Флаги Евросоюза и Германии в Берлине

Назарсанҷӣ: 40 % дар Олмон хостори лағви таҳримот алайҳи ФР ҳастанд

7
(Таҷдидшуда 08:54 25.12.2014)
Ба сокинони Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса суоли "таҳримҳои ИА алайҳи Русия дар танзими вазъи бӯҳронии Украина таъсири манфӣ, ё мусбат доштанд, ё ҳеч таъсире нарасонданд", пешниҳод гардида буд.

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Таҳқиқоти анҷомёфта  дар се кишвари аврупоӣ аз сӯи оҷонсии ICM Research бо дархости Sputnik нишон дод, ки 35 % —и аврупоиҳо ҷонибдори он нестанд. Ба назари онҳо, ин тасмим ба раванди соддасозии авзоъ дар Украина таъсири манфӣ дошт.

Ба сокинони Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса суоли "таҳримҳои ИА алайҳи Русия дар танзими вазъи бӯҳронии Украина таъсири манфӣ, ё мусбат доштанд, ё ҳеч таъсире нарасонданд",  пешниҳод гардида буд. Аксарияти сокинони Олмон ба ин назаранд, ки ҷорӣ кардани таҳримот алайҳи Русия аз ҷониби ИА ба танзими вазъ дар Украина таъсири манфӣ расониданд.

35 % аврупоиҳо гуфтанд, ин таҳримҳо ба бӯҳрони Украина таъсири бад доштанд. 26 % аз таҳримот ҷонибдорӣ карда, 28 дарсад иброз доштанд, ки таҳримҳои воридшуда алайҳи Русия барои ба эътидоловарии вазъи бӯҳронӣ дар Украина ҳеч таъсире надоштанд.

Хулосабарории аҳолии Аврупо дар ҳар кишвари пурсидашуда мухталиф аст. Таври мисол, аз ҳама бештар сокинони Британияи Кабир ҷонибдори таҳримҳои ИА алайҳи Русия буда, 40 % гуфтанд, тасмими ИА барои рафъи бӯҳрони Украина таъсиргузор буд.

54 % олмониҳо аз таҳримот ҷонибдорӣ накарда, эълом доштанд, ки ин тасмим ба бӯҳрони Украина таъсири манфӣ расонид.

Фаронсавиҳо низ мавқеъи гуногун доранд. Ҳудуди 37 % —и пурсидашудагон аз таҳримоти ИА алайҳи Русия ҷонибдорӣ накарда, иброз доштанд, ки ин тасмим ҳеч таъсире дар танзими вазъ надошт.

Ба суолҳои ҷомеашиносон аз оҷонсии ICM Research 3013 нафар посух гуфтанд. Интихоб аз рӯи ҷинс, сину сол, ҷуғрофия сурат гирифта, фосилаи итминон  +/- 3,1%  ва эҳтимолияти эътимод 95 %-ро ташкил медиҳад.

7
Барчаспҳо:
таҳримҳо алайҳи Русия, таҳримот, таҳримҳо, ИА, Sputnik, ICM Research, Британияи Кабир, Фаронса, Русия, Олмон