(0:49 / 5.65Mb / просмотров видео: 18395)

Рақси духтарони Ёқутистон дар сардии 45 - дараҷаӣ: видео

144
(Таҷдидшуда 18:08 09.02.2021)
Беш аз сӣ бону якҷоя дар боғи фарҳангӣ ва фароғатии Ёқутистон дар сардии 45 - дараҷаӣ, рақси миллӣ иҷро карданд

 

Фаъолони ташкилоти ҷамъиятии "Калланетика ва Маркази рақси" дар боғи фарҳанг ва истироҳати Якутск тасмим гирифтанд, ки бо рақсҳои худ сардии 45 - дараҷаиро гарм кунанд.

Зиёда аз 30 нафар занони ёқутӣ ҳамзамон рақсҳои миллиро иҷро карданд.

Ин навор фавран шӯҳрат пайдо кард ва дар саросари шабакаҳои иҷтимоии сершумори Интернет паҳн шуд.

Пироҳанҳо ва мижгонҳои пур аз барф - рақси гармтарини зимистониро дар навори мо тамошо кунед.

144
Барчаспҳо:
барф ва сардӣ, сардӣ, духтарон, рақс, Ёқутистон

Вулқон дар Индонезия бо таркиши қавӣ хокистарро то панҷ километр пароканда кард - навор

5
(Таҷдидшуда 15:10 02.03.2021)
Дар Интернет аввалин видеои хурӯҷи вулқони Индонезия пайдо шуд, ки муддати тӯлонӣ ҳеҷ гуна фаъолият нишон надод ва хатар эҷод накард

Дар Индонезия вулқони Синабунг абри хокистарро ба масофаҳои зиёди атрофи худ рехт. Кӯҳ сутуни чархзанандаи хокистаррангро ба осмон партофтааст.

Дар Интернет фавран наворҳо аз лаҳзаи хокпошии ин вулқон роҳ ёфт, ки касро ба ҳайрат мегузорад. Абри хокистаранг осмони минтақаҳои аҳолинишинро фаро гирифтааст. Тақрибан 6 киломметр дуртар аз вулқон 12 деҳаи аҳолинишин ҷой гирифтаанд.

Наздиктарин шаҳр ин Каро мебошад. Ҳарчанд хатари вулқон ба сокинони ин  шаҳр намерасад, вале мақомот аз мардум хоҳиш мекунанд, ки ба ҳар сурат эҳтиёткор бошанд.

Тибқи иттилои Маркази вулқоншиносии Индонезия, ин аввалин хурӯҷи бузург аз моҳи августи соли 2020 аст ва дар маҷмӯъ, вулқони Синабунг тақрибан 400 сол боз дар хоб аст.

Чанд ҳафта пеш, вулқоншиносон аллакай ба афзоиши фаъолияти онро пешгӯӣ карданд.

5
Барчаспҳо:
навор, Индонезия

COVID - 19 ақибнишинӣ дорад: сироятёбӣ дар ИДМ рӯ ба коҳиш ниҳодааст - видео

54
(Таҷдидшуда 12:54 02.03.2021)
Роспотребнадзор аз коҳиш ёфтани ҳолатҳои сироятшавии сокинони ИДМ ба маризии коронавирус хабар медиҳад

Ҳолатҳои нави сироятшавии сокинони ИДМ ба маризии коронавирус рӯ ба коҳиш ниҳодааст, хабар медиҳад Роспотребнадзор.

"Далели коҳиш ёфтани сироятёбӣ ба риояи чораҳои пешгирикунанда, нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ ва ҳамзамон фаъол шудани маъракаи эмгузаронӣ рабт дорад", - таъкид мешавад дар хабари Роспотребнадзор.

Манбаъ меафзояд, бидуни эмгузаронӣ пирӯз шудан бар вирус ғайримаҳол аст, зеро дар ҷаҳон танҳо 10 дарсади аҳолӣ алайҳи ин вирус масуният доранду халос.

Дар ҳамин ҳол, шумораи ваксинҳо алайҳи коронаиврус низ дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст.

Танҳо дар Русия аллакай 3 навъи ваксин таҳия шудааст, ки инҳо "Спутник V", "ЭпиВакКорона", ва "КовиВак" мебошанд.

Дар Маскав озмоиши ваксинаи "Спутник Лайт" оғоз шуд

Илова бар ин, моҳи март боз як ваксини дигари Русия бо номи "Спутник Лайт" таҳия мешавад. Ҷанбаи фарқкунандаи ин ваксин аз дигар ваксинҳо дар он аст, ки бо он фақат як маротиба эм мекунанд. Ҳамзамон он барои одамони синну соли то 40 - сола пешбинӣ мешавад.

Ба тахмини мутахассисони Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҳамагирии коронавирус танҳо авоили соли 2022 ба анҷом мерасад.

54
Барчаспҳо:
коҳиш, маризӣ, ИДМ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон