навор

133
(Таҷдидшуда 12:49 26.02.2021)
Дар хонаи истиқоматие дар Нижний Новгород таркиши шадид сар зад: бино бар иттилои пешакӣ эҳтимол он дар қаҳвахонаи "Самурай" рух додааст

Таркиши гази маишӣ дар таҳхонаи бинои нуҳтабақаи шаҳр рух дод. Дар ин бора Раёсати минтақавии ВҲФ Русия хабар медиҳад.

Бино бар иттилои пешакӣ, таркиш дар қаҳвахонаи "Самурай"-и бинои нӯҳтабақаи кӯчаи Мешерскии ноҳияи Канавинск рух додааст.

Хабар дар бораи таркиш ба хадамоти оҷилӣ соати 9:13 бо вақти Маскав дастрас шуд. 

Гуфта мешавад, пас аз таркиш сӯхтор сар шуд ва сокинон оҷилан аз бино берун карда шуданд.

Феълан дар бораи талафоти ҷонӣ маълумоте нест, аммо бино бар наворҳои фаврӣ, бино пурра тахриб шудааст. 

Ба иттилои шоҳидон, садои таркиш мошинҳои таваққуфгоҳи назди биноро такон додааст.

Маълумоти бештар дақиқ карда мешавад, ба ҷои ҳодиса гурӯҳи фаврии ВҲФ равон шудаанд.

133
Барчаспҳо:
навор, Русия, инфиҷор
Раджаббой Ахмадзода посетил с рабочей группой поля с плодовыми деревьями

Деҳқонони Шаҳринав роҳи наҷоти дарахтонро аз сардӣ ёфтанд

0
(Таҷдидшуда 12:31 27.02.2021)
Дар Суғд низ деҳқонон бо ин роҳ кӯшиш намуданд, ки ҳосилро аз сармозанӣ нигоҳ доранд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Деҳқонони Шаҳринав роҳи наҷоти дарахтонро аз сардӣ ёфтанд.

Бо омадани ҳавои сард ва аз талаф нигоҳ доштани ҳосили дарахтони гулкунанда дар хоҷагиҳои боғпарварии "Зарнисори Шаҳринав", "ИИАС – Шаҳринав"  ва хоҷагии "Ниҳолпарварӣ"-и ноҳияи Шаҳринав ғарамҳои пахол ва каҳро оташ зада, ба воситаи гармии он ҳосили боғҳоро эмин нигоҳ медоранд.

Кишоварзони ноҳия бо маслиҳати мутахассисони соҳа дар зери дарахтони олу, зардолу, шафтолу ва токзор корҳои дудмониро ба роҳ мондаад.

Бо супориши роҳбарияти ноҳия доир ба  сардиҳои охири моҳ, ки истифодаи дудмонӣ барои дарахтони пешпазак ҳамчун воситаи пешгирии талафи ҳосил ва гулу муғчаҳо ба маврид аст, имрӯзҳо дар ҳамаи боғҳои ноҳия аз ин усул  истифода намуда истодаанд.

Пештар дар Суғд низ бо ҳамин роҳ кӯшиш карда буданд, ки ҳосилро аз талафот нигоҳ доранд. Имсол охирҳои моҳи феврал дар Тоҷикистон ҳаво якбора гарм ва то 27 дараҷа шуд, ки дар натиҷа дарахтон гул карданд. Аммо чанде пеш обуҳавошиносон хабар доданд, ки ҳавои кишвар якбора сард мешавад.

Пештар директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров  гуфта буд, ки боридани барф дар ин давра ба нашъу намои кишти зироат ва авҷи боғу токзор  бетаъсир намемонад.

Ба гуфти вай, дар оғози моҳи феврал ҳарорати ҳаво баланд гардида, боиси гулкунии дарахтони донакдор ва гулу буттаҳо гардид. Аз ин рӯ ба ин дарахтон хатари камшавии ҳосил таҳдид мекунад. Аммо агар ҳавои номусоид ду ё се рӯз идома ёбад, онгоҳ зиёни бештар боқӣ намемонад.

Боз хунукӣ меояд: КҲФ аз боронгариҳо ва резиши барф ҳушдор медиҳад

 Ҳикматулло Назиров аз ҷумла зикр кард, ки кишоварзон бояд талош намоянд, то маҳсулоти беҳтар ба даст оранд.

“Ҳамчунин дар ин шабу рӯз, махсусан қисми шабона бояд дар майдони дарахтон бо маҳсулоти органикӣ, аз қабили хасу хошок, навдаи дарахтон дудмониро ба роҳ монанд. Дудмонӣ дар қисми шабона ба он хотир тавсия мегардад, ки шабона ҳарорат назар ба рӯзона пасттар мешавад”, - гуфт донишманд.

 Ҳамчунин вай гуфт баъд аз бартараф гардидани ҳавои номусоид навдаҳои сармозадаи боғу токзорро буридан лозим аст.

“Дар ин ҳолат барои инкишофи минбаъдаи навдаи наврӯида замина пайдо мегардад. Инчунин гирди решаи дарахт ва токи ангурро дар рӯзҳои офтобӣ бояд чанд маротиба нарм намоянд, то намии реша кам гардад”, - қайд кард Ҳикматулло Назиров. 

Бино ба гуфтаи донишманд дар  ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водигии вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ дарахтони мевадиҳанда, аз қабили олу, гелос, зардолу ва шафтолу аллакай гул кардаанд.

Ва илова кард, ки дарахтони тухмакдор, аз қабили себ, нок ва биҳӣ ба сармо тобовар мебошанд ва онҳо аз ин барф  зиён намебинанд.

Коршиноси тоҷик гуфт сармо ба ҳосил чӣ гуна зарар мерасонад

Ҳикматулло Назиров зикр намуд, ки боридани барф ва паст шудани ҳарорати ҳаво ба зироати картошка, ки дар баъзе ноҳияҳои мамлакат дар давраи гулкунӣ ва инкишоф қарор дорад, зиён мерасонад.

“Картошка яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввали истеъмолӣ ба ҳисоб меравад. Олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки дар рӯзҳои офтобӣ қаторҳои кишти картошкаро бояд нарм кард, то намнокии реша кам гардад. Дар сурати зиёд будани намнокӣ картошка метавонад пӯсад. Инчунин дар болои онҳо пору ва коҳ пошидан лозим аст”, - гуфт донишманди тоҷик.

0