Сулҳ хоҳӣ, ба ҷанг омодагӣ бин: баҳогузории Лавров ба муносибатҳои Русияву Аврупо

209
(Таҷдидшуда 12:08 13.02.2021)
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров омодагии Русияро барои қатъ кардани муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупо эълон кард

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо рӯзноманигори рус Владимир Соловёв мусоҳиба кард.

Дар рафти суҳбат бисёр масъалаҳои рӯзмарра ба миён гузошта шуданд.

Лавров, аз ҷумла, дар бораи натиҷаҳои сафари сарвари дипломатияи аврупоӣ Хосеп Боррелл ба Маскав, таҳримҳои Аврупо алайҳи Русия изҳори назар кард, дар бораи парванда алайҳи блогнавис Алексей Навалний ҳарф зад, муносибати Русия ва Олмонро арзёбӣ кард ва инчунин самти ояндаи ҳамкориҳои муносибатҳои байни Федератсияи Россия ва ИМА-ро пешгӯӣ кард.

Яке аз мавзӯъҳои асосии мусоҳиба ҳамкории Русия ва Иттиҳоди Аврупо буд. Лавров дар посух ба як суоли рӯзноманигор омодагии Русияро барои қатъи равобит бо ИА эълом кард.

"Оё мо муносибатҳоро бо Иттиҳоди Аврупо қатъ мекунем?" - пурсид Соловёв аз роҳбари Вазорати корҳои хориҷӣ.

Пешбинии Лавров аз сард шудани муносиботи Русия ва Урупо - видео

Лавров дар ҷавоб гуфт: "Ҳаминашро мегӯям, ки мо омодаем."

Ба гуфтаи вазир, Русия метавонад ҳамкориҳоро бо ИА қатъ кунад, агар бори дигар эҳсос кунад, ки таҳримҳои ҷоришуда барои иқтисод хатар доранд.

"Мо намехоҳем худро аз ҳаёти ҷаҳонӣ ҷудо кунем, аммо мо бояд ба ин омода бошем. Агар шумо сулҳ мехоҳед, ба ҷанг омода шавед", ​​- таъкид кард Лавров.

209
Барчаспҳо:
сиёсат, муносибат, Аврупо, Русия
(39:22 / 472.37Mb / просмотров видео: 26)

Гуфтугӯи вазирони корҳои хориҷии Русия ва Афғонистон: анҷоми пахши мустақим

86
(Таҷдидшуда 16:29 26.02.2021)
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро бо иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар баррасӣ мекунад

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо ҳамтои афғони худ Муҳаммад Ҳаниф Атмар гуфтушунид мекунад.

Ин нахустин сафари иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Афғонистон ба Маскав аст.

Интизор меравад, ки дар музокирот Лавров ва Атмар ба рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба ва мушкилоти ҳалли мусолиматомез дар Афғонистон таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд.

Аз ҷумла, ҷонибҳо ба нақша гирифтаанд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаи энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ баррасӣ кунанд.

Нигарониҳои СААД аз ҳузури ҳазорон ҷангҷӯ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Гуфтушуниди намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ дар арафаи 100-солагии Шартномаи дӯстии Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Русия ва Афғонистон, ки 28 феврал таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад.

86

Инфиҷори сахт дар Нижний Новгород - навор

131
(Таҷдидшуда 12:49 26.02.2021)
Дар хонаи истиқоматие дар Нижний Новгород таркиши шадид сар зад: бино бар иттилои пешакӣ эҳтимол он дар қаҳвахонаи "Самурай" рух додааст

Таркиши гази маишӣ дар таҳхонаи бинои нуҳтабақаи шаҳр рух дод. Дар ин бора Раёсати минтақавии ВҲФ Русия хабар медиҳад.

Бино бар иттилои пешакӣ, таркиш дар қаҳвахонаи "Самурай"-и бинои нӯҳтабақаи кӯчаи Мешерскии ноҳияи Канавинск рух додааст.

Хабар дар бораи таркиш ба хадамоти оҷилӣ соати 9:13 бо вақти Маскав дастрас шуд. 

Гуфта мешавад, пас аз таркиш сӯхтор сар шуд ва сокинон оҷилан аз бино берун карда шуданд.

Феълан дар бораи талафоти ҷонӣ маълумоте нест, аммо бино бар наворҳои фаврӣ, бино пурра тахриб шудааст. 

Ба иттилои шоҳидон, садои таркиш мошинҳои таваққуфгоҳи назди биноро такон додааст.

Маълумоти бештар дақиқ карда мешавад, ба ҷои ҳодиса гурӯҳи фаврии ВҲФ равон шудаанд.

131
Барчаспҳо:
навор, Русия, инфиҷор
Дудмонии дарахтон дар Тоҷикистон барои ҳифз аз сармо, акс аз бойгонӣ

То -21 дараҷа хунук ва бебориш: ҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

0
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ба иттилои Ожонси обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва  рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 16-21 ва рӯзона  4-9 дараҷа хунук мешавад, хабар додаст “Ховар” аз қавли Ожонс.

Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд.  Шамол  аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук  мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона  5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  4-6  дараҷа хунук ва рӯзона 4+6 дараҷа гарм мешавад.

0
Барчаспҳо:
борон, ҳаво, Тоҷикистон