Азамат мехоҳад шомили рекордҳои Гиннес шавад - видео

287
Азамат Нурхоҷа, навраси сенздаҳсола аз Актау бадани худро ба шеваҳои тасаввурношуданӣ хаму рост мекунад ва ният дорад бо ин ҳунари фавқулодааш ба китоби рекордҳои Гинес шомил шавад

Азамат Нурхоҷа, сокини 13-солаи шаҳри Актауи Қазоқистон бо малакаи худ, ки баданашро ба шеваҳои гуногун тоб медиҳад, мардумро ба тааҷҷуб овардааст.

Волидон дар шарҳи қобилиятҳои фавқулодаи наврас изҳор доштанд, ки Азамат аз синни сесолагӣ сар карда, мустақилона ба тамрин шурӯъ намудааст.

Пас аз ду соли тамрин, кӯдак ба осонӣ пояшро ба сараш партофта, дӯстони худро ба ҳайрат овард.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз дидани ҳунармандони сирк дар телевизион тасмим гирифт, ки чунин ҳаракатҳоро анҷом диҳад.

Ӯ имрӯз низ ҳунарнамоиҳои дигаронро пайгирӣ мекунаду барои боз ҳам баланд бардоштани малакаи хеш талош менамояд.

Ин наврас ҳамчунин ба навохтани домбра, асбоби торӣ,  майл дорад ва ду орзу дар худ мепарварад: яке ба даст овардани унвони шахси чандиртарин дар китоби рекордҳои Гиннес ва дуюм ноил шудан ба мақоми домбуранавози моҳир.

287
Барчаспҳо:
"Рекордҳои Гиннес", Қазоқистон

Воқеияти ҷадид: аз чӣ Качаряни зиндонӣ Пашинянро ҳушдор дода буд - видео

96
(Таҷдидшуда 18:21 01.03.2021)
Рӯзи аввали март - оғози муқовимати сарвазир Никол Пашинян ва президенти собиқ Роберт Кочарян мебошад, ки то ҳол чун парвандаи ба истилоҳ "1 март" идома дорад. Тафсилоти бештар - дар видеое, ки соли 2019 омода шудаст

Ҳанӯз дар соли 2019, Кочарян аз боздоштгоҳ ба идораи Sputnik як номаи хос фиристода буд. Дар мактуб, собиқ раисиҷумҳур вазъи онвақтаи дохилии сиёсиро шарҳ дода, инчунин сиёсати худи Пашинянро танқид кард.

Ҳоло суханони сарвазир Пашинян, ки дар мусоҳиба бо RT изҳор дошта буд, ба тарзи вижа садо медиҳанд: "Ман он гуна сарвазир нестам, ки ҳамеша аз гум кардани мақомам битарсам". 

"Раққоси бад": шубҳаи Пашинян аз эътимоднокии "Искандар"-и Русия

Маврид ба зикр аст, ки Кочарян дар номаи худ иттилоъ медиҳад, ки  сарвазир Пашинян аз пуштибонии ҳизби ифротии Сасна Срер бархӯрдор аст.

Аммо, вазъ аз соли 2019 то ба ҳол ба куллӣ тағир ёфт. Акнун гуруҳ аз пуштибонии сарвазир даст кашида, ҷонибдори шиори "На барои гузашта, на барои ҳозира, балки барои ояндаи миллӣ" мебошанд.

Гузашта аз ин, аъзои гурӯҳи ҳамном, ки дар асоси он ҳизб таъсис дода шуд, чанде пеш барои ҳамла ба полки пайроҳадорон дар Ереван ҳукмҳои тӯлонӣ гирифтанд.

96
Барчаспҳо:
сарвазир, президент, Арманистон

Навори бозпурсии муҳоҷири ӯзбек, ки дар қатли як хонавода муттаҳам мешавад

528
(Таҷдидшуда 17:05 01.03.2021)
Муҳоҷири ӯзбек дар манзили ин хонавода кор мекард ва феълан аз ҷониби пулис дастгир гардидааст

Рӯзи 28 феврал дар деҳаи Кудмаи Нижний Новгород ҷасади чор узви як хонавода бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуд. Дар куштори кӯдаки 5 сола, модари 41 - сола ва бобою бибии 64 ва 63 - сола ӯ муҳоҷири 26 - сола аз Ӯзбекистон муттаҳам дониста мешавад.

Гуфта мешавад, муҳоҷир давоми чанд муддат дар манзили онҳо кор мекард.

Дар ин ҳодисаи нохуш танҳо ду нафар наҷот ёфтанд, зеро дар замони рух додани ин ҳодиса дар манзили худ набуданд.

Тафтишот тахмин мекунад, ки муҳоҷир кушторро ба мақсади ғоратгарӣ содир намудааст, зеро пас аз қатл намудани соҳибони хона, ашёҳои гаронбаҳоро аз манзил ба берун баровардааст.

Ҳамчунин тафтишот ҳад мезанда, ки дар ин кор муҳоҷир танҳо набуда, чанд ҳаммаслаки дигар ҳам дошт.

Феълан нисбати муҳоҷир тибқи моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

528
Мужчина совершает молитву на кладбище

Даргузашти Фотима Ғуломова, ҳунарманди тоҷик пас аз як моҳи марги шавҳар

494
(Таҷдидшуда 22:08 01.03.2021)
Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик, модари коргардони тавонои тоҷик Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов аст

ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи номдори театру синамо, модари коргардони машҳур Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди номии театру синамо пас аз бештар аз як моҳи марги шавҳараш даргузашт.

Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик
Акс аз саҳифаи фейсбукии Хуршед Мустафоев
Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик

Аз даргузашти ҳунарпеша корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳаводорони саҳна ва дӯстони фарзандаш Барзу Абдураззоқов хабар додаанд.

Писари дигари ҳунарманд Шаҳбоз Абдураззоқов ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, модараш дар пайи беморӣ ҷон ба Ҷонофарин супурд.

Фотима Ғуломова 87 сол дошт ва бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият карда буд.

Фарзандонаш Барзу Абдураззоқов, коргардони тавонои тоҷик, корманди идораи Созмони Милал Шаҳбоз Абдураззоқов ва проффессори Консерваторияи Шветсия Ниссор Абдураззоқов ҳастанд.

Ӯ дар намоишҳои "Бой ва ғулом", "Шоҳ Лир", "Рӯдакӣ", "Рустам ва Суҳроб", "Мо аз боми ҷаҳон" нақшҳои асосӣ ва хотирмонро бозидааст.

Хомушии ситораи дигар: нақшҳои беҳтарини Ҳабибулло Абдуразоқов – видео

Марги Фотима Ғуломова дар ҳолест, ки ҳанӯз бештар аз як моҳ қабл, 19 январ ҳамсараш, ҳунарманди тавонои синамо ва театр Ҳабибулло Абдураззоқов даргузашта буд.

494