"Спутник V" метавонад кӯмак кунад: Аврупо ба норасоии шадиди ваксин рӯбарӯ шуд - навор

162
Истеҳсолкунандагони ваксина алайҳи коронавирус дар Аврупо аз ӯҳдаи таъмин намудани ҳамагон бо ваксина намебароянд

Аврупо ба норасоии шадиди ваксина алайҳи коронаиврус рӯбарӯ шуд. Истеҳсолкунандагони ғарбии ваксинаҳои коронавирусӣ ӯҳдадориҳои таъминоти худро иҷро намекунанд.

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо хавфи аз даст додани то 50дарсади ҳаҷми қаблан фармоишшударо доранд. Комиссияи Аврупо аллакай эътироф кард, ки онҳо ба меъёри ваъданамудаи худ оиди барзиёдистеҳсолкунии ин ваксин, хато карданд.

Феълан бо сабаби норасоӣ, баъзе кишварҳои Иттиҳоди Аврупо маҷбур шуданд, ки барномаи эмгузаронии оммавиро боздоранд.

Дар чунин вазъ, "Спутник V"  метавонад ба Аврупо кумак кунад. Натиҷаҳои марҳилаи сеюми озмоишҳои доруи Русия ба наздикӣ нашр шуданд, ки дар ниҳоят ҷаҳонро бовар кунонд, ки ваксинаи сохти русӣ комилан бехатар ва самарабахш аст.

Дар Эрон эмгузаронии саротосарӣ бо ваксинаи “Спутник V” оғоз ёфт

Ҳатто барои одамони аз 60-сола боло низ ваксинаи сохти Русия бехавф аст. Ҳоло дастоварди олимони Русияро бузургтарин пас аз парвози аввал ба кайҳон меноманд.

Чӣ гуна Иттиҳоди Аврупо муносибати худро ба "Спутник V" тағир медиҳад аз видеои тамошо кунед.

162
Барчаспҳо:
навор, Русия, Аврупо

Мӯъмин Шамсов паҳлавони қазоқро бо зарбаи барқвор ​​нокаут кард: видео

216
Дар мусобиқаи муҳорибаҳои омехта дар Қазоқистон размикори тоҷик мизбонро дар даври аввал шикаст дод

Дар мусобиқаи ҳунарҳои омехтаи OCTAGON 16 дар Алмаато миёни намояндаи Тоҷикистон Муъмин Шамсов ва варзишгари Қазоқистон Давлатбек Абдуқаҳоров муҳориба баргузор шуд.

Барои Мӯъмин Шамсов, ки 32-сола шуд, ин мубориза аввалин дар карераи касбии ӯ буд.

Давлатбек Абдуқаҳоров низ наметавонад бо таҷрибаи кофии варзишӣ фарқ кунад: вай барои мубориза бо тоҷик як ғалаба ва як мағлубият дошт.

Мубориза бо суръати тез оғоз ёфт: варзишгарон зуд ба табодули зарбаҳои сахт шурӯъ карданд.

Размикори қазоқ Шамсовро ба тури майдон ҷасф карда, ӯро маҷбур кард, ки мавқеи номусоидро ишғол кунад ва дар доираи васеъ хаста кунад.

Дар мобайни давр мубориза боздошта шуд: дидаю дониста ё на, қазоқистонӣ ба чашми Мумин зад. Пас аз каме таваққуф, рақибон набардро идома доданд.

Муштзани тоҷик Сангинов Лаваллеро шикаст дод - навори ҷолиби рақобат

Чунин ба назар мерасид, ки Абдуқаҳоров дар даври аввал пешсаф буд ва талоши бештар карда, кӯшиш кард, ки муборизаро ба замин барад. Аммо вақте ки размикори Қазоқистон танҳо як маротиба ҳимояаш кушода шуд, Мӯъмин Шамсов як зарбаи қавии ҳалкунанда зад.

Ҳаминтавр нахустин муборизаи касбии паҳлавони тоҷик бо нахустин пирӯзии боэътимоди ӯ тариқи нокаути техникӣ ба анҷом расид.

