Работа на клавиатуре, архивное фото

Ҳакерҳои Кореяи Шимолӣ барои Ким Чен Ин интиқом гирифтанд

18
(Таҷдидшуда 09:26 02.12.2014)
Ҳакерҳо аз Кореяи Шимолӣ чанд филми ҳанӯз ба намоиш набаромадаи як ширкати киносозии амрикоиро рабуданд ва ба ҷои навор дар экрани роёнаҳои ширкат ранги сурхи скелет пайдо гардид. Ба ин тариқ, онҳо ба филми комедиявӣ дар бораи пешвои кишварашон посух гуфтанд.

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Ҳукумати ҶХДК хабари дар ВАО паҳншуда дар мавриди ҳамлаи ҳакерҳои кореягӣ ба ширкати киносозии "Sony Pictures"-ро, ки дар наздиктарин фурсат комедия дар бораи Ким Чен Инро ба маъраз мегузошт, рад накард, менависад РИА Новости.

Ба суоли даст доштани Кореяи Шимолӣ дар ин қазия намояндаи ҳукумати ҶХДк гуфт: "Интизор шавед, мебинед".

Бар асари ҳамлаи ҳакерҳо, ки рӯзи 24 ноябр сурат гирифт, дар чанд роёнаи ширкати киносозӣ се ранги сурх бо навиштаҷоти "GOP", ки зоҳиран маънии  "посдорони сулҳ"-ро дорад, пайдо шуд.

Ба ғайр аз ин, аз хазина (сервер)-ҳои Sony Pictures чанд намунаи филмҳое, ки бояд намоиши онҳо дар моҳи декабр баргузор мешуд, рабуда шуд. Миёни ин наворҳои рабудашуда филми  "Энни", ки дар он ҳунармандони маъруф- Ҷейми Фокс, Кэмерон Диаз, Роуз Бирн, Бобби Каннавале ва дигарон нақш бозидаанд, мавҷуд ҳаст. Муаррифии филм мебоист 17 декабр сурат мегирифт.

Дар ҳоли ҳозир тафтиши қазияи дуздида шудани филмҳо ва ҳамлаи ҳакерҳоро Бюрои федералии тафтишот ва Вазорати амнияти миллии ИМА ба ӯҳда дорад.

Филми "Интервью" ("Мусоҳиба")-и коргардонҳо Эван Голдерберг ва Сета Роген дар бораи он нақл мекунад, ки барандаи як барномаи шоуи телевизиони амрикоӣ ва дӯсташ мехостанд аз Ким Чен Ин мусоҳиба гиранд, дар ин вақт корманди РМҶ (ЦРУ) ба онщо муроыиат карда, дархости куштани роҳбари Кореяи Шимолиро мекунад. Ин филм чанд дафъа аз ҷониби ҳукумати ҶХДК интиқод шуда буд, аммо вокунишҳо бенатиҷа анҷом ёфтанд.

18
Мавзуҳо:
Намоиши филми пурсарусадои “Мусоҳиба” дар ИМА оғоз гардид (3)
Молодожены держатся за руки

Домод дар тӯяш беш аз 100 нафарро олудаи коронавирус кард ва ду рӯз пас фавтид

1064
Домод чанд рӯз қабл аз тӯй худро нохуб ҳис кард ва хост маросими арӯсиро ба вақти дигар гузорад. Аммо пайвандони ӯ ва ҷониби арӯс ин дархосташро ба далели сарфи маблағи зиёд напазируфтанд

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар Ҳиндустон дар як маросими арӯсӣ домод беш аз 100 меҳмонашро олудаи коронавирус кард ва худ бо гузашти ду рӯз аз ин маросим дар роҳ ба беморхона ҷон бохт, хабар медиҳад The Indian Express.

Зикр мегардад, маросими тӯй 14 - уми июн дар иёлати Бихар баргузор гардид ва пас аз ин маърака авҷи маризии коронавирус якбора боло ҷаст.

Домод ба ҳайси муҳандис дар шаҳр кор мекард ва моҳи май ба хотири баргузор намудани тӯйи домодияш ба деҳа омад.

"Чанд рӯз пеш аз тӯй вазъи домод бад шуд ва ӯ хост тӯйро ба вақти дигар гузорад. Аммо тӯйдорон аз ҳар ду ҷониб ба далели сарфи бисёри маблағ дархосташро рад намуданд", - изҳор доштааст яке аз пайвандони домод.

Хонаводаи арӯсу домод бар ин бовар буданд, ки дар деҳаи онҳо маризии коронавирус роҳ наёфтааст аз ин рӯ даъватномаро унвонии 350 меҳмон ирсол карданд.

Домод бошад дар рӯзи тӯяш барои поён овардани ҳарорати бадан, дору хӯрд ва озими маърака шуд.

Манбаъ меафзояд, бо гузашти ду рӯз вазъи домод ниҳоят вазнин шуд ва ӯ дар роҳ ба беморхона ҷон бохт.

