Фуруди сахти ҳавопаймои низомӣ дар ҷазираҳои Курил - видео

282
(Таҷдидшуда 19:48 09.02.2021)
Дар шабакаи интернет наворе нашр гардидааст, ки дар он нишасти сахти ҳавопаймои низомии Ан-12 дар ҷазираҳои Курил инъикос ёфтааст

Як ҳавопаймои низомии нақлиётии Ан-12 ба ҷазираи Итуруп, воқеъ дар ҷазираҳои Курил, нишасти сахти изтирорӣ анҷом додааст.

Ин ҳодиса дар фурудгоҳи Буревестник рух додааст. Тибқи маълумоти пешакии хадамоти матбуоти Ҳавзаи ҳарбии шарқии Федератсияи Русия, садама дар натиҷаи шикастани пояҳои чархи ҳавопаймоҳои Ан-12 зимни фуруд рух додааст.

Пас аз нишасти изтирорӣ дар фурудгоҳи Ростов лаби Дон халабон ба ҳалокат расид

Тибқи иттилои расонаҳо, ҳангоми фуруд ҳавопаймо ба пастхамии махсуси тирпарронӣ бархӯрдааст.

Шоҳидон видеои фуруди сахти ҳавопаймои низомии Ан-12 -ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд. Наворҳо нишон медиҳанд, ки нақлиёт дар рӯи замин хобидааст.

Аз эҳтимол дур нест, ки сабаби фуруди шадид биниши маҳдуд бошад, чун дар ҷои рух додани ҳолати фавқулодда барфу шамоли сахт ҳукмфармо будааст. Дар видео инчунин дида мешавад, ки масъулини хадамоти изтирорӣ дар маҳалли суқут қарор доранд.

282
Барчаспҳо:
фурудгоҳ, Русия, ҳавопаймо

Ба Пашинян пешниҳод карданд, ки дар назди халқ ба зону зада худро парронад - видео

87
(Таҷдидшуда 20:20 05.03.2021)
Бо чунин пешниҳод собиқ президенти Арманистон Роберт Кочарян баромад кард. Ӯ бовар дорад, ки нокомии Арманистон дар қазияи Қарабоғи Кӯҳӣ таҳризӣ шуда буд

Кочарян изҳор дошт, ки Никол Пашинян бояд назди мардум ба зону занад.

Ва агар сарвазир шаъну шараф дошта бошад бояд умуман худро парронад.

Воқеияти ҷадид: аз чӣ Качаряни зиндонӣ Пашинянро ҳушдор дода буд - видео

Сабти пурраи нишасти матбуотиро, ки дар он кишвардори собиқи Арманистон аз рейтинги пасти Пашинян ёдовар шуда, дар бораи шикаст дар Қарабоғ ва нақшаҳои ояндааш сухан гуфт, метавонед дар зер тамошо кунед.

87
Барчаспҳо:
пешниҳод, собиқ, президент, Никол Пашинян, Арманистон

Ҳазли Путин дар бораи "қасри навбатӣ": "онро ба ман нисбат надиҳед" - видео

87
(Таҷдидшуда 18:28 05.03.2021)
Дар мулоқоти кишвардори Русия Владимир Путин бо иштирокчиёни аксияи умумирусиягии кӯмаки тарафайн "Мо якҷоем" як ҳодисаи ғайриоддӣ рух дод

Яке аз иштирокчиёни ин аксия ба раисҷумҳур Владимир Путин пешниҳод намуд, ки ифтитоҳи Маркази барқарорсозӣ ва фароғатӣ, ки 2 километр дуртар  аз Стрелни қарор дорад, ташриф орад.

Дар посух, Путин гуфт, ки ин марказ ба қаср монандӣ дорад, вале "онро ба ман нисбат надиҳед".

Путин бо ин посухаш нимшӯхиву нимҷиддӣ аз қасри худ гӯё , ки дар Геленҷик қомат афрохтааст, ёдоварӣ кард.

Қаблан президенти Русия гуфта буд, ки бинобар нарасидани вақт, филмро дар бораи ин иморати сохташаванда дар Геленҷик тамошо накардааст. Аммо ёварон видеоҳоро ба ӯ нишон доданд.

Дар навбати худ, як намояндаи таҳиягар гуфт, ки "қаср" ҳамчун меҳмонхона сохта мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, ин "як меҳмонхонаи хеле гаронбаҳо" бунёд хоҳад шуд, ки он ба меҳмонхонаи боҳашамат мисоли "Родина" дар Сочи шабоҳат хоҳад дошт.

Кор тақрибан даҳ сол боз идома дорад, иншоот чанд маротиба фурӯхта шудааст.

87
Барчаспҳо:
навор, Владимир Путин, ҳазлу шӯхӣ
Футбольный клуб Худжанд

Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия мераванд: мақсад чист?

0
(Таҷдидшуда 20:34 05.03.2021)
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия сафар карда 10 рӯз он ҷо мемонанд. Пеша аз сафар раиси вилояти Суғд бо онҳо мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо футболбозони клуби "Хуҷанд" дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят аснои мулоқот бо ҳайати даста гуфтааст, ки роҳбарияти вилоят дар партави дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, клубҳои футболро мунтазам дастгирӣ менамояд.

Дар ин росто бозингарони дастаи "Хуҷанд"  бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва омодагӣ ба мавсими нави футбол, инчунин омӯзиши техникаҳои нави бозии футбол ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар карда мешаванд.

"Бозингарони "Хуҷанд" давоми 10 рӯз дар Туркия се бозии рафиқона анҷом дода, барои иштирок дар чемпионатҳо омодагӣ мебинанд", - омадааст дар хабарнома.

Таъкид гардида, ки минбаъд дастаҳои футболи "Эсхата" ва "Истаравшан" низ барои такмили маҳорат ва мубодилаи таҷриба ба кишварҳои дуру наздик фиристода мешаванд.

Раиси вилоят дар поёни мулоқот ба шахсони масъул ҷиҳати беҳтар намудани шароити бозингарон, омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футбол дар лигаи олӣ, рушди варзиш дар шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас додааст.

0
Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, Туркия, Хуҷанд, Футбол