Гурҷистон марзҳояшро боз кард, вале аз сайёҳон дарак нест - видео

Обуна шудан
Ҳукумати Гурҷистон қарор кард, аз 1 феврал парвозҳои мунтазамро бо тамоми кишварҳои ҷаҳон кушояд. Чанде аз ширкатҳои ҳавоӣ аллакай аз омодаи парвоз будан, изҳор доштанд
Гурҷистон дар бораи азсаргирии парвозҳои доимӣ хабар дод. Тақрибан пас аз даҳ моҳ, фурудгоҳи Тбилиси боз ба фаъолият мепардозад.
Алъон мардум аз 12 кишвар метавонанд ба Гурҷистон парвоз кунанд. Бо вуҷуди ин, дар байни мусофирон то ҳол сайёҳон нестанд.
Ташкентский аэропорт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2021
Ӯзбекистон марзбандиро бо 8 кишвар тамдид кард: рӯйхат
Хориҷиён асосан барои тиҷорат парвоз мекунанд, дар ҳоле ки қисми зиёди мусофирон шаҳрвандони Гурҷистон мебошанд. Акнун онҳо метавонанд бидуни карантин ба хона баргарданд.
Бо вуҷуди ин, мусофирон бояд тести коронавирус супорида бо худ санади натиҷаи манфии онро, ки на пештар аз 72 соат баромада бошад, пешниҳод кунанд. Пас аз се рӯз, бояд аз санҷиши такрорӣ гузашт.
Бо вуҷуди ин, коршиносон даъват мекунанд, ки ба эҳёи бахши сайёҳӣ умед набанданд.
Гарчанде ки дар Гурҷистон маҳдудиятҳои мавҷуда сабук карда мешаванд, нақлиёти шаҳрӣ ҳанӯз ҳам кор намекунад, чорабиниҳои оммавӣ манъ карда шудаанд, музейҳо ва театрҳо бастаанд.
Мақомот ба фаъолшавии сайёҳон дар фасли тобистон умед доранд.
Русия марзашро ба роҳи оҳан кушод: бо кадом давлат?
Дар ҳамин ҳол, ҳамагиршиносон аз мавҷи сеюми вируси корона метарсонанд ва соҳаи сайёҳӣ хисоротро ҳисоб мекунад.
Барқарорсозии парвозҳои мунтазам дар миёнаҳои тобистони гузашта оғоз ёфт. Дар аввал парвозҳо ба Мюнхен, Рига ва Порис аз сар гирифта шуданд.
Парвозҳои мунтазам аз моҳи ноябр бо Амстердам, Вена, Берлин ва Доҳа барқарор карда шуданд. Аммо, бинобар бад шудани вазъи эпидемиологӣ, марзбандӣ то 1 феврал тамдид карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0