Глава правительства Афганистана Абдулло Абдулло. Архивное фото

Абдуллоҳ Абдуллоҳ: "барои хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ ҳанӯз барвақт аст "

12
(Таҷдидшуда 15:27 08.12.2014)
Раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон мегӯяд, кишвараш ҳоло ҳам ба кӯмаки низомиёни хориҷӣ ниёз дорад ва хурӯҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон пеш аз вақт аст.

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон гуфт, нерӯҳои афғон дар идомаи муборизаашон алайҳи мухолифон ҳанӯз ба ҳимояти   байналмилалӣ ниёз доранд, иттилоъ медиҳад Daily Mail дар истинод ба Sunday Times.  

Оқои Абдуллоҳ дар идомаи мусоҳибааш бо Sunday Times иброз доштааст, ки хуруҷи нерӯҳои ҷангии НАТО то поёни соли ҷорӣ аз Афғонистон пеш аз вақт аст.

 "Мо ду сол қабл 150 ҳазор нерӯи байналмилалӣ, ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва чархболҳо дар Афғонистон доштем, дар ҳоле, ки дар зарфи ду соли оянда ин шумора ба 12 ҳазор аскар коҳиш меёбад",- сарвари ҳукумати Афғонистон.

Чанде қабл як генерали англис ба Sunday Times гуфта буд, ки соли оянда ба Афғонистон теъдоди бештари низомиён ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ фиристода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, 4-уми декабр Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури Афғонистон  дар Конфронси Лондон аз хуруҷи нерӯҳои ҷангии НАТО баъд аз сездаҳ ҷанг дар Афғонистон истиқбол кард.  

Оқои Ғанӣ пас аз мувофиқат бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар моҳи сентябр дар мавриди ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ, ваъда дод, ки ҳукуматаш бо рушди иқтисодӣ ва решакан намудани фасоди идорӣ, як Афғонистонеро эҷод хоҳад кард, ки бо пои худ биистад ва вобастагӣ ба кӯмакҳои хориҷиро коҳиш бидиҳад.

12
Барчаспҳо:
хурӯҷ, неруҳои низомӣ, ҷанг, Daily Mail, Sunday Times, НАТО, Аҳмадзай, Ашрафғанӣ, Абдуллоҳ, Лондон, Афғонистон

Русия аз рӯи теъдоди муҳоҷирон дар рӯйхати пешсафҳо ҷой гирифт

98
(Таҷдидшуда 19:17 17.01.2021)
Бино ба гузориши Созмони Милали Муттаҳид, феълан дар Русия дувоздаҳ миллион муҳоҷир кору зиндагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Русия дар соли 2020 ба феҳристи топ 5 кишвар аз рӯи теъдоди муҳоҷирон ворид шуд.

Дар ин бора гузориши Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид нашр шудааст.

Омори муҳоҷират дар Тоҷикистон: чанд нафар омаду чӣ қадар кишварро тарк кард

Бино ба гузориши СММ, дар қаламрави Русия 12 миллион муҳоҷир аб сар мебарад. Аз рӯи ин нишондод Русия дар ҷаҳон дар ҷойи 4 - ум қарор дорад.

"ИМА макони асосии ҷолиб барои муҳоҷирон дар соли 2020 боқӣ мемонад. Дар ин кишвар 51 миллион муҳоҷир кору фаъолият мекунад. Ин миқдор 18 дарсади шумораи умумии муҳоҷирон дар ҷаҳонро ташкил медиҳад", - омадааст дар гузориш.

Дар баробари ИМА ва Русия ба панҷгонаи макони муҳоҷирпарвар - Олмон, Бритониё ва Арабистони Саудӣ ворид мешавад.

Тарҳи қонуни нав дар Русия: як гурӯҳи муҳоҷирон депорт нашаванд - кадом?

Манбаъ афзуда, ки аз се ду дарсади муҳоҷирон дар 20 кишвари дунё ба сар мебаранд.

98
Барчаспҳо:
ҷои аввал, Русия, муҳоҷират
Президент Дональд Трамп улыбается

Расонаҳо дурӯғҳои маҳзи Доналд Трампро ошкор карданд

464
(Таҷдидшуда 17:45 17.01.2021)
Масалан, боре президент эълон дошт, ки ба ӯ дар иёлоти Мичиган унвони "Одами сол" - ро додаанд, вале то ҳол ин хабар тасдиқи худро наёфтааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Шабакаи телевизионии CNN топ 15 дурӯғгӯиҳои Доналд Трампро дар давраи раҳбариаш нашр кард.

Ҳамин тавр, замони савгандёдкунии президент борон меборид. Ваел пас аз чанд соат сиёсатмадор изҳор дошт, ки то поёни суханронии ӯ ягон борон набуд.

Соли 2019 раисиҷумҳур аз хатаре тӯфони "Дориан" барои иёлати Албама ҳушдор дод. Хадамоти ҳавошиносии ИМА ин хабарро рад кардв онро бепоя хонд, вале президент пас аз чанд рӯз низ бо нашри харитаи хатар суханҳои худро рост бароварданӣ мешуд. Мушовири президент оид ба амният маҷбур буд, ба нафъи ӯ изҳорот кунад.

Бино ба гузориши манбаъ, Трамп боре гуфта буд, ки ӯро дар Мичиган хеле пеш аз раёсати ҷумҳурӣ бо унвони "Шахси сол" сарфароз карданд, аммо то ҳол тасдиқи ин суханон вуҷуд надорад.

Вай инчунин эълон кард, ки раиси Ҷунбиши Миллии Скаутҳо ба ӯ занг зада паёми президентро дар бораи онҳо, "бузургтарин суханронӣ" номидааст. Дар асл, чунин набуд, қайд мекунад CNN.

Трампро аз филми "Дар хона танҳо" ҳам хориҷ карданд - навор

Рӯзноманигорон инчунин изҳороти Трампро ба ёд оварданд, ки чӣ гуна ӯ аз пардохти ҷуброн ба ҳунарпешаи порнавӣ барои хомӯшӣ дар бораи алоқаашон, изҳори бехабарӣ кард.

Дар ин рӯйхат, иттиҳомоти бофтаи президент алайҳи рақибони сиёсӣ, аз ҷумла Ҷо Байден ва инчунин изҳорот дар бораи пирӯзии эҳтимолӣ дар интихобот ва вазъи коронавирус низ ҷой дода шудааст.

464
Барчаспҳо:
шабакаи телевизиони CNN, ИМА, Доналд Трамп, дурӯғ, дурӯғ

Афзоиши фавтидагон аз COVID-19 дар Эрон

0
Вазорати беҳдошти Эрон мегӯяд, теъдоди ҷонбохтагон аз COVID-19 дар ҷумҳурӣ ба 56 ҳазору 803 нафар расид

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати беҳдошт, шабонарӯзи гузашта 86 нафар аз COVID-19 фавтида, теъдоди умумӣ ба 56 ҳазору 803 нафар расид.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон аз қавли Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон хабар додааст, ки дар 24 соати гузашта 6 ҳазору 16 бемори нави гирифтор ба корона дар Эрон шиносоӣ ва 631 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.

Бар асоси маҷмӯи беморони вируси  COVID-19 дар Эрон ба як миллиону 330 ҳазору 411 нафар расидааст, ки то кунун 1 миллиону 119 ҳазору 137 нафар аз ин беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо ҷавоб шудаанд.

Манбаъ афзуд, бемории COVID-19бар асоси омори расмии кишварҳо то кунун беш аз наваду панҷ миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз ду миллион нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

0
Барчаспҳо:
Эрон