Муҳорибаи Шавкат Раҳимов ва Ҷозеф Диас: беҳтарин лаҳзаҳои бозӣ

200
Муҳорибаи Шавкат Раҳимови тоҷикистонӣ ва Ҷозеф Диаси амрикоӣ дар яке аз иёлотҳои ИМА ҳарчанд бо ҳисоби мусовӣ тамом шуд, вале хело диданӣ буд

Муҳорибаи варзишкори тоҷик Шавкат Раҳимов, ки Русияро намояндагӣ мекунад ва варзишкори амрикоӣ Ҷозеф Диас бо ҳисоби мусовӣ ба анҷом расид.

Дар рафти мусобиқа, ки онро метавон дар навор тамошо кард, ҳарифон то охир ба якдигар мубориза бурданд.

Аммо касе ақибнашинӣ намекард ва дар натиҷа бозӣ дар 12 давра баргузор гардид.

Шавкат Раҳимов бо Ҷозеф Диас то охир ҷангид: муҳориба якранг анҷом ёфт

Дар ниҳоят доварон ба хулоса расиданд, ки дар ин муҳориба касе пирӯз нашудааст касе набохтааст.

Ҳарчанд мубориза қавитаринро ошкор накард, аммо зодаи Тоҷикистон Шавкат Раҳимов тамоми имкони мубориза барои дарёфти унвони қаҳрамонии IBF-ро дорад.

200
Барчаспҳо:
муҳориба, Амрико, Тоҷикистон

Нишасти изтирории чархболи низомии Русия дар Сурия - видео

8
(Таҷдидшуда 15:31 28.02.2021)
Чархболи нерӯҳои фазонавардии Русия, Ми-35 дар қаламрави Сурия бо сабабҳои техникӣ нишасти изтирорӣ анҷом дод

Нишасти изтиророӣ  ҳангоми посбонӣ дар қаламрави вилояти Ҳасеке рух додааст. Вазорати мудофиаи Русия қайд кард, ки ҳеҷ яке аз халабонҳо ҳангоми фуруди изтирорӣ осеб надидааст.

Ба иттилои Вазорати дифоъ, халабонҳо феълан дар фурудгоҳ ҳастанд.

"Рӯзи 28 феврали соли 2021, ҳангоми парвози нақшавӣ барои посбонӣ кардани қаламрави вилояти Хасеке дар ҷумҳурии Сурия, чархболи Ми-35 бо сабабҳои техникӣ ба таври изтирорӣ фуруд омад", - иттилоъ дод Вазорат. 

Манбаъ бо такя ба гузориши халабонҳо илова намуд, ки чархбол ҳадафи тирпаронӣ қарор нагирифтааст.

Мавридд ба зикр аст, ки чархболи нақлиётии Ми-8АМТШ ва чархболи ҷангии зарбазани Ми-35 дар Хасеке корвони мошинҳои мулкиро аз ҳаво посбонӣ мекунанд, ки дар шоҳроҳи стратегии M4 ҳаракат мекунанд.

Гурӯҳи низомиён дар чархболи Mi-8AMTSh дар масофаи 5-10 километр пеш аз корвони мошинҳо парвоз мекунанд, то минтақаро посбонӣ намоянду аз пайдоиши эҳтимолии ҷангҷӯён дар наздикии масир ҷилавгирӣ кунанд. Чархболи зарбазани Ми-35 корвонро аз қафо аз таъсири техникаи ҳарбии хориҷӣ муҳофизат мекунад.

8
Барчаспҳо:
чархбол, Сурия

Сомон ба гирифтани пулҳояш рафту кушта шуд - видео

225
(Таҷдидшуда 13:19 28.02.2021)
Як ҷавони 24-сола дар Душанбе кушта шуд: ӯ ба нафаре қарз дода буду мехост пулашро баргардонад, аммо ба ҷои пул, ба қафаси синааш корд заданд

Ҷиноят дар заминаи доду гирифти пулӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рух дод, гузориш медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Аз ҷониби кормандони милисиаи пойтахт дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ, Абдурасулов Зоирҷон Отахоновичи 23-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Помир ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Зимни санҷиш дар тафтиши пешакӣ муайян карда шуд, ки номбурда аз шаҳрванд Ҷобиров Сомон, соли таваллудаш 1997 истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ба миқдори 90 ҳазор рубли русӣ қардор будааст, ки боиси муноқиша миёни онҳо шудааст.

Аз ҷумла 17 феврали соли ҷорӣ, соати 14:30 даақиқа Ҷобиров Сомон ба хотири бозпас гирифтани маблағи худ ба манзили истиқоматии Зоирҷон рафта, маблағи пулии худро талаб кардааст.

Гумонбаршаванда ба ҷои маблағи пулиро баргардонад, як маротиба ба қафаси синаи Сомон бо корд зарба задааст, ки дар натиҷа ӯ аз рафтани хуни зиёд дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаст.

Абдурасулов Зоирҷон дастгир шудаву тафтишот идома дорад.

225