ИМА казинои "Трамп-Плаза"-ро тахриб мекунад: видео

170
Дар Иёлоти Муттаҳида тасмим гирифтанд, ки яке аз биноҳои президенти собиқ Доналд Трамп "Трамп - Плаза"-ро тахриб кунанд

Дар Атлантик-Ситии Ню Ҷерсӣ, тахриби меҳмонхона ва казино Trump Plaza оғоз ёфтааст. Ин бино ба президенти собиқи ИМА  Доналд Трамп тааллуқ дошт.

Trump Plaza дорои 39 ошёна мебошад. Он ҳанӯз соли 1984 сохта шуда буд.

Лоиҳаи Трамп яке аз муваффақтарин ба ҳисоб мерафт, аммо даромадҳои он дар соли 1990 бо кушода шудани Трамп Taj Mahal якбора коҳиш ёфтанд.

Барои пешгирӣ аз муфлисшавӣ, казино 25 миллион доллар қарз гирифта, сипас қарзро аз нав сохт.

Бо вуҷуди талошҳои зиёд, казино ва меҳмонхонаи Trump Plaza дар соли 2014 муфлис шуд ва пас аз он онҳо баста шуданд. Ин бино дар тӯли ҳафт соли охир холӣ буд.

Мақомоти Атлантик Сити пас аз шикасти Доналд Трамп дар интихоботи президентии соли 2021 ИМА ҳуқуқи хароб кардани Трамп Плазаро ба музояда гузоштанд.

Трамп гуфт, ки пас аз тарки раисҷумҳурӣ чӣ кор мекунад

Маблағҳои аз музояда бадастомада ба нақша гирифта шудаанд, ки ба эҳтиёҷоти клуби ҷавонони шаҳр равона карда шаванд.

Аслан тахриби он бояд аз 31 декабр оғоз, аммо баъдан то 17 феврал мавқуф гузошта шуд.

170

Инфиҷори сахт дар Нижний Новгород - навор

3
Дар хонаи истиқоматие дар Нижний Новгород таркиши шадед сар зад: бино бар иттилои пешакӣ эҳтимол он дар қаҳвахонаи "Самурай" рух додааст

Таркиши гази маишӣ дар таҳхонаи бинои нуҳтабақаи шаҳр рух дод. Дар ин бора Раёсати минтақавии ВҲФ Русия хабар медиҳад.

Бино бар иттилои пешакӣ, таркиш дар қаҳвахонаи "Самурай"-и бинои нӯҳтабақаи кӯчаи Мешерскии ноҳияи Канавинск рух додааст.

Хабар дар бораи таркиш ба хадамоти оҷилӣ соати 9:13 бо вақти Маскав дастрас шуд. 

Гуфта мешавад, паас аз таркиш сӯхтор сар шуд ва сокинон оҷилан аз бино берун карда шуданд.

Феълан дар бораи талафони ҷонӣ маълумоте нест, аммо бино бар наворҳои фаврӣ бино пурра тахриб шудааст. 

Ба иттилои шоҳидон садои таркиш мошинҳои таваққуфгоҳи назди биноро такон додааст.

Маълумоти бештар дақиқи карда мешавад, ба ҷои ҳодиса гурӯҳи фаврии ВҲФ равон шудаанд.

 

3
Барчаспҳо:
навор, Русия, инфиҷор

Миллион шаҳрванди Сурия дар интизори об: Русия чӣ гуна ба онҳо кӯмак мекунад - навор

5
Ҳудуди миллион шаҳрванди Сурия дар интизори омадани об ба манзилҳои онҳо қарор доранд. Системаи обрасонии онҳо ҳанӯз соли 2011 зимни даргириҳои мусаллаҳона тахриб шуда буд

Даргириҳои мусаллаҳона дар Сурия аз соли 2011 инҷониб идома доранд. Авохири соли 2017 пирӯзӣ бар гурӯҳи террористии Давлати исломӣ (мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) дар Сурия ва Ироқ эълон карда шуд.

Аммо то ҳол дар аксар минтақаҳо маҳви ҷангиён ҳамоно идома дорад. Феълан масъалаи пурра барқарор шудани сулҳ ва баргардондани тамоми гурезагони суриягӣ дар мадди аввал қарор дорад.

Бояд зикр намуд, ки аснои даргириҳои мусаллаҳона дар соли 2011 системаи обрасонӣ дар музофоти Эл-Хасаке тахриб шуд.

Ин система таҳти назорати Туркия қарор дорад ва суриягиҳо қаблан Туркияро дар барқасдона тахриб кардани лӯлаи об муттаҳам намуда буданд. Вале ҷониби Туркия ин итиҳомотро рад мекунад. 

Кай сохтмони системаи обрасонӣ ба анҷом мерасад ва Русия дар ин роҳ чӣ гуна ба давлати Сурия кӯмак мекунад, аз навори омоданамуда тамошо кунед.

5
Барчаспҳо:
навор, кӯмак, Русия, Сурия