Масъулини ВКД Русия фаъолияти як гурӯҳи ҷиноии байналмилалиро, ки аз шаҳрвандони Русия ва кишварҳои хориҷ иборат буданд, саркӯб карданд, гуфт намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк.
Тибқи маълумоти пешакӣ, онҳо ба истеҳсол ва паҳнкунии яклухти доруи мефедронро машғул буданд.
"Дар натиҷаи амалиёти махсус, полис як озмоишгоҳи маводи мухаддирро, ки дар хонаи хусусии иҷора дар ноҳияи Волоколамски вилояти Маскав воқеъ аст, барҳам дод", - шарҳ дод вай.
Ба гуфтаи Волк, дар ҷараёни амалиёт як гумонбар ба нигоҳ доштани маводи мухаддир дар миқёси махсусан калон боздошт шудааст.
Ҳангоми кофтуков тақрибан 165 кг мефедрон, зиёда аз ду тонна прекурсорҳо ва дигар моддаҳо мусодира карда шуданд.
Ҳамин тариқ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардиши беш аз 800 ҳазор вояи як моддаи мамнӯъро ба бозори сиёҳ ба маблағи умумии тақрибан 300 миллион рубл қатъ карданд.
Қарор буд, ки фурӯши доруҳоро ҷинояткорон дар минтақаҳои Русия ба роҳ монанд.
Гумонбарон боздошт ва феълан дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
Ҳолатҳои нави сироятшавии сокинони ИДМ ба маризии коронавирус рӯ ба коҳиш ниҳодааст, хабар медиҳад Роспотребнадзор.
"Далели коҳиш ёфтани сироятёбӣ ба риояи чораҳои пешгирикунанда, нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ ва ҳамзамон фаъол шудани маъракаи эмгузаронӣ рабт дорад", - таъкид мешавад дар хабари Роспотребнадзор.
Манбаъ меафзояд, бидуни эмгузаронӣ пирӯз шудан бар вирус ғайримаҳол аст, зеро дар ҷаҳон танҳо 10 дарсади аҳолӣ алайҳи ин вирус масуният доранду халос.
Дар ҳамин ҳол, шумораи ваксинҳо алайҳи коронаиврус низ дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст.
Танҳо дар Русия аллакай 3 навъи ваксин таҳия шудааст, ки инҳо "Спутник V", "ЭпиВакКорона", ва "КовиВак" мебошанд.
Дар Маскав озмоиши ваксинаи "Спутник Лайт" оғоз шуд
Илова бар ин, моҳи март боз як ваксини дигари Русия бо номи "Спутник Лайт" таҳия мешавад. Ҷанбаи фарқкунандаи ин ваксин аз дигар ваксинҳо дар он аст, ки бо он фақат як маротиба эм мекунанд. Ҳамзамон он барои одамони синну соли то 40 - сола пешбинӣ мешавад.
Ба тахмини мутахассисони Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҳамагирии коронавирус танҳо авоили соли 2022 ба анҷом мерасад.
Ҳанӯз дар соли 2019, Кочарян аз боздоштгоҳ ба идораи Sputnik як номаи хос фиристода буд. Дар мактуб, собиқ раисиҷумҳур вазъи онвақтаи дохилии сиёсиро шарҳ дода, инчунин сиёсати худи Пашинянро танқид кард.
Ҳоло суханони сарвазир Пашинян, ки дар мусоҳиба бо RT изҳор дошта буд, ба тарзи вижа садо медиҳанд: "Ман он гуна сарвазир нестам, ки ҳамеша аз гум кардани мақомам битарсам".
"Раққоси бад": шубҳаи Пашинян аз эътимоднокии "Искандар"-и Русия
Маврид ба зикр аст, ки Кочарян дар номаи худ иттилоъ медиҳад, ки сарвазир Пашинян аз пуштибонии ҳизби ифротии Сасна Срер бархӯрдор аст.
Аммо, вазъ аз соли 2019 то ба ҳол ба куллӣ тағир ёфт. Акнун гуруҳ аз пуштибонии сарвазир даст кашида, ҷонибдори шиори "На барои гузашта, на барои ҳозира, балки барои ояндаи миллӣ" мебошанд.
Гузашта аз ин, аъзои гурӯҳи ҳамном, ки дар асоси он ҳизб таъсис дода шуд, чанде пеш барои ҳамла ба полки пайроҳадорон дар Ереван ҳукмҳои тӯлонӣ гирифтанд.
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нуҳумин фестивали байналмиллалии истеъдодҳои наврас таҳти унвони "Волшебная сила голубого потока — МОСГАЗ зажигает звезды" дар шаҳри Маскав ҷамъбаст шуд.
Ин озмун дар фазои маҷозӣ баргузор шуд. Дар озмуни мазкур иштирокчиёни беш 70 манотиқи Русия ва ҳамчунин аз 4 давлат бо шумули Тоҷикистон иштирок намуданд.
Тоҷикистонро дар фестивали мазкур донишҷӯёни Муассисаи давлатии "Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов" намояндагӣ карданд.
Сомонаи "МОСГАЗ зажигает звезды" исми ғолибони фестивалро нашр намудааст, ки миёни ғолибон Азимов Сарваршоҳ Ҳамзалиевич низ зикр гардидааст. Сарваршоҳ дар бахши "Сулҳи хонадони ман" тасвири сирф тоҷиконаро кашидааст, ки ба эҳтимоли зиёд фазои зебои тоҷикона доваронро тасхир намудааст.
Рассоми навраси тоҷик суратеро офаридааст, ки дар он зану марди солхӯрда бо либоси шинами тоҷикӣ сари хон нишастаанд. Ин тасвири Сарваршоҳ ба гирифтани мақом аввал даст ёфт.
Ҷамъан 55 нафар иштирокчиёни фестивал ба гирифтани ҷоиза мушарраф шуданд.