Нардбонҳои сохтмонии яке аз биноҳои маркази Маскав зери бори барф фурӯ рехт.
Ҳодисаи фавқулода дар гузаргоҳи Лубянский рух додааст. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ҳангоми фурӯпошии тахтаҳо одамон дар назди бино аз болои пули чӯбӣ мегузаштанд.
Тибқи охирин хабарҳо, дар натиҷаи ин ҳодиса се нафар маҷрӯҳ шуданд. Онҳоро аз зери харобаҳо берун оварданд. Як занро, ки ҷароҳати бештар бардоштааст, фавран ба беморхона бурдаанд. Ба ду раҳгузари дигар дар ҳамон ҷо кӯмак мерасонанд.
Дар лаҳзаи фурӯ рехтани нардбонҳои сохтмонӣ дар болои бино ягон коргар набудааст.
Сабаби дақиқи фурӯрезии нардбонҳои сохтмонӣ рӯшан карда мешавад.
Ду духтари гимнастбоз аз шаҳри Бердски Русия дар параплан маҳорати худро нишон доданд.
Ҳамаи ҳаракатҳои акробатики дар баландии тақрибан 600 метр нишон дода шуд.
Фозилова нахустин тоҷикдухтарест, ки ба тими Гурҷистон пайваст
Дар ҷаҳон бори аввал аст, ки гимнастбозон дар баландии 600 метр бидуни бандҳои эҳтиётӣ барнома намоиш доданд. Обу ҳаво ва набудани бандҳои эҳтиётӣ ба намоиши ин барнома халал нарасонданд.
Чемпионати ҷаҳон-2022: санаи бозӣ байни мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон дақиқ шуд
Варзишгарон таъкид карданд, ки бори дигар барнолмаҳо баландтар аз 600 метр намоиш дода мешаванд.
Тиҷорати гул дар 8 март дар авҷ аст.
Дар ин рӯзҳо нархи гулҳо ба осмон мерасанд. Дар ин рӯз ҳар як мард мехоҳад гулдастаи беҳтаринро интихоб кунад. Ҳамин тавр, дар ин рӯзҳо арзиши як лола ба 5 (3 доллар) манат ва садбарг ба 6 (3,5 доллар)манат мерасад. Ҳамин тариқ, арзиши миёнаи як даста гули хоксорона тақрибан 25-30 манат (наздик ба 18 доллар)-ро ташкил медиҳад.
Бо вуҷуди ин, нархномаҳо танҳо табъи мардонро хира мекунанд, дар ҳоле ки занон ба иди дӯстдоштаи худ омодагӣ мегиранд. Тавре ки маълум шуд, занон дар ин рӯз интизори тӯҳфаҳо ҳастанд. Онҳо интизори як даста гул ё атр мебошанд. Дар баробари ин, худи занҳо барои оила ва дӯстон тӯҳфаҳо омода мекунанд.
Дар ин рӯзҳо мардон кушиш мекунанд занон, модарон ва хоҳарони худро бо як даста гул табрик намоянд. Мисли ҳамеша, мардон дар ин рӯз то лаҳзаи охир пушти хариди тӯҳфаҳо мераванд.
ДУШАНБЕ, 9 март - Sputnik. Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз раъду барқ огоҳ мекунанд, ва баъзан боридани жоларо имконпазир медонанд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Душанбе имрӯз ҳаво абрист, бориш намешавад, аммо пагоҳ ва то 11 март борон меборад ва раъду барқ мешавад. Ҳарорат шабона 3-5 ва рӯзона + 17 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ боришот дар шакли барф, инчунин дар баъзе ҷойҳои раъд барқ шуда, дар кӯҳҳо шабона 1-6 ва рӯзона то 7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шимоли кишвар, вилояти Суғд, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд, имрӯз бошад бебориш мешавад ва аллакай 10 март дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад.
Дар водиҳо шабона тақрибан 3-8 ва рӯзона то 17 дараҷа гармӣ, аммо дар кӯҳҳо шабона то аз 1 то 6 дараҷа хунук мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 10 то 13 март барф меборад, раъду барқ мешавад ва рӯзона борон меборад. Дар ғарби ВМКБ шабона 3-8 ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гарм, дар шарқи Помир шабона то -31 дараҷа сард мешавад.
Дар ҷануби Тоҷикистон, вилояти Хатлон туман мефарояд, аммо бориш танҳо рӯзи чоршанбе пешбинӣ шудааст.
Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 4-9 ва рӯзона то 23 дараҷа гарм мешавад.