Боздид аз қисми низомӣ: як рӯз бо сарбозон - видео

79
(Таҷдидшуда 13:28 20.02.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Рӯзи артиши миллӣ, ки ҳамасола 23 феврал таҷлил мегардад, боздиди як гуруҳ ҷавононро аз қисми низомӣ ташкил кардааст

Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуруҳи 200-нафарии ҷавонони фаъол аз қисми низомии қӯшунҳои дохилӣ боздид карданд.

Манбаъ афзуд, ки ҷавонон тақрибан як рӯзро бо сарбозон гузаронда бо шароити хидмати онҳо шинос шуданд.

Аз ҷумла аз хобгоҳ, нуқтаи тиббӣ, ошхона ва дигар инфрасохтори қисми низомӣ дидан кардаанд. Дар ин ҷо ҳамчунин гӯшаи дидорбинӣ ташкил шудааст, ки барои мулоқоти сарбозон бо волидону наздиконаш дар он ҷо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.  

ВУД таъкид кард, ки барои сарбозон дар хизмати ҳарбӣ инчунин курсҳои кутоҳмуддат ташкил шудаанд, ки дар онҳо ҷавонон метавонанд касбҳои гуногун аз ронандагӣ то устои мошинро аз худ намоянд.

Сарбозон инчунин барои меҳмонон машқҳо бо силоҳ ва муҳорибаи тан ба танро намоиш додаанд.

Ҳадафи чунин иқдом шиносоии бештари ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ва ҷалби онҳо ба сафи қувваҳои мусаллаҳ арзёбӣ шудааст.

79
Барчаспҳо:
қисми низомӣ, боздид, Тоҷикистон

Сулҳбонони рус сокинони Қарабоғро таҳният гуфтанд - видео

67
(Таҷдидшуда 17:34 07.03.2021)
Нерӯҳои посдори сулҳ мошинҳоеро, ки занон савор буданд, здоштанд, аммо на барои тафтиш, балки барои тақдими гул

Нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар постгоҳҳои долони Лачин ба сокинони Қарабоғи Кӯҳӣ гул тақдим карданд.

 "Хушбахтӣ, саломатӣ ба шумо!" - таманно мекарданд низомиён ба занони арман. Дар посух, бонувон изҳори сипос мекарданд, бархе аз онҳо ки калонсол буданд, низомиёнро ба оғуш мегирифтанд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Русия, хизматчиёни ҳарбӣ ҷинси латифро бо Рӯзи дарпешистодаи занон табрик гуфтанд.

Қайд карда мешавад, ки посдорони сулҳи Русия иҷрои вазифаҳоро оид ба таъмини бехатарии мошинҳои шаҳрвандӣ дар тӯли долони Лачин идома медиҳад.

Сарони Русия, Арманистон ва Озарбойҷон - Владимир Путин, Никол Пашинян ва Илҳом Алиев изҳороти муштарак дар бораи оташбас дар Қарабоғро қабул карданд. Тибқи ин изҳорот, оташбаси комил дар Қарабоғи Кӯҳӣ аз 10 ноябр эътибор пайдо кардааст. Ҷониби Арманистон ба як қатор имтиёзҳои ҳудудӣ розӣ шуд.

Пас аз шикаст дар Қарабоғ Пашинян тасмим гирифтааст дар артиш ислоҳот кунад

Барои назорати оташбас ва амалиёти ҷангӣ, дар минтақаи низои Қарабоғи Кӯҳӣ як контингенти посдори сулҳи Федератсияи Русия ба миқдори 1960 низомӣ, 90 бронетранспортер, 380 адад мошин ва техникаи махсус ҷойгир карда шуд.

67

Ин хелашро надида будед: сӯхтор дар рӯди Об - навор

224
Падидаи бесобиқа - оташсӯзӣ дар миёнаи дарё - аз ҷониби шоҳидон, ки дар соҳили рӯди Об сайди моҳидорӣ доштанд, ба навор гирифта шуд

Дар Русия дарёе оташ гирифт: наворе аз шоҳидони ҳодиса дар саросари интернет паҳн шуд.

Тавре ки маълум шуд, дар ин сӯхтар омехтаи пропан-бутан дар ҳудуди тақрибан аз 120 то 200 метр оташ гирифтааст.  Он маҳлул аз лӯлаи об, ки аз қаъри дарё мегузарад, хориҷ шудааст.

Бино бар маълумоти пешакӣ, сабаби оташ гирифтани маҳлул шарораи мошини барфи яке аз моҳидорон будааст.

Хаӣбар дода мегавад, ки дар натиҷаи ҳодиса як мард ҷароҳат бардоштааст.

Сӯхтор дар Бозори "Султони Кабир" - видео

Сӯхор бартараф карда шуда, худи ҳамон шаб маҷрои лӯлуро муваққатан бозистонданд.

224
Барчаспҳо:
Русия, рӯд, сӯхтор
Флагшток в Душанбе. Архивное фото

Таъсиси Палатаи савдои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

3
(Таҷдидшуда 00:23 08.03.2021)
Маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон ҳамчун Палатаи савдои Осиёи Марказӣ таъсис дода мешавад

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст, ки Маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон бо ҳадафи иртиботи бештари корофаринон ва тавлидкунандагони Осиёи марказӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.

Созмондиҳӣ ва фаъолияти ин марказ дар ҳоли баррасӣ аст. 

Дар моҳи феврали соли равон теъдоде аз гурӯҳҳои тиҷорӣ ва сармоягузории кишварҳои ҳамсоя барои ширкат дар ин тарҳ ба Тоҷикистон сафар карданд. 

Ин тарҳро ширкати “Девори ҷаҳон”, ки аз шуракоии ширкати сармоягузорӣ ва тавлидии “ Ориёнинвест”аст, иҷро хоҳад кард. 

Палатаи савдои Осиёи марказӣ тавлидкунандагон ва ширкатҳои мухталиф дар Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркияро ба ҳам    муттаҳид мекунад.

Ҳамзамон дар қолиби ин пружа дар шаҳри Душанбе роҳандозии як намоишгоҳи доимии молҳо ва маҳсулоти кишварҳои ширкаткунанда дар ин пружа барномарезӣ шудааст. 

Ба таври куллӣ, барномарезӣ шудааст, ки фаъолияти ин сохтор тамоми равобити тиҷорӣ ва сармоягузорӣ дар ҳамаи мароҳил, назири ҷазби сармоягузорон, тавсеъаи барномаҳо, музокирот, ироаи хадамоту кумакҳои ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ, тарвиҷи сармоягузорӣ ва маҳсулоти Тоҷикистонро дарбар хоҳад гирифт.

3
Барчаспҳо:
хизматрасонӣ, Осиёи Марказӣ, палата, савдо, Палатаи савдои Тоҷикистон, Тоҷикистон