Арӯсу домод ҳам бояд ниқоб банданд: туйи хонадоршавӣ дар замони COVID -19

Ташхиси 113 меҳмони ин маърака аз коронавирус мусбат баромад ва онҳо давоми ду рӯз боз чандин нафари дигарро ба ин маризӣ олуда карданд.

Қаблан чунин ҳолат дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон низ иттифоқ афтода буд. Хонаводае дар Ӯзбекистон давоми чаҳор рӯз ду маросими арӯсӣ баргузор намуданд, ки дар натиҷа яке аз арӯсон ва 12 меҳмон мубталои коронавирус шуданд.

1064
Барчаспҳо:
Ҳиндустон, маризӣ, домод, тӯй
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Олимон санҷиши се доруи зидди COVID-19 –ро бо қарори СҶТ қатъ карданд

124
(Таҷдидшуда 12:45 05.07.2020)
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ қарор кардааст, ки озмоиши гидроксихлорохин, лопинавир ва ритонавирро дар доираи озмоишҳо барои ёфтани табобати коронавирус қатъ карда шавад

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ин ниҳоди тандурустии ҷаҳонӣ ба итмом расидани санҷиши чанд доруи марбут ба коронавирусро эълон кард.

Аз ҷумла, сухан дар бораи гидроксихлорохин (зиддимикробӣ), лопинавир ва ритонавир меравад(дар муолиҷаи ВИЧ истифода мешаванд), ки барои COVID-19 пешбинӣ шуда буданд, меравад.

Ин қарор тибқи тавсияи Кумитаи байнулмилалии санҷишҳои ҳамбастагӣ қабул шудааст.

Аз моҳи март озмоишҳои ин доруҳо, инчунин ремдесивир ва интерферон гузаронида шуданд, ки ихтиёриён зиёда аз 4,5 ҳазор бемор буданд.

Миёни доруҳои санҷишшуда, танҳо ремдесивир самаранокии худро нишон додааст. Боқимонда воксинаҳо, чӣ тавре ки таҳқиқот нишон доданд, фавти шахсони сироятшударо кам намекунад.

Ёдовар мешавем, Русия низ озмоиши клиникии доруи эҳтимолӣ аз COVID-19-ро гузаронид, ки самаранокии он аллакай собит шудааст.

“Авифавир”: нахустин доруи зидди COVID-19 дар Русия аз сӯи Вазорати тандурустӣ тасдиқ шуд

Маводи доруворӣ бо тамғаи тиҷоратии “Авифавир” аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда шуда, Вазорати тандурустии Русия истеҳсоли онро иҷоза дод.

Озмоишҳои ваксинаи коронавирус дар Русия низ фаъолона гузаронида мешаванд.

Ин озмоиш бо ширкати 18 ихтиёриён дар госпитали ҳарбии Бурденко гузаронида шуд.

124
Министр финансов республики Таджикистан Файзиддин Каххорзода

Ҷалби қариб ним миллиард қарзу грант барои бунёди 68 мактаб дар Тоҷикистон

0
(Таҷдидшуда 14:13 05.07.2020)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи қарзию грантиро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он бунёди 68 мактаб ва 5 бинои маъмурии бахши маориф дар 18 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе дар назар аст

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа дар ҷаласаи ахири парлумон гуфт, қарзу гранти мазкур барои татбиқи “Стратегияи миллии рушди маориф” равона мегардад.

Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмуъ дар доираи лоиҳа,  равона намудани 46 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла 30 миллион доллар қарзи Бонки исломии рушд, 10 миллион доллар доллари амрикоӣ гранти Ташкилоти ҳамкории глобалӣ дар соҳаи маориф ва 6 миллион доллар саҳми Ҳукумати Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Қарз бо чӣ шарт гирифта шуду мактабҳоро дар куҷо месозанд?

Вазири молия афзуд, қарз аз ду сарчашма, маблағҳои қарзии Бонки исломии рушд ба муддати 25 сол, аз ҷумла 7 соли имтиёзӣ бо меъёри хизматрасонии 1,5 фоизи солона ва маблағҳои Фонди ҳамбастагии исломӣ оид ба рушд ба муддати 30 сол, аз ҷумла 10 соли имтиёзӣ бо меъёри хизматрасонии 0,75 фоизи солона дода мешавад.

“Дар доираи лоиҳа сохта ва ба истифода додани 68 мактаб ва 5 бинои маъмурӣ дар соҳаи маориф дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода ва дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Балҷувон, Темурмалик, Восеъ, Данғара, Муъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ, Ҷайҳун, Шаҳритус, Шамсиддини Шоҳин, Кушониён, Дӯстӣ, Хуросон ва Вахш пешбинӣ шудааст”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Қаҳҳорзода.

Манбаъ таъкид кард, ки татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2020 оғоз гардида, анҷоми он соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.

0
Барчаспҳо:
грант, қарз, Тоҷикистон