216
Барчаспҳо:
нокаут, пирӯзӣ, зӯрозмоии размикорон

Занозанӣ дар Ереван: ҷонибдорону мухолифони Пашинян вориди муноқиша шуданд - навор

107
(Таҷдидшуда 16:04 25.02.2021)
Дар интернет навори занозании ҷонибдорон ва мухолифони сарвазир Пашинян роҳ ёфт

Дар Ереван ҳамзамон ду митинг баргузор мешавад. Ҷонибдорони сарвазир Никол Пашинян ва мухолифоне, ки истеъфои ҳукуматро талаб мекарданд, ба кӯчаҳои шаҳр баромаданд.

Эътирозҳо пас аз он сар шуд, ки муовини сардори ситоди кулл Тиран Хачатрян аз мақом барканор гардид.

Дар навор маълум аст, ки мухолифон ба сӯи ҷонибдорони Пашинян нафрату лаънатхонӣ мекуннад.

Ёдовар мешавем, ки Ситоди генералии Арманистон истеъфои сарвазир Никол Пашинянро талаб кард. Ғайр аз он, Ситоди Генералӣ инчунин талаб кардааст, ки ҳукумати Арманистон низ бояд истеъфо диҳад.

Мақоми марказии маъмурияти ҳарбӣ истеъфои Пашинянро пас аз барканории муовини аввали сардори ситоди кулл Тиран Хачатурян талаб кард.

Он бо қарори президент Армен Саркисян пас аз гуфторҳо ба унвонии сарвазири Арманистон сабукдӯш шуд.

107
Барчаспҳо:
навор, Никол Пашинян, мухолифин, муноқиша, Ереван
День 26 февраля нац

Истеҳсоли "Волксваген" ва шомил шуданиТоҷикистон ба САҲА: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 18:47 25.02.2021)
Рӯзи бисту шашуми феврал, Рӯзи байналмилалии фориғболӣ мебошад. Дар ин рӯз раҳбари ансамбли фолклории "Помир", фалаксарои маъруф Соҳиба Давлатшоева ба дунё омадааст

Рӯзи 26 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1936 дар Олмон нахустин автомобили "халқӣ"- "Волксваген" истеҳсол карда шуд.

Соли 2017 дар намоишгоҳи техникӣ-коммуникатсионӣ дар Барселона тамғаи навкардашудаи телефони Nokia 3310 ба  тамошо гузошта шуд.

Рӯзи 26 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1995 аввалин маротиба дар Тоҷикистони соҳибистиқлол интихоботи парлумонӣ баргузор гардид.

Соли 1992 Тоҷикистон ба САҲА ҳамроҳ шуд.

Соли 2010 дар Душанбе маросими ботантанаи мукофотонидани барандагони стипендияи ба номи Дмитрий Менделеев баргузор гардид.

Соли 2014 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ карда шуд

Соли 2016 ташаббусҳои муштараки Тоҷикистону Нидерландия муҳокима карда шуданд.

Соли 2016 дар Ню-Йорк ташаббуси Тоҷикистон дар масъалаи рӯзномаи ҷаҳонии оби тоза муҳокима карда шуд.

Соли 2009 дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 1310-солагии Имоми Аъзам конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Мероси Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ" баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 22 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2014 Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Соли 2016 Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи марҳум генерал-майор Рустам Амакиев, собиқ фармондеҳи Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии "Алфа"-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кард.

Ҷашнҳои рӯзи 26 феврал

  • Рӯзи байналмилалии фориғболӣ.

Рӯзи 26 феврал кӣ ба дунё омадааст

Меҳрӣ Абдуллоева (1931) – раққоса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Карим Абдулов (1939-2011) – доктори илми таърих, профессор, нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Зебо Давлатшоева (1969) – рассом.

Соҳиба Давлатшоева (1970)- сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Наргиси Карим (1975)- шоира.

Усмон Раҷабов (1950)- меъмор.

Раиса Савина (1925) – доктори илми тиб, профессор.

Нозим Сафаров (1939) – доктори илми таърих.

Ҷамшеди Саъдулло (1961)- публисист.

Абдувадуд Файзиев (1942)- актёри театр.

Аҳмад Юсуфов (1928 – 1987) – доктори илми тиб, профессор.

0
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон