Сайёҳ ба ҳадде саргарми наворгирии тарма шуд, ки худ зери он монд - навор

321
(Таҷдидшуда 17:04 12.02.2021)
Сайёҳи амрикоӣ ба умеди гирифтани кадри диданӣ аз лаҳзаи фаромадани тарма, зери он монд. Тарма ҳамчунин 6 нафари дигарро зер кард

Тибқи иттилои The Daily Mail, ҳодиса дар кӯҳҳои Уина иёлати Ютаи ИМА рух додааст.

Манбаъ меафзояд, Майлз Пенроуз ҳамроҳи бародарон ва дӯстонаш барои сайҳат ба кӯҳ баромаданд. Онҳо аснои тамошо ҷунбиши заминро ҳис карданд ва гумон намуданд, ки ин заминҷунбӣ аст.

Ҳалокати ду шикорчӣ зери тарма дар Ромит - акс

Вале баъдан, наздик омадани мавҷи барфро мушиҳида намуда, пай бурданд, ки тармаи азим рост ба тарафи онҳо ҳаракат мекунад.

Яке аз сайёҳон дар ин лаҳза бо дастгоҳи аксбардорӣ лаҳзаи наздик омадани тармаро сабт кард, вале ӯву ҳамроҳонашро дар як нимнафас тарма зер кард.

Ба гуфтаи Пенроуз, ба ӯ муяссар шуд, ки дар рӯи замин бимонад ва мустақилона аз барф берун ояд. Ба ҳеҷ кадоме аз аъзоёни ин гурӯҳ осеб нарасид.

321
Барчаспҳо:
навор, тарма, сайёҳ, Амрико

Размикори тоҷик варзишгари ӯзбекро мисли кудак латукуб кард видео

1070
(Таҷдидшуда 19:49 02.03.2021)
Як иштибоҳ ва муҳориба барои варзишкори ӯзбек анҷом ёфт: размикори тоҷик Муҳибшо Гулобов ӯро ба накаут равон кард

Боз як муҳорибаи ҷолиб дар турнири "Колизей. Мусобиқиаи Чемпиоҳо" баргузор шуд.

Дар ин мусобиқи варзишкорон аз Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон ва Ӯзбекистон иштирок доштанд.

Барои муҳориба ба майдон размикори тоҷик Муҳибшо Гулобов ва варзишкори ӯзбек Нуриддин Ҳазратқулов баромаданд.

Рақобати ин ду варзишкор дар даври аввали мусобиқа анҷом ёфт. Баъд аз иштибоҳи размикори ӯзбек варзишкори тоҷик ӯро ба накаут равон карду сипас мисли кудак латукуб намуд. Ҳамин тавр Муҳибшо Гулобов бар рақиби худ пирӯз шуд. 

Ҳамон лаҳза ки Ҳазратқулов каме таваҷуҳашро гум кард, варзишкори тоҷик чанд зарбаҳои ҳадафнок зад. Варзишкори ӯзбек аз зарбаҳои сахти Муҳибшо ба замин уфтод ва сипас натавонист дубора боло шавад.

1070
Барчаспҳо:
пирӯз, ӯзбекон, размикор, тоҷик

Вулқон дар Индонезия бо таркиши қавӣ хокистарро то панҷ километр пароканда кард - навор

77
(Таҷдидшуда 15:10 02.03.2021)
Дар Интернет аввалин видеои хурӯҷи вулқони Индонезия пайдо шуд, ки муддати тӯлонӣ ҳеҷ гуна фаъолият нишон надод ва хатар эҷод накард

Дар Индонезия вулқони Синабунг абри хокистарро ба масофаҳои зиёди атрофи худ рехт. Кӯҳ сутуни чархзанандаи хокистаррангро ба осмон партофтааст.

Дар Интернет фавран наворҳо аз лаҳзаи хокпошии ин вулқон роҳ ёфт, ки касро ба ҳайрат мегузорад. Абри хокистаранг осмони минтақаҳои аҳолинишинро фаро гирифтааст. Тақрибан 6 киломметр дуртар аз вулқон 12 деҳаи аҳолинишин ҷой гирифтаанд.

Наздиктарин шаҳр ин Каро мебошад. Ҳарчанд хатари вулқон ба сокинони ин  шаҳр намерасад, вале мақомот аз мардум хоҳиш мекунанд, ки ба ҳар сурат эҳтиёткор бошанд.

Тибқи иттилои Маркази вулқоншиносии Индонезия, ин аввалин хурӯҷи бузург аз моҳи августи соли 2020 аст ва дар маҷмӯъ, вулқони Синабунг тақрибан 400 сол боз дар хоб аст.

Чанд ҳафта пеш, вулқоншиносон аллакай ба афзоиши фаъолияти онро пешгӯӣ карданд.

77
Барчаспҳо:
навор, Индонезия
Акция по выдаче питания лицам без определенного места жительства

Нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфт

0
(Таҷдидшуда 20:31 02.03.2021)
Коршиносони байналмилалӣ ахиран эълон доштанд, ки қиммати ҷаҳонии ғизо ба болотарин сатҳ дар 6 соли гузашта расидааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нархи ҷаҳонии ғизо таҳти таъсири афзоиши ҳазинаи маводи ғизоӣ ба болотарин сатҳ дар беш аз 6 соли гузашта расидааст, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей" дар истинод ба гузориши шабакаи хабарии "Bloomberg".

Ба гузориши "Bloomberg", ҳамзамон қиммати колоҳои аслӣ афзоиш ёфта ва қимати ҷаҳонии маводи ғизоиро ба болотарин сатҳ дар шаш соли гузашта дар январи 2021 расондааст.

Бо тавваҷуҳ ба таъсири ҳамагирии корона дар раванди рушди иқтисодӣ, нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфтааст.

“Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Соли вазнин хоҳад буд”: нигарониҳои Раҳмон аз соли 2021

Ин шабакаи хабарӣ бо ишора ба афзоиши 30 то 61 дарсадии қимати ғизо дар кишварҳои мухталиф навишт, ки бозорҳои навзуҳӯр, фишори ношӣ аз афзоиши баҳои маводи хомро эҳсос мекунанд, зеро афзоиши қимати колоҳое ҳамчун нафт, мис ва ғаллот болотар аз ҳадди интизор будааст.

0
Барчаспҳо:
боло, қиммат шудан, ғизо, байналмилалӣ, ҷаҳон