Мулоқоти Александр Лукашенко ва Владимир Путин дар Сочи бидуни галстук сурат гирифт. Ба гуфтаи раҳбари Беларус, ин нишонаи эътимоди хос аст.
Давомнокии гуфтушунидҳо маҳдуд нашудааст. Аммо ғизои нисфирӯзӣ ва лижаронӣ пешбинӣ шудааст ва онро Путин пешниҳод кард.
Дар соатҳои аввали мулоқот аллакай якчанд изҳорот дода шуд. Нахуст дар бораи коронавирус сӯҳбат шуд. Дар ояндаи наздик Москва бастаи нави ваксина алайҳи коронавирусро ба Белорус интиқол медиҳад.
Лукашенко мӯътақид аст, ки иштироки фаъоли Русия дар ваксинасозӣ нишонаи рушди маориф ва илм дар кишвар аст. Минск аллакай технологияи истеҳсоли онро гирифтааст. То тирамоҳ, Беларус доруи худро барои COVID-19 пешниҳод мекунад.
Боз як хушхабар дар заминаи коронавирус ин аст, ки Беларус ва Русия ҳаракати нақлиёт тавассути марзро то тобистон аз сар мегиранд.
Масъалаи молиявӣ низ матраҳ шуд: Русия бузургтарин сармоягузор барои Минск боқӣ мондааст, таъкид кард Путин ва рақамҳои мушаххас овард. Шакли ҳамкорӣ дар сатҳи роҳбарони минтақаҳои Русия ва Беларус талаботи замон арзёбӣ шуд.
Гузашта аз ин, маҳсулоти Беларус дар Русия талабот доранд. Минск эътироф мекунад, ки кӯмаки молиявии Русия саривақтӣ ва муҳим буд. Пул "ба ҳаво" партофта нашуд, итминон медиҳад Лукашенко.
Президентҳо пеш аз рафтан ба лижаронӣ дар Сочи дар бораи он чӣ сӯҳбат карданд, дар видео тамошо кунед.
Ҳанӯз дар соли 2019, Кочарян аз боздоштгоҳ ба идораи Sputnik як номаи хос фиристода буд. Дар мактуб, собиқ раисиҷумҳур вазъи онвақтаи дохилии сиёсиро шарҳ дода, инчунин сиёсати худи Пашинянро танқид кард.
Ҳоло суханони сарвазир Пашинян, ки дар мусоҳиба бо RT изҳор дошта буд, ба тарзи вижа садо медиҳанд: "Ман он гуна сарвазир нестам, ки ҳамеша аз гум кардани мақомам битарсам".
"Раққоси бад": шубҳаи Пашинян аз эътимоднокии "Искандар"-и Русия
Маврид ба зикр аст, ки Кочарян дар номаи худ иттилоъ медиҳад, ки сарвазир Пашинян аз пуштибонии ҳизби ифротии Сасна Срер бархӯрдор аст.
Аммо, вазъ аз соли 2019 то ба ҳол ба куллӣ тағир ёфт. Акнун гуруҳ аз пуштибонии сарвазир даст кашида, ҷонибдори шиори "На барои гузашта, на барои ҳозира, балки барои ояндаи миллӣ" мебошанд.
Гузашта аз ин, аъзои гурӯҳи ҳамном, ки дар асоси он ҳизб таъсис дода шуд, чанде пеш барои ҳамла ба полки пайроҳадорон дар Ереван ҳукмҳои тӯлонӣ гирифтанд.
Рӯзи 28 феврал дар деҳаи Кудмаи Нижний Новгород ҷасади чор узви як хонавода бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуд. Дар куштори кӯдаки 5 сола, модари 41 - сола ва бобою бибии 64 ва 63 - сола ӯ муҳоҷири 26 - сола аз Ӯзбекистон муттаҳам дониста мешавад.
Гуфта мешавад, муҳоҷир давоми чанд муддат дар манзили онҳо кор мекард.
Дар ин ҳодисаи нохуш танҳо ду нафар наҷот ёфтанд, зеро дар замони рух додани ин ҳодиса дар манзили худ набуданд.
Тафтишот тахмин мекунад, ки муҳоҷир кушторро ба мақсади ғоратгарӣ содир намудааст, зеро пас аз қатл намудани соҳибони хона, ашёҳои гаронбаҳоро аз манзил ба берун баровардааст.
Ҳамчунин тафтишот ҳад мезанда, ки дар ин кор муҳоҷир танҳо набуда, чанд ҳаммаслаки дигар ҳам дошт.
Феълан нисбати муҳоҷир тибқи моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи номдори театру синамо, модари коргардони машҳур Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди номии театру синамо пас аз бештар аз як моҳи марги шавҳараш даргузашт.
Аз даргузашти ҳунарпеша корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳаводорони саҳна ва дӯстони фарзандаш Барзу Абдураззоқов хабар додаанд.
Писари дигари ҳунарманд Шаҳбоз Абдураззоқов ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, модараш дар пайи беморӣ ҷон ба Ҷонофарин супурд.
Фотима Ғуломова 87 сол дошт ва бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият карда буд.
Фарзандонаш Барзу Абдураззоқов, коргардони тавонои тоҷик, корманди идораи Созмони Милал Шаҳбоз Абдураззоқов ва проффессори Консерваторияи Шветсия Ниссор Абдураззоқов ҳастанд.
Ӯ дар намоишҳои "Бой ва ғулом", "Шоҳ Лир", "Рӯдакӣ", "Рустам ва Суҳроб", "Мо аз боми ҷаҳон" нақшҳои асосӣ ва хотирмонро бозидааст.
Хомушии ситораи дигар: нақшҳои беҳтарини Ҳабибулло Абдуразоқов – видео
Марги Фотима Ғуломова дар ҳолест, ки ҳанӯз бештар аз як моҳ қабл, 19 январ ҳамсараш, ҳунарманди тавонои синамо ва театр Ҳабибулло Абдураззоқов даргузашта буд.