Садамаи 16 мошини варзишӣ зимни сабқат - видео

202
(Таҷдидшуда 16:14 16.02.2021)
Дар Интернет видеое нашр шуд, ки дар он садамаи 16 мошини варзишӣ зимни сабқат бо суръати баланд сабт карда шудааст

Ин ҳодиса дар пойгаи машҳури мошинҳои варзишии NASCAR дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рух дод. Дар марҳилаи аввали сабқат, бархӯрди даҳшатноки 16 мошин ба вуқуъ пайваст.

Мавсими нави NASCAR дар Флорида бо пойгаи “Дайтон 500” оғоз ёфт, аммо аввалин Гран-прии ин мавсим муваффақ анҷом нашуд. Мувофиқи қоидаҳо, мусобиқа пас аз садамаи азим дар роҳ қатъ карда шуд.

Видео нишон медиҳад, ки чӣ гуна яке аз ширкаткунандагон талош дошт, бо ҳаракате аз дигарон пеш гузарад. Аммо, ин талош ба оқибатҳои нохуш ва бархӯрди 16 мошин оварда расонд, ки аз паси пешсафони мусобиқа ҳаракат доштанд.  

Дар пайи ин қазия, созмондиҳандагон маҷбур буданд, ки пойгаи мошинҳоро тарк кунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ин садама касе осеб надидааст, аммо мошинҳо реза шуда буданд ва натавонистанд сабқатро идома диҳанд.

202
Барчаспҳо:
садама, ИМА

Қапид ва буғӣ кард: размикори тоҷик дар як дақиқа рақиби қирғизашро аз пой афтонд - видео

195
(Таҷдидшуда 19:29 03.03.2021)
Рақобат миёни размикори аз Тоҷикистон ва намояндаи Қирғизистон, бо як ҳайбат оғоз шуду зуд анҷом ёфт

Охири ҳафтаи гузашта дар Маскав мусобиқаи муҳорибаи омехта дар Колизей: Battle of Champions 19 баргузор шуд. Дар октагон варзишгарон аз Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба ҳам омаданд.

Қувваозмоии Мирзокарим Шарифзода аз Тоҷикистон ва Мирлан уулу Айдемир аз Қирғизистон назаррас буд.

Ҳарду варзишгар дар вазни 61 кило мубориза бурданд. Ҳарду барои варзиши касбӣ хеле ҷавонанд.

Шарифзода аз сонияҳои аввал ду зарба зад. Варзишгар аз Қирғизистон ба ҳамла шитофт, аммо ин иштибоҳи ӯ буд.

Ҷанговар аз Тоҷикистон душманро дастгир карда, муборизи қирғизро дастгир ва буғӣ кард.

Ҷанг дар камтар аз як дақиқа ба поён расид.

195
Барчаспҳо:
пирӯзӣ, зӯрозмоии размикорон, размикор, қирғиз, тоҷик

Зебоиҳои баҳори Тоҷикистон бо сурудҳои Далер Назар видео

78
(Таҷдидшуда 19:22 03.03.2021)
Дар шабакаи интернет наворе нашр шуд, ки дар он бо садо додани гитара ва хондани сурудҳои Далер Назар дар яке минтақаи зебоманзари Тоҷикистон зебоиҳои баҳорӣ ин минтақа нишон додашудааст

Бо фаро расидани баҳор, сокинони Тоҷикистон ба тамошои манзараҳои зебои кишвар шитоб мекунанд.

Сокинон бо рафиқони худ кушиш мекунанд берун аз деҳаву шаҳру ноҳияҳо браванд, то аз ҳавои кӯҳистону табиати зебо лаззат баранд.

Дар Интернет видеои зебои баҳорӣ нашр шудааст, ки дар он бозии волейбол дар берун, омода кардани оши палов барои варзишгарон ва албатта овозхонии маъруфтарин сурудҳои баҳорӣ дида мешавад.

Маълум аст, ки видео дар Нуробод, дар 135-километрии шарқи шаҳри Душанбе, ба навор гирифта шудааст.

Худи деҳаи кӯҳистонӣ дар навор бениҳоят зебову ҷолиб менамояд. Дар доманаи кӯҳҳо аллакай аввалин гулҳои баҳорӣ пайдо шуданд, ки онҳо дар пасманзари нишебиҳои барфпӯш фарқ мекунанд.

78
Барчаспҳо:
зебо, Далер Назаров, суруд, баҳор, Тоҷикистон
День 4 марта

Зодрӯзи Дона Баҳромов ва ифтитоҳи Маҷмааи тандурустии "Истиқлол": имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 14:58 02.03.2021)
Рӯзи 4 - уми март дар Белорус - Рӯзи милитсия таҷлил мешавад. Дар ин рӯз дар шаҳри Душанбе маҷмааи тандурустии "Истиқлол" ифтитоҳ шуд

Рӯзи 4 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

 Соли 1789 аввалин Конститутсия ИМА ба ҳукми амал даромад.

Рӯзи 4 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар ҷаласаи Мачлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ» баррасӣ карда шуд.

Соли 2012 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар даври ниҳоии Ҷоми КФО-2012 ба пойтахти Непал-  шаҳри Катманду сафар кард.

День 2 марта
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон қарор кард, ки ба лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бо терроризм» тағйирот ворид намояд.

Соли 2014 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» маросими кушодашавии 16-умин намоиш-ярмаркаи армуғон ва сайёҳии  «Тоҷикистон-2014»  баргузор гардид.

Соли 2015 дар шаҳри Маскав ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ баргузор гардид.

Соли  2016 Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар маросими ботантана Маҷмааи тандурустии "Истиқлол"- ро ифтитоҳ намуд.

Соли 2017 дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон баргузор гардид, ки ду рӯз идома ёфт.

Соли 2019 дар бо қарори Ҳукумати Ҷопон собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров барои саҳми арзандааш  дар рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Ҷопон бо мукофоти давлатии ин кишвар – Ордени Тулӯи офтоб дараҷаи I сарфароз гардонида шуд.

Соли 2020 Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои Олимпии Осиё (Olympic Council of Asia) интихоб гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 4 март

  • Дар Белорус — Рӯзи милитсия.

Рӯзи 4 март кӣ ба дунё омадааст

Соли 1875 -нависандаи тоҷик, равшанфикр ва рӯзноманигор Маҳмудхоҷа  Беҳбудӣ.

Соли 1936 - рӯзноманигор Тулфор Қадамов.

Соли 1947 - доктори илмҳои биологӣ Сафарбек Раҳимов.

Соли 1949 - ҳофиз, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Дона Баҳромов.

Соли 1957 – рӯзноманигор Ҳуринисо Ализода.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн