Барфрезии шадид аз ҳама беш сокинони Иёлоти Муттаҳидаро дар ҳолати ногувор гузошт. Бинобар боришоти шадиди барф, миллион амрикоиҳо бе обу барқ монданд.
Ғайр аз ин, ҳудуди 14 иёлот аз сабаби сардиҳои шадид бе неруи барқ монданд.
Суқути энержӣ на танҳо аз шароити обу ҳаво, балки аз он сабаб ба амал омадааст, ки шаҳрвандон гармкунакҳои барқиро дар хонаҳои худ бо иқтидори пурраашон ба кор даровардан гирифтанд, ки система ба он тоқат карда натавонист.
Дар натиҷа, дар Орегон беш аз 230,000 нафар, дар Кентуккӣ тақрибан 145,000, дар Луизиана беш аз 115,000, дар Вирҷинияи Ғарбӣ қариб 100,000 ва дар Техас 4,3 миллион нафар бе барқ монданд.
Илова бар ин, қубурҳои яхкардашудаи об кафида, биноҳои истиқоматиро зери об гузоштанд.
Кишвардори Амрико Ҷо Байден дар Техас бинобар бориши барф ва сардиҳои ғайримуқаррарӣ офати табиӣ эълон кард.
Ҳолатҳои нави сироятшавии сокинони ИДМ ба маризии коронавирус рӯ ба коҳиш ниҳодааст, хабар медиҳад Роспотребнадзор.
"Далели коҳиш ёфтани сироятёбӣ ба риояи чораҳои пешгирикунанда, нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ ва ҳамзамон фаъол шудани маъракаи эмгузаронӣ рабт дорад", - таъкид мешавад дар хабари Роспотребнадзор.
Манбаъ меафзояд, бидуни эмгузаронӣ пирӯз шудан бар вирус ғайримаҳол аст, зеро дар ҷаҳон танҳо 10 дарсади аҳолӣ алайҳи ин вирус масуният доранду халос.
Дар ҳамин ҳол, шумораи ваксинҳо алайҳи коронаиврус низ дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст.
Танҳо дар Русия аллакай 3 навъи ваксин таҳия шудааст, ки инҳо "Спутник V", "ЭпиВакКорона", ва "КовиВак" мебошанд.
Дар Маскав озмоиши ваксинаи "Спутник Лайт" оғоз шуд
Илова бар ин, моҳи март боз як ваксини дигари Русия бо номи "Спутник Лайт" таҳия мешавад. Ҷанбаи фарқкунандаи ин ваксин аз дигар ваксинҳо дар он аст, ки бо он фақат як маротиба эм мекунанд. Ҳамзамон он барои одамони синну соли то 40 - сола пешбинӣ мешавад.
Ба тахмини мутахассисони Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҳамагирии коронавирус танҳо авоили соли 2022 ба анҷом мерасад.
Ҳанӯз дар соли 2019, Кочарян аз боздоштгоҳ ба идораи Sputnik як номаи хос фиристода буд. Дар мактуб, собиқ раисиҷумҳур вазъи онвақтаи дохилии сиёсиро шарҳ дода, инчунин сиёсати худи Пашинянро танқид кард.
Ҳоло суханони сарвазир Пашинян, ки дар мусоҳиба бо RT изҳор дошта буд, ба тарзи вижа садо медиҳанд: "Ман он гуна сарвазир нестам, ки ҳамеша аз гум кардани мақомам битарсам".
"Раққоси бад": шубҳаи Пашинян аз эътимоднокии "Искандар"-и Русия
Маврид ба зикр аст, ки Кочарян дар номаи худ иттилоъ медиҳад, ки сарвазир Пашинян аз пуштибонии ҳизби ифротии Сасна Срер бархӯрдор аст.
Аммо, вазъ аз соли 2019 то ба ҳол ба куллӣ тағир ёфт. Акнун гуруҳ аз пуштибонии сарвазир даст кашида, ҷонибдори шиори "На барои гузашта, на барои ҳозира, балки барои ояндаи миллӣ" мебошанд.
Гузашта аз ин, аъзои гурӯҳи ҳамном, ки дар асоси он ҳизб таъсис дода шуд, чанде пеш барои ҳамла ба полки пайроҳадорон дар Ереван ҳукмҳои тӯлонӣ гирифтанд.
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тоҷикистон равобити ҳавоиро бо Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Афғонистон барқарор намуд.
Ба иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, ҳамакнун парвозҳо ҳафтае як маротиба дар масири Душанбе - Алмаато - Душанбе ва инчунин Душанбе - Афғонистон - Душанбе сурат мегиранд.
Манбаъ меафзояд, масъалаи барқарор шудани парвозҳои мунтазим дар ҷаласаи ахири мудири агентӣ Икром Субҳонзода бо намояндагони "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе", ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва ҳамчунин намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии "Белавиа"- и Беларус, "Эйр Астана"-и Ҷумҳурии Қазоқистон ва "Кам Эйр"- и Афғонистон баррасӣ шуд.
Зикр мегардад, ки дар ҷаласаи мазкур Икром Субҳонзода ба беҳ шудани вазъи эпидемиологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора карда, изҳор доштааст, ки чунин вазъият ба барқарор кардани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ мусоид аст.
Илова бар ин, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза алайҳи коронавирус низ иҷозат додааст, ки парвозҳои мунтазам бо Афғонистону Қазоқистон барқарор шавад.
Вазир: Русия барои роҳандозии парвозҳо ягон шарт нагузоштааст
Гуфта мешавад, ҳоло масъалаи барқарор шудани равобити ҳаво бо Белорус низ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
Агентӣ тавзеҳ додааст, ки дар рафти ҷаласа аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ дархост шудааст, ки нархи чиптаро хуқдсарона афзун накунанд, балки дар доираи арзиши аслӣ фурӯхта шавад.