Рақобати EFG : чӣ гуна Фаридун Одилов барои мубориза бо Калинин омодагӣ мебинад - видео

189
(Таҷдидшуда 17:37 08.02.2021)
Дар муборизаи асосии EAGLE FC дар Маскав кӣ пирӯз мешавад - варзишкори тоҷик Фаридун Одилов ё Сергей Калинин?

Рӯзи 9 феврал дар Маскав мусобиқаи бузурги EAGLE FC 33 баргузор мешавад.

Муборизаи асосӣ барои унвони қаҳрамонӣ рақобати варзишкори тоҷик Фаридун Одилов ва рақиби русиягиаш Сергей Калини  хоҳад буд.

Калинин клуби Александр Невскийро намояндагӣ мекунад. Ва Фаридун "Терминатор" аз бошгоҳи "Аҳмад Тоҷикистон" аст.

Раҳимов гуфт, мубталои коронавирус шуд ва ду ҳафта тамрин накард

Фаридун Одилов рақобат дар вазнин зиёдро тарк карда, ба вазни миёна рафт ва дар он ҷо бо қаҳрамони феълии Русия вомехӯрад.

"Орзуи ҳар як варзишгар ба даст овардани камарбанд, хушнуд кардани волидайн, мардуми худ аст" -  гуфт паҳлавони тоҷик дар мусоҳиба.

Ҳарду ҷанговар ба муборизаи шадид омодагӣ мегиранд: барои ҳар кадоми онҳо ин мубориза трамплин ба лигаи олӣ аст.

189
Барчаспҳо:
мубориза, тамрин, Русия, Тоҷикистон

Ба Пашинян пешниҳод карданд, ки дар назди халқ ба зону зада худро парронад - видео

81
(Таҷдидшуда 20:20 05.03.2021)
Бо чунин пешниҳод собиқ президенти Арманистон Роберт Кочарян баромад кард. Ӯ бовар дорад, ки нокомии Арманистон дар қазияи Қарабоғи Кӯҳӣ таҳризӣ шуда буд

Кочарян изҳор дошт, ки Никол Пашинян бояд назди мардум ба зону занад.

Ва агар сарвазир шаъну шараф дошта бошад бояд умуман худро парронад.

Воқеияти ҷадид: аз чӣ Качаряни зиндонӣ Пашинянро ҳушдор дода буд - видео

Сабти пурраи нишасти матбуотиро, ки дар он кишвардори собиқи Арманистон аз рейтинги пасти Пашинян ёдовар шуда, дар бораи шикаст дар Қарабоғ ва нақшаҳои ояндааш сухан гуфт, метавонед дар зер тамошо кунед.

81
Барчаспҳо:
пешниҳод, собиқ, президент, Никол Пашинян, Арманистон

Ҳазли Путин дар бораи "қасри навбатӣ": "онро ба ман нисбат надиҳед" - видео

85
(Таҷдидшуда 18:28 05.03.2021)
Дар мулоқоти кишвардори Русия Владимир Путин бо иштирокчиёни аксияи умумирусиягии кӯмаки тарафайн "Мо якҷоем" як ҳодисаи ғайриоддӣ рух дод

Яке аз иштирокчиёни ин аксия ба раисҷумҳур Владимир Путин пешниҳод намуд, ки ифтитоҳи Маркази барқарорсозӣ ва фароғатӣ, ки 2 километр дуртар  аз Стрелни қарор дорад, ташриф орад.

Дар посух, Путин гуфт, ки ин марказ ба қаср монандӣ дорад, вале "онро ба ман нисбат надиҳед".

Путин бо ин посухаш нимшӯхиву нимҷиддӣ аз қасри худ гӯё , ки дар Геленҷик қомат афрохтааст, ёдоварӣ кард.

Қаблан президенти Русия гуфта буд, ки бинобар нарасидани вақт, филмро дар бораи ин иморати сохташаванда дар Геленҷик тамошо накардааст. Аммо ёварон видеоҳоро ба ӯ нишон доданд.

Дар навбати худ, як намояндаи таҳиягар гуфт, ки "қаср" ҳамчун меҳмонхона сохта мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, ин "як меҳмонхонаи хеле гаронбаҳо" бунёд хоҳад шуд, ки он ба меҳмонхонаи боҳашамат мисоли "Родина" дар Сочи шабоҳат хоҳад дошт.

Кор тақрибан даҳ сол боз идома дорад, иншоот чанд маротиба фурӯхта шудааст.

85
Барчаспҳо:
навор, Владимир Путин, ҳазлу шӯхӣ
Футбольный клуб Худжанд

Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия мераванд: мақсад чист?

0
(Таҷдидшуда 20:34 05.03.2021)
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия сафар карда 10 рӯз он ҷо мемонанд. Пеша аз сафар раиси вилояти Суғд бо онҳо мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо футболбозони клуби "Хуҷанд" дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят аснои мулоқот бо ҳайати даста гуфтааст, ки роҳбарияти вилоят дар партави дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, клубҳои футболро мунтазам дастгирӣ менамояд.

Дар ин росто бозингарони дастаи "Хуҷанд"  бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва омодагӣ ба мавсими нави футбол, инчунин омӯзиши техникаҳои нави бозии футбол ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар карда мешаванд.

"Бозингарони "Хуҷанд" давоми 10 рӯз дар Туркия се бозии рафиқона анҷом дода, барои иштирок дар чемпионатҳо омодагӣ мебинанд", - омадааст дар хабарнома.

Таъкид гардида, ки минбаъд дастаҳои футболи "Эсхата" ва "Истаравшан" низ барои такмили маҳорат ва мубодилаи таҷриба ба кишварҳои дуру наздик фиристода мешаванд.

Раиси вилоят дар поёни мулоқот ба шахсони масъул ҷиҳати беҳтар намудани шароити бозингарон, омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футбол дар лигаи олӣ, рушди варзиш дар шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас додааст.

0
Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, Туркия, Хуҷанд, Футбол