Миллиард сол дар 40 сония: олимон тағйирёбии заминро нишон доданд - навор

274
(Таҷдидшуда 13:28 17.02.2021)
Дар навор маълум аст, ки замин чигуна тағйир меёбад. Аз ҷумла, лаҳзаи пайдо шудани уқёнусҳо ва ҳамзамон нопадид шудани онҳо нишон дода мешавад

Олимон навореро омода намуданд, ки дар он ҳаракати мунтазами тектоникии замин нишон дода шудааст.

Ин навор ҳарчанд 40 сония бошад ҳам, аммо он тағйирёбии заминро давоми миллиард сол нишон медиҳад. Навори мазкурро YouTube-канали EarthByte нашр намудааст.

"Ин тадқиқот ҳамчун қадами аввал дар роҳи барқарорсозии муфассал ва пайвастаи тектоникӣ дар тӯли миллиард соли охирини таърихи Замин пешбинӣ шудааст", -таъкид шудааст дар навор.

Ҳамзамон дар навор хуб нишон дода шудуааст, ки чӣ гуна уҳёнусҳо пайдо мешаванд, аммо чанде баъд боз нопадид мегарданд.

Аз ҷумла метавон мушоҳида кард, ки Антрактидаи муосир қаблан дар экватор ҷойгир будааст.

274
Барчаспҳо:
навор, тағйирёбӣ, замин
(39:22 / 472.37Mb / просмотров видео: 26)

Гуфтугӯи вазирони корҳои хориҷии Русия ва Афғонистон: анҷоми пахши мустақим

86
(Таҷдидшуда 16:29 26.02.2021)
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро бо иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар баррасӣ мекунад

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо ҳамтои афғони худ Муҳаммад Ҳаниф Атмар гуфтушунид мекунад.

Ин нахустин сафари иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Афғонистон ба Маскав аст.

Интизор меравад, ки дар музокирот Лавров ва Атмар ба рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба ва мушкилоти ҳалли мусолиматомез дар Афғонистон таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд.

Аз ҷумла, ҷонибҳо ба нақша гирифтаанд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаи энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ баррасӣ кунанд.

Нигарониҳои СААД аз ҳузури ҳазорон ҷангҷӯ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Гуфтушуниди намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ дар арафаи 100-солагии Шартномаи дӯстии Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Русия ва Афғонистон, ки 28 феврал таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад.

86

Инфиҷори сахт дар Нижний Новгород - навор

131
(Таҷдидшуда 12:49 26.02.2021)
Дар хонаи истиқоматие дар Нижний Новгород таркиши шадид сар зад: бино бар иттилои пешакӣ эҳтимол он дар қаҳвахонаи "Самурай" рух додааст

Таркиши гази маишӣ дар таҳхонаи бинои нуҳтабақаи шаҳр рух дод. Дар ин бора Раёсати минтақавии ВҲФ Русия хабар медиҳад.

Бино бар иттилои пешакӣ, таркиш дар қаҳвахонаи "Самурай"-и бинои нӯҳтабақаи кӯчаи Мешерскии ноҳияи Канавинск рух додааст.

Хабар дар бораи таркиш ба хадамоти оҷилӣ соати 9:13 бо вақти Маскав дастрас шуд. 

Гуфта мешавад, пас аз таркиш сӯхтор сар шуд ва сокинон оҷилан аз бино берун карда шуданд.

Феълан дар бораи талафоти ҷонӣ маълумоте нест, аммо бино бар наворҳои фаврӣ, бино пурра тахриб шудааст. 

Ба иттилои шоҳидон, садои таркиш мошинҳои таваққуфгоҳи назди биноро такон додааст.

Маълумоти бештар дақиқ карда мешавад, ба ҷои ҳодиса гурӯҳи фаврии ВҲФ равон шудаанд.

131
Барчаспҳо:
навор, Русия, инфиҷор
Дворец нации

Президенти Тоҷикистон 1 март бо Мирраҳмон Раҳмонӣ мулоқот мекунад

243
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси Вулуси Ҷиргаи Афғонистон 1 март дар назар аст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, нимаи дуюми имрӯз раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллӣ - парлумони Ҷумурии Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон меояд.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, дар назар аст, ки имрӯз Раҳмонӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот кунад.

Мулоқоти раиси парлумони Афғонистон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон 1 март дар назар аст.

Гуфтушунид бо Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз бандҳои дигари барномаи сафари Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон мебошад.

Хабаргузории "Ховар" аз қавли котиботи Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ки дар доираи сафари расмӣ ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз низ дидан хоҳанд кард.

Ин сафар дар ҳолест, ки масоили амниятӣ аз мавзӯъҳои меҳварии муносиботи Тоҷикистону Афғонистон мебошанд. Дар пасманзари таҷаммӯи бархе аз гуруҳҳои ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон мақомоти тоҷик азм доранд, ҳифзи марз бо ин кишварро таҳким бахшанд.

243
Барчаспҳо:
амният, Афғонистон, парлумон, низомиён, Тоҷикистон