Дар давоми 2 сол бори аввал зимистони ҳақиқӣ ба Байтулмуқаддас расид.
Ҳавои сарди ногаҳон, барфҳои шадид ба ҳаёти пурғавғои шаҳр тағйирот ворид карданд.
Дар пойтахти Исроил нақлиёти ҷамъиятӣ аз фаъолият монд ва полиси роҳ шоҳроҳи марказии байни Доруссалом Тел-Авивро баст.
Обуҳавошиносон пешгӯӣ мекунанд, ки ҳарорат дар Байтулмуқаддас нарм мешавад ва яхҳо об мегарданд.
Дар ин миён, сокинони маҳаллӣ метавонанд аз зимистони деринтизор баҳра бурда, барфбозиву аксгирӣ кунанд.
Зимистони ғайримуқаррарӣ танҳо дар Исроил нест. Барфҳои шадид Юнон ва Бритониёро низ фаро гирифтаанд. Дар шаҳри Ал-Байдаи Либия бошад, барф бори аввал дар 15 соли охир борид.
Дар Техас, тӯфони барфӣ сокинонро ба воҳима овард. Онҳо ба хариди омма, ҳезум ва ангишт шурӯъ карданд. Бо сабаби номусоидии обу ҳаво, тақрибан 3,5 миллион нафар бе гармӣ ва равшанӣ монданд.
Имрӯз дар Озарбойҷон нахустин чоршанбеи арафаи Наврӯзро ҷашн мегиранд, ки "су чоршанбеси" ном дорад. Ба ин муносибат дар минтақаҳо шириниҳои гуногун омода мекунанд.
Чигуна озорбойҷониҳо ҳалвои говудро омода мекунанд, аз навори мо тамошо кунед.
Ба модари хонаводаи Набиевҳо омода кардани говудро хушдоманаш омӯхта буд. Вақте Шафаят ин ҳалворо омода мекунад, дар ин хонавода хешовандону ҳамсояҳо ҷамъ мешавад.
Барои омода кардани говуд, пеш аз ҳама гандумро интихоб мекунанд, тоза мекунанд ва бирён мекунанд. Пас аз он дар осиёи дастӣ онро мекӯбанд. Орди ин гандуми бирёнро метавон моҳҳо нигоҳ дошт. Метавон ба он орди макка ё дигар донагиҳоро ҳамроҳ кард.
Аз кулчаҳои "Роҳат" то лӯлакабоби тоҷикӣ: сирри лазизтарин хӯрокҳои Душанбе фош шуд
Сипас ба орд об, асал, оби меваҷотро омехта мекунанд. Шафаят бештар шарбат ва шакари кӯфташуда омехта мекунад. Дар охир ба ширинӣ шакл медиҳанд ва дар дастурхон мегузоранд.
Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ифтитоҳи стадиони нави ба номи Гюрсел Аксел дар Измир ширкат варзид.
Стадион бахшида ба як варзишкори номии турк Гюрсел Аксел ифтитоҳ гардидааст.
Дар видео дида мешавад, ки раҳбари Туркия ба майдони футбол меояд. Сардори давлат биноро муфассал аз назар мегузаронад.
Баъдан, ҳайат бо роҳбарии Эрдуғон ба майдони футбол меравад.
Эрдуғон маҷаллаи фаронсавиро барои карикатура ба додгоҳ кашид
Дар идомаи видео дида мешавад, ки дар назди президенти Туркия тӯб гузошта мешавад. Пас аз каме интизор шудан, Эрдуғон суръатро баланд мекунад ва тӯбро мезанад.
Зарба хуб буд. Дар видео дида мешавад, ки дарвозабон ба самти муқобили тӯб меҷаҳад, аммо вуруди онро ба дарвоза пешгирӣ карда намешавад.
Навори бо голи Эрдуғон ба анҷом меравад.
ДУШАНБЕ, 25 фев - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард, ки тибқи нишондод асъори миллӣ дар ҳоли заифшавист.
Қурби рубл, ки чанде қабл поин рафта буд, давоми ҳафтаи равон ба таври назаррас боло рафт.
Тибқи нишондоди Бонки миллии кишвар, арзиши рубл танҳо давоми як шабонарӯз беш аз 3 сомонӣ гарон шуд. Ҳоло барои 1000 рубл дар кишвар 155 сомону 30 дирам муқаррар шудааст.
Доллар низ пас аз каме боло рафтан дорад ба нишондоди аввали худ бармегардад ва имрӯз як доллар дар Тоҷикистон 11,3045 сомонӣ арзиш дорад.
Дар мавриди қурби асъори Аврупо бошад, он тули чанд муддат аст, ки калобанда дар марзи 13,6500 то 13,7500 қарор мегирад. Ин ниҳод қурби як евро барои 25 феврал 13,7169 сомонӣ муқаррар кардааст.
Дар мавриди поинравии асъори миллӣ Наврӯз Валиев, сардори шӯъбаи минтақавии Бонки миллӣ дар Хуҷанд мегӯяд, то замони тағйир наёфтани тавозуни савдо ва зиёд нашудани ҳаҷми содироти мол, вазъи бозори асъор осебпазир ва фишор ба қурби пули миллӣ эҳсосшаванда боқӣ мемонад.
Чаҳор бонки мушкилдори Тоҷикистон назди амонатгузорон ҳудуди 90 миллион доллар қарздоранд
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон тамоми амалиёти мубодила танҳо дар бонкҳо ва филиалҳои онҳо, ташкилотҳои қарзӣ, нуқтаҳои махсус, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо иҷозат дода мешавад.
Дар сурати риоя накардани меъёрҳо, вайронкунандагон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.