Пешбинии Лавров аз сард шудани муносиботи Русия ва Урупо - видео

183
(Таҷдидшуда 19:16 05.02.2021)
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, муносиботи миёни Русия ва Иттиҳоди Урупо дар кадом сатҳ қарор дорад

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар Маскав бо дипломати асосии Иттиҳоди Урупо Ҷозеп Боррелл гуфтушунид кард.

Пас аз анҷоми мулоқот, дипломатҳо ба рӯзноманигорон суҳбат карданд.

Аз ҷумла, намояндагони нерӯҳои сиёсӣ ба мавзӯи озодии сухан дар ВАО ва ташкили муколамаи сиёсии байни Русия ва Урупо дахл карданд.

Захарова: Ғарб барои ҷорӣ намудани таҳримҳои ҷадид ҳамеша баҳона пайдо мекунад

Роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия қайд кард, ки муносиботи Иттиҳоди Урупо ва Федератсияи Русия рӯзҳои сахтро аз сар мегузаронанд.

Лавров маҳдудиятҳои якҷонибаи Урупоро сабаби ин ихтилоф номид.

"Таназзули минбаъдаи робитаҳо оқибатҳои манфӣ ва хеле пешгӯинашаванда дорад", - гуфт дипломати рус.

Ҳамзамон, Лавров қайд кард, ки ҳам Русия ва ҳам Урупо барои муколама дар бисёр масъалаҳо, ҳатто дар мавзеъҳое, ки мавқеи ҷонибҳо ба куллӣ фарқ мекунанд, омодаанд.

183
Барчаспҳо:
сардӣ, муносибот, Урупо, Русия

Вулқон дар Индонезия бо таркиши қавӣ хокистарро то панҷ километр пароканда кард - навор

19
(Таҷдидшуда 15:10 02.03.2021)
Дар Интернет аввалин видеои хурӯҷи вулқони Индонезия пайдо шуд, ки муддати тӯлонӣ ҳеҷ гуна фаъолият нишон надод ва хатар эҷод накард

Дар Индонезия вулқони Синабунг абри хокистарро ба масофаҳои зиёди атрофи худ рехт. Кӯҳ сутуни чархзанандаи хокистаррангро ба осмон партофтааст.

Дар Интернет фавран наворҳо аз лаҳзаи хокпошии ин вулқон роҳ ёфт, ки касро ба ҳайрат мегузорад. Абри хокистаранг осмони минтақаҳои аҳолинишинро фаро гирифтааст. Тақрибан 6 киломметр дуртар аз вулқон 12 деҳаи аҳолинишин ҷой гирифтаанд.

Наздиктарин шаҳр ин Каро мебошад. Ҳарчанд хатари вулқон ба сокинони ин  шаҳр намерасад, вале мақомот аз мардум хоҳиш мекунанд, ки ба ҳар сурат эҳтиёткор бошанд.

Тибқи иттилои Маркази вулқоншиносии Индонезия, ин аввалин хурӯҷи бузург аз моҳи августи соли 2020 аст ва дар маҷмӯъ, вулқони Синабунг тақрибан 400 сол боз дар хоб аст.

Чанд ҳафта пеш, вулқоншиносон аллакай ба афзоиши фаъолияти онро пешгӯӣ карданд.

19
Барчаспҳо:
навор, Индонезия

COVID - 19 ақибнишинӣ дорад: сироятёбӣ дар ИДМ рӯ ба коҳиш ниҳодааст - видео

58
(Таҷдидшуда 12:54 02.03.2021)
Роспотребнадзор аз коҳиш ёфтани ҳолатҳои сироятшавии сокинони ИДМ ба маризии коронавирус хабар медиҳад

Ҳолатҳои нави сироятшавии сокинони ИДМ ба маризии коронавирус рӯ ба коҳиш ниҳодааст, хабар медиҳад Роспотребнадзор.

"Далели коҳиш ёфтани сироятёбӣ ба риояи чораҳои пешгирикунанда, нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ ва ҳамзамон фаъол шудани маъракаи эмгузаронӣ рабт дорад", - таъкид мешавад дар хабари Роспотребнадзор.

Манбаъ меафзояд, бидуни эмгузаронӣ пирӯз шудан бар вирус ғайримаҳол аст, зеро дар ҷаҳон танҳо 10 дарсади аҳолӣ алайҳи ин вирус масуният доранду халос.

Дар ҳамин ҳол, шумораи ваксинҳо алайҳи коронаиврус низ дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст.

Танҳо дар Русия аллакай 3 навъи ваксин таҳия шудааст, ки инҳо "Спутник V", "ЭпиВакКорона", ва "КовиВак" мебошанд.

Дар Маскав озмоиши ваксинаи "Спутник Лайт" оғоз шуд

Илова бар ин, моҳи март боз як ваксини дигари Русия бо номи "Спутник Лайт" таҳия мешавад. Ҷанбаи фарқкунандаи ин ваксин аз дигар ваксинҳо дар он аст, ки бо он фақат як маротиба эм мекунанд. Ҳамзамон он барои одамони синну соли то 40 - сола пешбинӣ мешавад.

Ба тахмини мутахассисони Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҳамагирии коронавирус танҳо авоили соли 2022 ба анҷом мерасад.

58
Барчаспҳо:
коҳиш, маризӣ, ИДМ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Жезл ГИБДД

БДА ронандагону пиёдагардони қонуншиканро "сайд" мекунад

0
(Таҷдидшуда 16:22 02.03.2021)
Кормандони Бозраси давлатии автомобилӣ ба хотири пешгирӣ кардан аз садамаҳои роҳу нақлиётӣ амалиёти "Пиёдагард" - ро пиёда намудаанд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми як моҳ амалиёти "Пиёдагард" роҳандозӣ шуд, хабар медиҳад Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВУД.

Ба иттилои манбаъ, амалиёти мазкурро кормандони БДА ба хотири коҳиш додани садамаҳои роҳу нақлиётӣ рӯи даст гирифтаанд.

Амалиёт аз 2 март то 2 апрел дар тамоми роҳу шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ доир мешавад.

Манбаъ меафзояд, дар амалиёти "Пиёдагард" дар баробари ошкору пешгирӣ кардани қоидавайронкунии ронандагон, ҳамчунин пиёдагардон низ мавриди назорати корманди пулис қарор мегиранд, зеро дар аксар вақт омилони сар задани садамаҳои мудҳиш маҳз роҳгузарон мебошанд.

"Ронандагоне, ки ба пиёдагардон дар ҷойҳои муқарраргардида роҳ намедиҳанд ё пиёдагардоне, ки дар ҷойҳои мамнӯъ убур мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешаванд", - таъкид мегардад дар хабари раёсат.

Кормандони БДА аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар аксар ҳолатҳо, пиёдагардон ҳангоми убур намудани роҳи автомобилгард бо телефони мобилӣ суҳбат мекунанд, ки ин хавфи ҳодисаи нақлиётиро зиёд менамояд.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони Бозрасии давлатии автомобилӣ аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мекунанд, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъол бошанд.

0
Барчаспҳо:
амалиёт, Тоҷикистон, пиёдагард, БДА