Чархофалак бо теъдоди зиёди одамон дар Чин ба замин сарозер шуд - навор

Обуна шудан
Ҳодисаи нохуш дар музофоти Хунани Чин рух додааст ва табибон вазъи се нафар, ки дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштанд, вазнин арзёбӣ мекунанд
Дар яке аз атраксионҳои музофоти Хунани Чин ҳодисаи нохуш рух дод, ки дар пайи ҷароҳати зиёди истироҳаткунандагонро ба бор овард.
Агентии "Синьхуа" менависад, дар ин ҳодисаи мудҳиш дасти кам 15 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Навори ба садама дучор шудани чархофалак дар музофоти мазкурро яке аз меҳмонони ин макони фароғатӣ ба навор бардоштааст. Дар замони вуқӯи садама муолифи навор худ савори чархофалак буд.
Манбаъ аз қавли пизишкони ин музофот менависад, ки вазъи се нафари ҷароҳатбардошта ниҳоят вазнин аст.
Ҳоло кори атраксиони мазкур комилан баста буда, алайҳи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0