Аз гузашта то имрӯз: муваффақиятҳову дастовардҳои Эрон видео

120
(Таҷдидшуда 16:09 14.02.2021)
Эрон ба муносибати чиҳилудувумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ, навореро интишор кардааст, ки аз таъриху даврони муосири ин кишвар хабар медиҳад

Давлати Эрон дар як клипи кӯтоҳ дастовардҳои худро дар бахшҳои гуногун нишон додааст.

Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ва Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Тоҷикистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

Навори мазкур дар шабакаи иҷтимоии Ютуб нашр ёфтааст.

Чанде пеш Эрон чиҳилу дувумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ ва Рӯзи миллиашро ҷашн гирифт.

Дар рӯзи 22 баҳмани 1357 хуршедӣ, баробар бо 11 феврали 1979 мелодӣ инқилоби исломии Эрон ба раҳбарии Имом Хумайнӣ (раҳ) ба пирӯзӣ расид.

Эрон ба унвони аввалин кишваре, ки сафорати худро дар шаҳри зебои Душанбе ифтитоҳ намуд, ҳамвора саҳми пешгомонае дар кумак ба тақвияти зерсохтҳову тавсеаву пешрафти Тоҷикистони азиз доштааст.

Равобити Эрон ва Тоҷикистон бар пайвандҳои куҳан ва гусастнопазири фарҳангӣ, тамаддунӣ, забонӣ, таърихӣ ва динӣ бино шудааст.

120

Мӯъмин Шамсов паҳлавони қазоқро бо зарбаи барқвор ​​нокаут кард: видео

272
Дар мусобиқаи муҳорибаҳои омехта дар Қазоқистон размикори тоҷик мизбонро дар даври аввал шикаст дод

Дар мусобиқаи ҳунарҳои омехтаи OCTAGON 16 дар Алмаато миёни намояндаи Тоҷикистон Муъмин Шамсов ва варзишгари Қазоқистон Давлатбек Абдуқаҳоров муҳориба баргузор шуд.

Барои Мӯъмин Шамсов, ки 32-сола шуд, ин мубориза аввалин дар карераи касбии ӯ буд.

Давлатбек Абдуқаҳоров низ наметавонад бо таҷрибаи кофии варзишӣ фарқ кунад: вай барои мубориза бо тоҷик як ғалаба ва як мағлубият дошт.

Мубориза бо суръати тез оғоз ёфт: варзишгарон зуд ба табодули зарбаҳои сахт шурӯъ карданд.

Размикори қазоқ Шамсовро ба тури майдон ҷасф карда, ӯро маҷбур кард, ки мавқеи номусоидро ишғол кунад ва дар доираи васеъ хаста кунад.

Дар мобайни давр мубориза боздошта шуд: дидаю дониста ё на, қазоқистонӣ ба чашми Мумин зад. Пас аз каме таваққуф, рақибон набардро идома доданд.

Муштзани тоҷик Сангинов Лаваллеро шикаст дод - навори ҷолиби рақобат

Чунин ба назар мерасид, ки Абдуқаҳоров дар даври аввал пешсаф буд ва талоши бештар карда, кӯшиш кард, ки муборизаро ба замин барад. Аммо вақте ки размикори Қазоқистон танҳо як маротиба ҳимояаш кушода шуд, Мӯъмин Шамсов як зарбаи қавии ҳалкунанда зад.

Ҳаминтавр нахустин муборизаи касбии паҳлавони тоҷик бо нахустин пирӯзии боэътимоди ӯ тариқи нокаути техникӣ ба анҷом расид.

272
Барчаспҳо:
нокаут, пирӯзӣ, зӯрозмоии размикорон

Занозанӣ дар Ереван: ҷонибдорону мухолифони Пашинян вориди муноқиша шуданд - навор

114
(Таҷдидшуда 16:04 25.02.2021)
Дар интернет навори занозании ҷонибдорон ва мухолифони сарвазир Пашинян роҳ ёфт

Дар Ереван ҳамзамон ду митинг баргузор мешавад. Ҷонибдорони сарвазир Никол Пашинян ва мухолифоне, ки истеъфои ҳукуматро талаб мекарданд, ба кӯчаҳои шаҳр баромаданд.

Эътирозҳо пас аз он сар шуд, ки муовини сардори ситоди кулл Тиран Хачатрян аз мақом барканор гардид.

Дар навор маълум аст, ки мухолифон ба сӯи ҷонибдорони Пашинян нафрату лаънатхонӣ мекуннад.

Ёдовар мешавем, ки Ситоди генералии Арманистон истеъфои сарвазир Никол Пашинянро талаб кард. Ғайр аз он, Ситоди Генералӣ инчунин талаб кардааст, ки ҳукумати Арманистон низ бояд истеъфо диҳад.

Мақоми марказии маъмурияти ҳарбӣ истеъфои Пашинянро пас аз барканории муовини аввали сардори ситоди кулл Тиран Хачатурян талаб кард.

Он бо қарори президент Армен Саркисян пас аз гуфторҳо ба унвонии сарвазири Арманистон сабукдӯш шуд.

114
Барчаспҳо:
навор, Никол Пашинян, мухолифин, муноқиша, Ереван
Пассажир в защитной маске в международном аэропорту

Иттиҳоди Аврупо шиносномаи COVID ҷорӣ мекунад

0
Ин шаҳодатномаҳои минбаъд ҳамчун замина барои сафар кардан ба Иттиҳоди Аврупо хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Сарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар бораи зарурати ҷорӣ кардани шаҳодатномаҳои электронии эмгузаронӣ ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар ин бора садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар пайи як нишаст дар бораи коронавирус изҳор дошт.

"Барои коркарди масъалаҳои техникӣ ба Комиссияи Аврупо тақрибан се моҳ лозим аст", - илова кард вай.

Ба гуфтаи Меркел, чунин шаҳодатномаҳо заминаи сафар дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо ва инчунин вуруд ба қаламрави он аз кишварҳои сеюм хоҳанд шуд.

Инчунин, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Аврупо қайд карданд, ки онҳо ба мувофиқа расиданд, то тасдиқ ва истеҳсоли ваксинаҳоро тезонанд.

"Спутник V" метавонад кӯмак кунад: Аврупо ба норасоии шадиди ваксин рӯбарӯ шуд - навор

Ёдовар мешавем, ки моҳи феврал Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба кишварҳо тавсия надод, ки "шиносномаҳои ковид" -ро, ки барои сафарҳои байналмилалӣ истифода мешаванд, пешниҳод кунанд.

Гап дар сари он аст, ки маъракаҳои эмгузаронӣ ҳанӯз характери оммавӣ нагирифтаанд ва маълум нест, ки ваксинаҳо ба паҳншавии COVID-19 чӣ гуна таъсир мерасонанд.

0
Барчаспҳо:
шиноснома, Иттиҳоди Аврупо
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон