(0:39 / 4.56Mb / просмотров видео: 4809)

Тамрини низомии Эрону Русия дар уқёнуси Ҳинд алайҳи роҳзанҳо - видео

64
(Таҷдидшуда 17:21 19.02.2021)
Низомиёни Русия ва Эрон дар уқёнуси Ҳинд размоиши густурдаи баҳриро баргузор намуданд, ки бо ҷалби воҳидҳои махсус сурат гирифтааст

Бар асоси барномаи размоиш, киштии тиҷорӣ ҳадафи ҳамлаи роҳзанҳо қарор гирифта, баҳрнавардон ҳамлагаронро бо ҷалби воҳидҳои махсус пас гардонданд.

Низомиён инчунин кашидани киштӣ ва хомӯш кардани сӯхтор дар саҳни онро тамрин намудаанд. Низомиёни Эрону Русия тирпаронӣ дар вақти шаб ва фиристодани паёмҳои нуриро ба ҳамдигар машқ кардаанд. 

Аз гузашта то имрӯз: муваффақиятҳову дастовардҳои Эрон – видео

Размоиши "Камарбанди бехатарии баҳрӣ - 2021" дар халиҷи Яман баргузор гардида, 17 ҳазор километри мураббаъро фаро гирифтааст.

Аз ҷониби Русия дар размоиш низомиёни Нирӯҳои дарёии Балтик иштирок карда, тамоми шеваҳои ҷангӣ аз мудофиаи обию ҳавоиро тамрин кардаанд.

Пораҳое аз тамринҳои муштараки низомиёни Эрону Русия дар навор инъикос шудаанд.

64
Барчаспҳо:
ҳамлаҳо, низомиён, Русия, Эрон

Сафар ба Миррих лағв мешавад? ин навбат ҳам мушаки Илон Маск таркид - навор

69
Прототипи мушаки такроран истифодашавандаи Илон Маск барои парвоз ба Миррих пас аз чанд дақиқаи фуруд таркид

Ҳавопаймои Starship SN10 тавонист фуруд ояд, аммо дар натиҷаи сӯхтор дар киштӣ сӯзишвории ракета таркид.

Тавре дар навор мушоҳида мешавад, мушак пас аз бозгашт ҳаракаташ суст шудаву давоми чанд сония метаркад.

Ширкати Илон Маск видеои пурраи озмоишҳоро дар канали расмии худ дар Ютуб нашр кард.

Гуфта мешавад, ки таркиш ҳангоми фуруд аз фишори пасти зарфи сӯзишворӣ ҳангоми фуруд рух додааст.

Ин севвумин озмоиши пайдарпайи номуваффақи ин мушак аст, ки ду прототипи қаблӣ ҳангоми фуруд омадан дучор омадаанд.

Аммо, Илон Маск ва кормандони ӯ дар SpaceX бовар надоранд, ки партобҳо бенатиҷа анҷом ёфтанд. Барои тафсилоти бештар дар бораи орзуи парвоз ба Миррих навори омоданамударо тамошо кунед

69
(0:57 / 6.34Mb / просмотров видео: 4791)

Путин гуфт, чӣ гуна Маскав ҳамкасби ӯро аз Аврупо тасхир кард - навор

245
(Таҷдидшуда 12:39 06.03.2021)
Кишвардори Русия Владимир Путин дар Кремл мулоқоти шахсӣ баргузор намуд, ки пас аз он дар бораи тассуроти як ҳамкасби худ аз Аврупо дар бораи Маскавро нақл кард

Ҳамкасби аврупоии Владимир Путин аз "зинда" будани шаҳри Маскав дар ҳайрат мондааст. Ба нақли раисҷумҳури Русия, ҳамкасби ӯ пас аз ташриф овардани ба Маскав таассуроти худро ба ӯ баён намудааст.

Марди аврупоӣ аз он дар тааҷҷуб мондааст, ки роҳҳои шаҳр пур аз нақлиёту мардум ҳама аз пайи кору пайкори худ ҳастанд.

Ӯ бо таассуф вазъияти кишварҳои аврупоиро нақл намуд, ки дар роҳҳо теъдоди ками мошинҳо ҳаракат мекунанд ва ҳамчунин мардумро низ дар кӯча зиёд дидан ғайри имкон аст. Ҳама ҷо баста аст, - изҳор доштааст камкасби Путин.

"Метавон гуфт, ки танҳо дар якҷоягӣ бо талошҳо, аз ҷумла дар арсаи байналмилалӣ, мо метавонем пирӯзии ниҳоӣ бар коронавирусро ба даст орем", - таъкид кард Президенти Федератсияи Русия.

Пандемияи коронавирусӣ, ки соли гузашта аз Чин паҳн шуда буд, тақрибан дар ҳамаи кишварҳо доман зад. Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс, дар ҷаҳон қариб 116 миллион ҳолати сирояти нави коронавирус ошкор шудааст, зиёда аз 2,5 миллион нафар фавтидаанд.

245
Барчаспҳо:
навор, Русия, Владимир Путин
Тарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ

Дар Бадахшони Афғонистон 15 нафар зери тарма ҷон доданд

0
Тарма дар як гӯшаи дурдасти вилояти Бадахшони Афғонистон фаромадаст, ки зери назорати толибон қарор дорад

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Дар Афғонистон 15 нафар бар асари фаромадани баҳман ва ё тарма ҷон аз даст доданд.

Ба иттилои мақомоти Афғонистон, тарма рӯзи 4 март дар як гӯшаи дурдасти вилояти Бадахшони Афғонистон фаромад, ки он зери назорати толибон қарор дорад.

Макони фаромадани тарма рустои Зарандоб, ки дар ноҳияи Роғистон ҷойгир аст, гуфта мешавад. Дар ин макон кони тилло ҷойгир аст.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар хабар доданд, ки нахуст ҷасади 12 нафар аз зери тарма берун оварда шуд.

Сипас теъдоди қурбониёни ин офати табиӣ ба 15 нафар расид. Ҳамзамон панҷ нафари дигар бар асари фаромадани баҳман маҷрӯҳ шудаанд.

Дар Бадахшони Тоҷикистон бошад, рӯзи 24 феврал якбора 16 тарма дар масири Хоруғ - Ишкошим фаромад ва хушбахтона талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Тарма танҳо барои чанд муддат баста шуд ва сипас бо талоши поксозони роҳ ин мушкилӣ бартарафгардид.

0
Барчаспҳо:
тарма, Афғонистон